Аббоси Ҷаводӣ

Забони форсӣ, ки имрӯза дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон бо лаҳҷаҳое гуногун ба унвони забони гуфтор ва навиштор ба кор меравад, форсии «нав», муосир ё «дарӣ» номида мешавад. Форсии кунунӣ, ба унвони забоне катбӣ (китобӣ ё хаттӣ), адабӣ ё расмӣ, дорои гузаштае ҳудудан 1200-сола аст. Аммо рӯшан медонем, ки пешинаи забони форсӣ, ҳамроҳ бо гунаҳои қадимитари ин забон, ҳадди ақал бояд беш аз ду баробари он бошад. Инро аз рӯи сиккаҳо ва сангнавиштаҳои бостонии ҳахоманишӣ, портӣ ва соcонӣ медонем, ки аз давраи Ҳахоманишиён,  Ашкониён, Соcониён ва авоили ислом ба порсии бостон ва паҳлавӣ ба даст омадаанд. Навиштаҳои форсии ин осор албатта на ба хатти арабӣ, балки ба хатту алифбоҳои қадимитаре, монанди мехӣ (порсии бостон) ва паҳлавӣ, портӣ ё суғдӣ, бар асоси хатти оромӣ (порсии миёна) ҳастанд. Ин навиштаҳо барои эрониён ё афғонҳо ва тоҷикони имрӯз ғайри қобили фаҳм аст, зеро ҳам алифбову имло, ҳам калимаҳову дастури забон ва ҳам талаффузи ин забонҳо аз давраи Ҳахоманишиён то кунун тағйироти ҷиддӣ кардааст. Чунин таҳаввул ва саргузашти таърихиро метавон дар мавриди дигар забонҳои бостонӣ, монанди чинӣ, юнонӣ, ибрӣ ва арманӣ низ мушоҳида кард.

Аввалин донишманде, ки аз нигоҳи илмӣ занҷираи таҳаввули таърихии забони форсиро дар ин ду-се ҳазор сол собит кард, эроншиноси бузурги фаронсавӣ, Ҷеймз Дорместетер аст. Ӯ бо асари маъруфи худ ба номи «Мутолеоти эронӣ»[1] дар соли 1883 собит кард, ки форсии муосир идомаи форсии садаҳои миёнаи давраи Сосониён аст, ки умуман «форсии миёна» ё «паҳлавӣ» номида мешавад ва он ҳам идомаи форсии бостони давраи Куруш ва Дориюши Ҳахоманишӣ аст. Дорместетер китоби «Авесто»-ро низ ба инглисӣ ва фаронсавӣ тарҷума кард ва фарқҳои миёни ду забони бостонии эронӣ, яъне порсии бостони давраи Ҳахоманишиён ва порсии авестоиро аз нигоҳи илмӣ собит намуд.

Форсии бостон, миёна ва муосир

Бигузоред сараввал таъбирҳои умумии ин баҳсро шарҳ диҳем.

Порсиён ва модҳо дар ибтидо хатту алифбо надоштанд. Адабиёти онҳо шифоҳӣ ва мазҳабӣ-асотирӣ буд. Дар давраи Ҳахоманишиён забонҳои хешованди модҳо (модӣ) ва порсиҳо (порсӣ) ба ҳам омехта шуд. Ин забони «порсии бостон» номида мешавад, ки аз он танҳо сангнавиштаҳои давраи Ҳахоманишӣ боқӣ мондааст ва ба гурӯҳи забонҳои эронии ҷануби-ғарбӣ таъаллуқ дорад. Форсии бостон то поёни салтанати Ҳахоманишиён (330 пеш аз милод) ҳамчун забони дарбор ва мардум роиҷ буд. Дар канори порсии бостон забони дигаре ба номи «забони авестоӣ»-ро дорем, ки решааш дар шимоли шарқи Эрони Бостон, яъне Хуросон, Афғонистон, Туркманистон ва Систон аст. Хатту алифбои забони авестоӣ дар давраи Соcониён бар пояи алифбои паҳлавии оромӣ ва бо истифода аз алифбоҳои дигар эҷод шудааст. Осори мавҷуд дар ин забон ва алифбои он асосан иборат аз матнҳои динӣ аст ва дар давраи Соcониён ва авоили пайдоиши ислом навишта шудаанд. Ду забони порсии бостон ва авестоӣ маҷмӯъан «забонҳои эронии бостон» номида мешаванд.

Порсии миёна, ки аз сесад сол пеш аз милод то миёнаҳои қарни даҳум (950м.) роиҷ буд, се гуна дошт: якум: порсии миёнаи сангнавиштаҳо, дувум: паҳлавӣ ё паҳлавии китобӣ (дабираи паҳлавӣ) ва севум: форсии миёнаи матнҳои монавӣ. Ҳар се гунаи порсии миёна «забонҳо» ё ба хотири наздикии онон ба якдигар «лаҳҷаҳои» порсии миёна ҳам номида шудаанд.

Порсии миёна ҷузви забонҳои ҷануби-ғарбии эронӣ аст. Дар шимоли шарқӣ ва шимоли ғарбии Эрони бостон забон ё лаҳҷаи портӣ вуҷуд дошт, ки ба хотири истифодаи он дар давлати Ашкониён (247п.м. то 224м.) «забони ашконӣ» ҳам номида шуд ва шакли хаттии он дар сиккаҳо, сангнавиштаҳо ва матнҳои монавӣ сабт шудааст. Форсии миёнаи ҷанубу ғарби Эрон ва портии шимолу шарқи Эрон ба якдигар наздик ва барои гӯишварони ҳарду забон қобили фаҳм буданд ва дар ниҳоят дар давраи Соcониён дар якдигар омехта шуданд. Омезиши ин ду забон ё лаҳҷа, ки ба забони расмии Соcониён табдил  шуд, «паҳлавӣ» ном дорад. Решаи вожаи паҳлавӣ ба давраи портиҳо ва Ашкониён мерасад. Аммо баъд аз пирӯзии Ардашери Сосонӣ бар Ашкониён ва таъсиси давлати Соcониён дар соли 224м, ин ду забон ё лаҳҷа, ки ҳатто дар он давр ҳам ба якдигар наздик буданд, то ҳадде ба ҳам омехта шуданд, ки бо номи «паҳлавӣ» номи забони воҳиди давлати Соcонӣ шуд. Аз назари хат ва фарқиятҳои лаҳҷаӣ, ки ҳанӯз боқӣ буд, хатту лаҳҷаи паҳлавӣ дар ҷануб-ғарби Эрон «порсик» ё «паҳлавии соcонӣ» номида мешуд ва лаҳҷаи паҳлавии шимол-шарқӣ ва ғарбӣ «паҳлавик» ном дошт. Аммо мушаххасоти забонии ин гурӯҳ бо забонҳои эронии шарқӣ монанди хоразмӣ, суғдӣ ва сакоӣ, комилан фарқ дошт ва дарки мутақобил миёни гӯишварони ин ду гурӯҳ душвор буд. Вижагиҳои забонҳои эронии балхии бостон, ки аз байн рафтааст, ва осетинӣ, аз гурӯҳи сакоӣ-сормотӣ, ҳанӯз комилан равшан нашудааст.

Форсии муосир маҳсули омезиши форсии миёна (таркибе аз модӣ, порсӣ ва дертар портӣ) бо забони арабӣ ва изофа шудани унсурҳои гуногуне аз дигар забонҳо ва лаҳҷаҳои эронӣ ба он аст.

Шеваи гурӯҳбандии забонҳои муосири эронӣ ва таҳаввули таърихии онон метавонад тибқи ташхиси ҳар донишманди забоншинос ва эроншинос каме фарқ кунад, аммо ин гурӯҳбандиҳо каму беш шабеҳи ҳамдигаранд. Ба назари Гернут Виндфур, форсии муосир гурӯҳе дар дохили «забонҳои эронии ҷануби ғарбӣ» аст. Забонҳои дигаре монанди курдӣ, зозокӣ, лурӣ, тотӣ, озарии бостон, толишӣ, балучӣ, гилакӣ, мозандаронӣ, симнонӣ, яғнобӣ ва помирӣ ҳама ҷузви хонаводаи забонҳои эронӣ ҳастанд, аммо ба гурӯҳи форсии муосир шомил нестанд.[2]

Барои дарки таҳаввули забон пас аз густариши ислом дар Эрон ва баромадани форсии муосир аз даруни забони паҳлавӣ дар давраи исломӣ, наметавон яке ду нуктаи дигарро ногуфта гузошт. Аввалан, форсӣ як шоха аз хонаводаи бузургтари «забонҳои эронӣ», он ҳам шохае аз гурӯҳи бузургтари «забонҳои ҳиндуэронӣ» ва ин гурӯҳ худ шохае аз хонаводаи бузурги «забонҳои ҳиндуаврупоӣ» аст. Дар табақабандиҳои забоншинохтии илмӣ, гурӯҳи забонҳои эронӣ аз забонҳое монанди форсӣ, пашту, балучӣ, курдӣ, лурӣ, суғдӣ ё забонҳои қадимӣ ва аз байн рафтае, монанди модӣ, хоразмӣ, балхӣ, озарӣ ва ғайра иборат аст. Аммо ба гуфтаи Виндфур, аз миёни ҳамаи забонҳо ва лаҳҷаҳои кунунии эронӣ, танҳо форсӣ аст, ки аз давраи бостон то давраи миёна ва муосир, мавҷудияти доимӣ ва қобили исбот доштааст.[3] Нуктаи баъдӣ ин аст, ки умуман забонҳоро бояд аз ду зовияи  макон ва замон, яъне дар манотиқи гуногун (забони меъёр, лаҳҷаҳо ва гӯишҳо) ва давраҳои гуногуни таърихӣ (такомул, таҳаввул, омезиш ё аз байн  рафтан дар гузари замон) санҷиду баррасӣ кард. Дар айни ҳол бояд дар ин баррасӣ шаклҳои гуногуни истифодаи забон яънӣ шифоҳӣ, хаттӣ, расмӣ-идорӣ, адабӣ, илмӣ, тиҷорӣ, мазҳабӣро ҳам дар назар гирифт.

Бар пояи ин гуна ёфтаҳои илмӣ, таҳаввули таърихии забони форсӣ ба се марҳила тақсим мешавад: (якум) форсии бостон, ки худ ду гунаи порсии бостон ва авестоӣ дорад, оғозаш дақиқан маълум нест ва поёнаш тақрибан ҳамзамон бо ҳамлаҳои Искандари Мақдунӣ ва охири салтанати Ҳахоманишиён (330п.м.) аст; (дувум) форсии миёна ё «паҳлавӣ», ки тақрибан аз давраи Искандар ва Селевкиён ва Ашкониён то поёни салтанати Соcониён дар қарни ҳафтуми мелодӣ идома дошт, ва (севум) форсии муосир ё «дарӣ», ки ҳамзамон бо тасарруфи Эрон аз сӯи аъроб, қабули ислом ва нуфузи ҳамаҷонибаи забон, фарҳанг ва ҳатто хатти арабӣ дар қарни ҳафтум шурӯъ мешавад.[4]

Ин муқаддима каме тӯлонӣ шуд, аммо бидуни дар назар гирифтани ин заминаи таърихӣ, дарки чигунагии баромадани форсии муосир аз даруни форсии миёна пас аз қабули ислом ва омезиши он бо арабӣ имконпазир нест. Дар бораи ин мавзӯъ бисёр навишта шуда, ки усулан бояд моро аз такрори он бениёз менамуд. Аммо чун мавзӯъи китоби ҳозир шаш қарни нахусти ислом дар Мовароуннаҳру Хуросон аст ва аз тарафи дигар оғози пухтагию ривоҷи форсии муосир дар садаҳои нуҳум то дувоздаҳум дар Мовароуннаҳру Хуросон буда ва аз онҷо ба бақияи Эрон ва ҳатто Ҳинду Анатолӣ (Туркияи имрӯзӣ) густариш ёфта, наметавон аз зикри ишораҳое куллӣ ба ин таҳаввули муҳимми фарҳангӣ чашмпӯшӣ намуд. Бо вуҷуди ин, талош хоҳем кард таваҷҷуҳи аслии худро ба Мовароуннаҳр ва ҳамчунин ҷанбаҳои ношинохтатари ин таҳаввули таърихӣ равона кунем.

Эҳёи забони форсӣ

Қабл аз ислом, яъне дар давраи Соcониён, эрониён дар муошират ба форсии миёна ё паҳлавӣ гуфтугӯ мекарданд ва дар ҳар шаҳру вилоят аз лаҳҷаҳо ва гӯишҳои гуногуни маҳаллӣ ва минтақаии худ истифода менамуданд. Ин лаҳҷаҳо ва гӯишҳо фарқҳои зиёде бо якдигар доштанд, ки ҳатто боис мешуд, ки мардуми манотиқи дуртар дар фаҳмидани сухани дигарон дучори мушкил шаванд. Иллати аслии он ҳам ин буд, ки низоми меъёри забони хаттӣ ё китобии паҳлавӣ сомонманд набуд ва хондану навиштани он ҳам аз сӯи доираи маҳдуди одамон сурат мегирифт, ки усулан иборат аз ду қишр буданд: дабирон ва деҳқонон барои навиштани матнҳо ва номаҳои расмӣ, идорӣ ва тиҷорӣ ва рӯҳониён барои  навиштани матнҳои динӣ.

Дар китобат забони паҳлавӣ ба сурати бисёр маҳдуде ба унвони забони навиштории давлати (девони) Соcонӣ ва асноди давлатӣ, монанди сабти санади моликият, ба кор бурда мешуд. Баъдҳо, дар давраи Уммавиён, дабирон ва деҳқонон ҳудуди панҷоҳ сол барои корҳои идорӣ ва девонӣ ҳануз аз забони катбии паҳлавӣ истифода мекарданд, то ин ки хулафои Уммавӣ дар тамоми қаламрави императорӣ истифода аз танҳо забони арабиро иҷборӣ эълон карданд. Бо ин ҳама, зоҳиран ҳатто то қарни нуҳум ва даҳуми милодӣ дабирони эронӣ дар баъзе нуқот, монанди Мозандарон ва Рай, барои навиштани матнҳо ва асноди худ аз ҳарду забони паҳлавӣ ва арабӣ истифода мекарданд.[5]

То ду қарн баъд аз шикасти шоҳаншоҳии Соcонӣ ва ҳокимияти аъроб бар Эрон чизе ба форсӣ навишта нашуд. Таърихнигорони муосири эронӣ ин дусад солро «ду қарни сукут» ва истилоҳан давраи «карахтӣ» номидаанд.[6]

Баъд аз ислом, дар Эрон ду қишри мардум буданд, ки метавонистанд бихонанду бинависанд: мӯбадони зартуштӣ ва дабирон. Мӯбадон ё мусалмон шуда ё кори дигаре ёфта буданд. Бархе аз онон (махсусан дар Систон ва Хуросон) ба Ҳиндустону Чин паноҳ бурда буданд. Аксари осори хаттии паҳлавӣ, ки баъд аз зуҳури ислом навишта шуд, кори ҳамин мӯбадон ва нависандагони зартуштӣ буд, вагарна мо имрӯз аз ин осор бехабар монда будем.

Қишри дувум, яъне дабирон ва муншиҳо, ва ба таъбири нави исломии арабӣ, «котибони» девон ва дастгоҳи давлатӣ ва ҳамчунин деҳқонон, ки дар давраи Соcониён корҳои дунявии хондану навиштан бар уҳдаи онҳо буд, аксаран ба ислом гаравида буданд ва таҳти шароити ҷадиди исломӣ ба ҳамон кори худ идома медоданд. Дар ин муддат арабии эрониён ҳам, бахусус дар Хуросон ва Мовароуннаҳр рушд карда ва тақвият шуда буд. Ҳатто маъруф аст, ки эрониён ҷузви нахустин шоирони араб ва муаллифони дастури забони арабӣ буданд. Аммо дар ин мавзӯъ набояд муболиға кард, чунки худи арабҳо низ, агарчи дар ибтидо чандон суннати нависандагӣ надоштанд, аммо базудӣ дар ин заминаҳо ботаҷриба шуданд. Тавре ки Ибни Надим дар «Феҳрист»-и худ навиштааст, зоҳиран муаллифи нахустин китоб дар бораи забони форсии муосир касе ба номи Абулқосим ибни Ҷарроҳ буда, ки асолати арабӣ доштааст.[7] Ҳамчунин, дар миёни адибон ва шоирони дарбори Сомониён дар Бухоро, бисёре аз шахсиятҳо асолатан эронӣ ё араб буданд, ки ба ҳарду забони форсӣ ва арабӣ менавиштаанд.

Усулан давраи силсилаҳои Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён аз лиҳози фарҳанг ва забон, давраи омезиши арабӣ ва форсӣ буд.

Аз авоили қарни нуҳум ба баъд як ҷараёни нави адабӣ ва фарҳангӣ дар ҷиҳати эҳёи забони форсӣ шурӯъ шуд. Аммо ин эҳёи забони паҳлавӣ набуд, балки омезае аз ҷавҳари аслии форсии миёна бо арабӣ буд. Муҳити иҷтимоии забони эрониён низ тағйир ёфта буд. Дар шароити авлавияти забон ва фарҳанги арабӣ, бозгашт ба забони паҳлавӣ бидуни тағйироти асосӣ дар сохтори он амалӣ ва чорасоз набуд.

Маркази ин ҷараёни эҳёи форсӣ Мовароуннаҳр ва махсусан дарбори Сомониён дар Бухоро буд.

Форсӣ, чунонки аз номаш низ бармеояд, дар асл аз Форс, яъне аз ҷануб-ғарби Эрон, бархоста буд, бо забони модии ғарбу шимол ва портии шарқи Эрон омехта ва табдил ба «порсии миёнаи» давраи Соcониён шуда буд ва сипас дар Мовароуннаҳру Хуросон бо арабӣ омехта ва «форсии нав» шуда буд. Ин «форсии нав» батадриҷ ба ҳамаи гӯшаҳои Эрон ва ҳатто бисёре аз сарзаминҳои дигари исломӣ густариш ёфт.

Чаро аз Хуросон ва Мовароуннаҳр?

Суолеро, ки дар фаслҳои пеш дар бораи сабабҳои нақши вижаи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар шӯришҳои зидди Уммавиён ва баъд аз он матраҳ карда будем, дар инҷо ҳам метавон пурсид: Чаро Хуросон ва Мовароуннаҳр сардамдори таҳаввули забон аз паҳлавӣ ба форсии муосир шуданд, дар ҳоле ки хостгоҳи аслии забони форсӣ вилоёти ҷанубӣ ва ғарбии Эрони бостон буд? Ин суол низ монанди суоли чанд фасл пеш ҷавоби равшан ва кӯтоҳе надорад ва танҳо метавон бар пояи додаҳои мушаххас бархе эҳтимолотро тарҳ намуд.

Бешак, ҳимояти ҳамаҷонибаи амирони Сомонӣ омиле асосӣ дар эҳёи забони форсӣ буд. Аммо пуштибонии онон ва донишмандон ва адибони Мовароуннаҳр аз тарвиҷу танзими форсии муосир ба қимати чашмпӯшӣ аз фарҳангу забони арабӣ ва ё ислом набуд. Баръакс, эҳёи фарҳангӣ ва адабии Эрон дар Мовароуннаҳру Хуросон ҳувияте исломӣ дошт. Нашри китобҳои мазҳабӣ, аз ҷумла тарҷумаҳои форсии Қуръон ва осори дигари арабӣ, нишон медиҳад, ки ҷунбиши эҳёи фарҳангӣ дар муқобили ислом ё бо ҳадафи пас рондани фарҳангу забони арабӣ анҷом нагирифт. Омезиши вожагон, ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо талаффуз ва таркибҳои дастурии забони арабӣ бо форсӣ ва содатар шудани сарфу наҳви форсӣ, аз вижагиҳои аслии форсии муосир буд. Ин кор бешак бо ҳузури уламои исломии араб ва эронӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон ва ҳамчунин қабули ислом ва ривоҷи хатти арабӣ, содатар ва амалитар шуда буд. Ба унвони намуна, метавон дар канори Имом Абуҳанифа ва Имом Бухорӣ, аз Қусам ибни Аббос, писарамаки паёмбар ва аз асҳоби наздики ҳазрати Алӣ ва Саид ибни Усмон, фарзанди халифаи севум, ном бурд. Қусам дар замони Муъовия ба унвони фармондеҳи араб дар фатҳи Бухоро ва Самарқанд ширкат кард ва баъд дар Самарқанд монд ва ҳамонҷо даргузашт. Саид ибни Усмон низ яке аз фармондеҳони араб дар ҷангҳои Самарқанду Бухоро буд ва аз сӯи Муъовия ба ҳукумати Хуросон мансуб шуд.

Шоҳиди дигари чигунагии ин раванд шаклгирӣ ва рушди чашмгири шеъри форсии муосир ва аз ҷумла рубоӣ ва маснавӣ буд, ки таҳти таъсири вазн ва қофияи шеъри арабӣ қарор дошт ва ба таври моҳирона ва шевое таҷаллии ҳунари шеър дар ҳарду забон буд. Ба қавли Фрой, «намунаҳои андаке, ки аз шеъри паҳлавӣ боқӣ монда, нишондиҳандаи он аст, ки шеъри паҳлавӣ усулан бар асоси теъдоди такя (дар ҳар мисраъ,- м.) аст ва ба ҳар ҳол ба шеъри клосики форсии муосир ва ё шеъри арабӣ монанд нест, ки бар пояи  маҷмӯъи теъдод ва тӯли ҳиҷоҳо асос ёфтаанд».[8] Бисёре аз ин омилҳо дар Хуросон ва Мовароуннаҳр нисбат ба марказ ва ғарби Эрон, ҳузур ва нақши пуррангтару фаъолтаре доштанд.

Эҳтимолан ин ҳам тасодуфӣ нест, ки нахустин осори форсии муосир, монанди «Шоҳномаи Абумансурӣ», ашъори Рӯдакӣ ва Дақиқӣ ва нахустин тарҷумаҳои осори исломӣ ва таърихӣ аз арабӣ ба форсӣ, монанди тафсири форсии Қуръони карим ё тарҷумаи Таърихи Табарӣ, ғолибан ба адибон ва андешамандони Мовароуннаҳру Хуросон таъаллуқ доранд. Мадориси Хуросону Мовароуннаҳр ва шаҳрҳои Ироқ, монанди Куфа ва Басра, муҳассилин ва толибилмони гуногуне бо шумули эронӣ ва араб доштанд. Дар ин мадорис дузабонагии арабӣ-форсӣ ҳоким буд ва аслан тааҷҷубовар набуд, ки дар як мадраса муаллиме эронӣ дар як ҷаласа ба ҷамъи омехтае аз кӯдакони араб ба арабӣ ва ба кӯдакони эронӣ ба форсӣ дарс бидиҳад.[9] Ҳамчунин, ҷолиб аст, ки бидонем умуман дар миёни эрониён ва бавижа донишмандону адибон ва ҳокимони Хуросон ва Мовароуннаҳр рӯёрӯӣ ва ҷабҳабандии «эронӣ ва забони форсӣ» дар муқобили «араб ва забони арабӣ» вуҷуд надошт ва ё агар ҳам баъзеҳо чунин тафаккуре доштанд, эрониён ва аъроби саршиносе низ ёфт мешуданд, ки дар муқобили ин гуна пешдовариҳои қавмӣ истодагӣ кунанд. Ҳатто дар ҷараёни адабии «Шуъубия», ки гурӯҳе аз адибони эронитабор бархе аз аъробро ба хотири равишҳои табъизомезашон бар зидди эрониён ва «аҷамҳо» мавриди интиқод қарор медоданд, эрониёне ҳам буданд, ки аз арабҳо ҳимоят мекарданд ва баръакс, арабҳое монанди Қутайба ибни Муслим ҳозир набуданд, ки ба араб будан аҳаммияти бештаре қоил шаванд.

Ба унвони мисол, дар давраи заволи хилофати Аббосӣ, рушди давлатҳои эронӣ дар саросари хилофати исломӣ ва пасрафти тадриҷии эътибору нуфузи аъроб ва забони арабӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон (садаҳои ёздаҳум ва дувоздаҳуми мелодӣ), ки мавҷи форсинависӣ ва истифодаи вожаҳои бостонӣ ва зартуштӣ ривоҷи бештаре ёфта буд, Абурайҳони Берунӣ ва Маҳмуди Замахшарӣ (вафот 538қ./1144м.), муфассир ва забоншиноси маъруфи хоразмӣ, мухолифони забони арабиро ба боди интиқод гирифтанд. Ончи, ки Берунӣ дар китоби «Дорушиносӣ дар пизишкӣ»-яш дар мавриди осори худ, ки аксаран ба арабӣ навишта шуда, мегӯяд, ҷолиб ва равшангари мавзӯъи забони осори илмӣ дар он давра аст. Ӯ дар ин китоб тавзеҳ медиҳад, ки чаро худи ӯ, ки забони модарияш хоразмии эронӣ аст, тарҷеҳ медиҳад, ки осорашро на ба забони маҳаллии хоразмӣ ва на ба форсӣ, балки ба арабӣ бинависад. Ӯ эҳтимолан бо ишора ба давраи тилоии дониш дар замони Ҳорун ва Маъмуни Аббосӣ мехоҳад бигӯяд, ки арабӣ ба забони ҷаҳонии илм табдил шуда, дар ҳоле ки форсӣ ҳанӯз то он марҳила фосилаи бисёре дорад ва забони маҳаллӣ ва модарии ӯ, яъне эронии хоразмӣ ҳам, қобили истифода дар таълифи осори ҷиддии илмӣ нест:

«Улумро аз ҳамаи сарзаминҳои ҷаҳон ба забони арабҳо кӯчонданд, онҳо худро оростаанд, дилписанд шудаанд ва зебоиҳои забонии онҳо дар рагҳо давидааст, ҳарчанд ки ҳар миллате гӯиши худро зебо мепиндорад, ба он одат карда ва ба ҳангоми ниёз ҳамроҳи муоширон ва амсоли худ онро ба кор мебарад. Ман инро бо худ муқоиса мекунам: агар илме ба он забон [хоразмӣ}, ки мувофиқи табъи ман аст, ҷовидона шавад, чунон бегона намояд, ки шутур бар новадон ва заррофа дар оброҳа. Пас ба забонҳои арабӣ ва форсӣ пардохтам. Дар ҳар як аз онҳо тозаворидам. Онро бо душворӣ омӯхтам, аммо назди ман дашном додан ба арабӣ хуштар аз ситоиш ба забони форсӣ аст. Дурустии суханонамро касе дармеёбад, ки як китоби илмии нақлшуда ба форсиро баррасӣ кунад. Ҳамин, ки зарқу барқаш нопадид шуд, маънояш дар соя қарор мегирад, симояш тор мешавад ва истифода аз он аз байн меравад, зеро ин гӯиш фақат барои достонҳои хусравонӣ ва қиссаҳои шаб муносиб аст».[10]

Ҷолиб аст, ки мебинем дар нимаи аввали қарни ёздаҳум, яъне тақрибан дусад сол баъд аз Рӯдакӣ, донишманде монанди Берунӣ, ки забони модарияш хоразмии эронӣ буд, танҳо арабиро забони расо ва комил барои баёни мавзӯъоти илмӣ мешуморад. Воқеият ҳам ин аст, ки то қарни ёздаҳуми милодӣ аксари осоре, ки ба форсии муосир навишта шуд, иборат аз шеър ва насри таърихиву динӣ буд. Агар «Донишномаи пизишкӣ»-и Ҳаким Майсарӣ, «Донишномаи Алоӣ»-и Ибни Сино ва китоби «Аттафҳим»-и худи Беруниро, ки ҳарсе эҳтимолан байни солҳои 1000 то 1100 навишта шудаанд, ҷузви нахустин китобҳои илмии давраи исломӣ ба забони форсии муосир дар назар бигирем, баростӣ маълум мешавад, ки то қарни ёздаҳум ғановати забони форсӣ то ҳадди баёни расо ва дақиқи улуми «мусбат», монанди риёзиёт, нуҷум ва пизишкӣ нарасида буд ва то он давра аксари осори илмӣ, монанди давраи Хоразмӣ, Форобӣ ва Розӣ ба арабӣ навишта мешуд. Албатта, дар ин замина ҳимояти ҳамаҷонибаи хулафои Аббосӣ дар «давраи тилоӣ» ва имкони васеътари нашри китобҳои арабӣ нисбат ба форсиро низ наметавон аз назар дур дошт. Бо ин ҳама, наметавон инро ҳам ногуфта гузошт, ки иттифоқан Майсарӣ, Берунӣ ва Абӯъалии Сино дар навиштани нахустин китобҳои илмӣ ба форсӣ, навовариҳои бисёре дар заминаи ёфтан, тавлид ва истифодаи  вожаҳои нави форсӣ ба ҷои намунаҳои арабии онон ба амал оварданд. Имрӯза ҳарчанд бархе аз ин вожагон роиҷ шудааст, аммо дар амал ҳамаи онҳо дар забони форсӣ барои омма ҷо науфтод, монанди: буриниш ба ҷои қатъ, пазиро ба ҷои қобил, равон ба ҷои нафс, сарбасар ба ҷои мусовӣ, карда ба ҷои мафъул, куно ба ҷои фоъил, гудохта ба ҷои моеъ, ё бегусастагӣ ба ҷои лоянқатеъ.

Бигзарем аз ин ки дар садаҳои баъдӣ забони арабӣ бо тавоноиҳои худ ба унвони як забони илмӣ дар ҳамон сатҳи давраи Аббосиён боқӣ монд ва дигар пешрафт накард.Забони форсӣ ҳам ба хотири вазъи умумии Эрон ва умуман Машриқзамин, ки бар улуми нақлии динӣ ва адабӣ ва ҳамчунин фалсафа ва ирфон тамаркуз дошт, аз қофилаи дониш ва пажӯҳиш ё «улуми таҷрибавӣ» то қарни бистум ақиб монда буд.

Мавзӯъи саҳми шарқи Эрон дар пайдоиш ва густариши форсии муосирро ҷамъбандӣ кунем: наметавон чизе ба яқин гуфт, аммо шояд агар дар он давра забони паҳлавӣ бе таваҷҷуҳ ба ҳузури фарогири забон ва фарҳанги арабӣ ва исломӣ ба роҳи худ идома медод ва ғанитару содатар намешуд, имрӯз тасаввури вуҷуди забони муштарак, катбӣ ва меъёри форсии муосир бисёр мушкил мебуд.

Шояд ин ҳам дар канори гузаштаи пурбори тамаддун ва фарҳанги эронӣ далели дигаре барои зинда мондани забони порсӣ буда бошад, бар хилофи сарзаминҳои Ховари Миёна ва шимоли Африқо, ки баъд аз пирӯзиҳои аъроб забонҳои худро аз даст доданд ва забонашон арабӣ шуд. Аммо Эрон танҳо сарзамине буд, ки бо вуҷуди ҳокимияти сиёсӣ, мазҳабӣ ва фарҳангии арабӣ-исломӣ, забони миллӣ ва муштараки худ, яъне форсиро на ин ки аз даст надод, балки онро ғанитар ва шевотар кард, ба сурати забони муосир даровард, онро аз Кошғару Ҳинд то Ироқу Онотулӣ (Туркияи имрӯзӣ) дар сарзаминҳои васеътаре густариш дод.

Аз ин ҷиҳат, бар хилофи тасаввуроте, ки бештар бар эҳсосоти сиёсӣ асос ёфтаанд, омезиши забони паҳлавӣ бо арабӣ на танҳо боиси пасрафти форсӣ нашуд, балки эҳтимолан бидуни ин таҳаввул идомаи рушду тараққии форсӣ, ки ба кумаки нерӯи пешбарандаи ислом ва забони арабӣ мумкин шуда буд, муяссар намегашт. Инро басодагӣ метавон бо таъсирпазирии забонҳои кунунии англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ аз ду забони клосики лотин ва юнонӣ муқоиса намуд. Имрӯза бидуни ин таъсирпазирӣ сухан гуфтан аз ғановату дороӣ ва нуфузи бузурги забонҳои аслии аврупоӣ ба сахтӣ қобили тасаввур мебуд.

Аз ҷануб ба шарқ, аз шарқ ба ғарб

Вақте мегӯем форсии муосир дар Мовароуннаҳру Хуросон, мушаххасан дар давлати Сомониён ва пойтахти он Бухоро пухтаву расида шуд, шоху барг ёфт ва аз онҷо ба бақияи Эрон густариш пайдо кард, як нуктаро набояд фаромӯш намуд. Аслу маншаъи ин форсӣ ҷануб ва ҷанубу ғарби Эрон, яъне устони Форс, буд ва ба ҳамин ҷиҳат онро «порсӣ» (муъарраби он форсӣ) номидаанд. Форс ҳамон сарзаминест, ки ибтидо Ҳахоманишиён ва шашсад сол баъд аз онҳо Соcониён аз он бархостанд ва ин забонро, ки забони худашон буд, ба сурати бостонии он дар давраи Ҳахоманишиён ва гунаи миёна ё паҳлавии он дар давраи Ашкониён ва Соcониён, забони расмӣ ва давлатии худ сохтанд ва ба гӯшаву канори Эрон густариш доданд. Василаи сиёсии густариши ҷуғрофиёии форсии бостон ва баъдҳо миёна, императорӣ будани давлатҳои Ҳахоманишӣ ва Соcонӣ буд. Ин ҳам фақат дар як кишвари паҳновар ва дар як давлати императорӣ бо вижагиҳои муштараки фарҳангӣ ва сиёсӣ, монанди забони муштарак, мумкин буд.

Вақте аъроб дар қарни ҳафтум вориди Эрон шуданд, аз Фурот то Синд ва Омударё як давлати воҳид бо забоне то ҳадди зиёд муштарак ва таърифшуда ба номи «паҳлавӣ» вуҷуд дошт, ки юнониён бидуни тафкик (ҷудо кардан ё фарқ кардан) миёни порсии бостон ва миёна онро «порсӣ» ва аъроб «аҷамӣ» ва «фурсӣ» меномиданд.

Дар он давра худи эрониён забон ё забонҳояшонро чигуна таъриф мекарданд?

Дар «Алфеҳрист»-и Ибни Надим шарҳе омада аз сад сол баъд аз истилои араб, ба нақл аз Рӯзбеҳ пури Додуя (Додавейҳ), маъруф ба Ибни Муқаффаъ, мутафаккир, нависанда ва мутарҷими бузурги эронии қарни дувуми ҳиҷрӣ (ҳаштуми милодӣ) дар бораи забонҳои сарзаминҳои эронии императории Соcонӣ. Ӯ менависад: «Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ гӯяд: Забонҳои форсӣ иборат аз паҳлавӣ, дарӣ, форсӣ, хузӣ ва сурёнӣ аст. Паҳлавӣ мансуб аст ба Паҳла, ки номи панҷ шаҳр аст: Исфаҳон, Рай, Ҳамадон, Моҳи Ниҳованд (вилояти Ниҳованд,- м.) ва Озарбойҷон. Ва аммо дарӣ забони шаҳрнишинон буд ва дарбориён бо он сухан мегуфтанд ва мансуб ба дарбори подшоҳӣ аст ва аз миёни забонҳои аҳли Хуросон  ва Машриқ, луғати мардуми Балх дар он бештар аст. Аммо форсӣ забони мӯбадон ва уламо ва амсоли онон буд ва мардуми Форс бо он сухан мегуфтанд ва хузӣ забоне буд, ки бо он шоҳон ва амирон дар хилват ва ҳангоми бозӣ ва хушӣ бо атрофиёни худ сухан мегуфтанд ва аммо сурёнӣ он аст, ки мардумоне аз аҳли Савод (ҳаволии Ироқ) бад-он сухан ронанд».[11]

Ибни Муқаффаъ ва ровии суханони ӯ, яъне Ибни Надим дар инҷо аз ин забонҳо ё лаҳҷаҳои Эрон сухан мегӯянд: паҳлавӣ, дарӣ, худи форсӣ (забони вилояти Форс ва мӯбадон) ва хузӣ. Онҳо дар айни ҳол сурёнӣ (шакли эронии оромии нав, -м.)-ро забон ва эҳтимолан хатти умуми эрониён ба ҳисоб меоваранд.[12] Медонем, ки паҳлавӣ, яъне навъи ҷадид ва соcонии он, дарӣ ба маънои забони дарбории Соcониён, ва форсӣ ба маънои порсии миёнаи устони Форс тайи як давраи омезиш аз таъсиси давлати Соcониён ба баъд, дар китобат (бо хатти оромии паҳлавӣ, бо фарқҳои ҷузъӣ) ва ҳамчунин дар гуфтугӯ дарҳам омехта ва бисёр мушобеҳ буданд. Албатта, инро низ бояд изофа намуд, ки таъбири «паҳлавӣ» дар бисёре аз манобеъи исломӣ ва дар давраҳои гуногун маъниҳои гуногуне доштааст. Масалан, дар бархе манобеъ ин номро куллан ба маънои «форсии миёна» ва ҳатто лаҳҷаҳои гуногуни форсии миёна ба кор бурдаанд. Ба ҳар ҳол, аз поёни давраи Соcониён ба баъд таъбири «паҳлавӣ» ба маънои лаҳҷаи форсии шимолии ҳовии бисёре вожаҳои портӣ ба кор рафтааст, ки бо лаҳҷаҳои форсии ҷанубӣ дар Форс фарқ мекард. Дар ниҳоят, метавон ҳадс зад, ки манзури Ибни Муқаффаъ аз «хузӣ» бозмондаи забони бостонии «хузӣ» бо рангу луоб ва таъсири луғавӣ ва эҳтимолан овоии паҳлавӣ будааст. Тавзеҳ ин ки «хузӣ» ба ташхиси забоншиносон, эҳтимолан «лаҳҷаи дерини забони бостонии эломӣ буда, ки бо забони форсӣ ва арабӣ ҳеҷ гуна иртиботе надоштааст».[13]

Эҳтимол меравад, ки дар қарни ҳафтум, аъроб бо футӯҳоти худ ва ба кумаки эрониёни навмусалмоне, ки лашкариёни арабро ҳамроҳӣ мекарданд ва ҳамчунин эрониёне, ки қабл аз аъроб бо Мовароуннаҳр робита доштанд, ин гунаҳои забони форсиро бо худ ба Хуросон ва Мовароуннаҳр бурда бошанд. Баъдҳо, яъне ду-се қарн баъд, туркҳо (мушаххасан Ғазнавиён ва Салҷуқиён) ин бор чунин забони муназзамеро, ки бо арабӣ омехта ва ғанитар ва содатар шуда ва дар айни ҳол сайқал ёфта ва муосир шуда буд, яъне «форсии нав»-ро, ки ҳамоно забони Дақиқию Рӯдакию Носири Хусраву Байҳақию Фирдавсию Низомӣ аст, ба Ҳиндустон ва низ ғарби Эрон, Ироқ ва Онотулӣ (Туркияи кунунӣ) бурда ва онро ба сатҳи дувумин забони дунёи ислом тараққӣ додаанд.

«Форсӣ» бархоста аз Форс ва ҷанубу ғарби Эрон аст, аммо фақат ба устони Форс ё ҳатто наҷди Эрон маҳдуд намондааст. Албатта, густариши забони форсӣ сирфан натиҷаи густариши низомӣ ё сиёсии императориҳои васеъе, монанди Ҳахоманишӣ, Соcонӣ ва Салҷуқӣ набуд. Аммо бидуни давлате императорӣ ба унвони бистари густариши забони форсӣ ҳам имкони чунин таҳаввуле мушкил мебуд. Ба ҳамон дараҷа, ки густариши порсии бостон ва миёна вомдори императорӣ ва давлатдории эронии Ҳахоманишӣ ва Соcонӣ буд, футӯҳоти арабӣ ва густариши ислом низ заминасози таҳаввул, ғанитар шудан ва густариши шакли ҷадид ва муосири форсӣ, яъне форсии нав гардид.

Гузор аз паҳлавӣ ба форсии нав

Гуфтем, ки аз назари таърихӣ, марҳилаи порсии бостон то охири Ҳахоманишиён ва марҳилаи забони паҳлавӣ то охири Соcониён идома дошт ва марҳилаи форсии муосир тақрибан дусад сол пас аз ҳамлаи аъроб ва қабули ислом дар Эрон шурӯъ шуд. Аммо пайдоиш, густариш ё заволи забонҳо ё хатту алифбо монанди дастгоҳе нест, ки бо тугмае равшан ва бо тугмаи дигаре хомӯш шавад. Мароҳили сегонае, ки зикр кардем, дар давраҳои тӯлонимуддат ва ҳудудан дусад-сесадсола бо якдигар ҳампӯшӣ доштанд. Ин бад-он маъност, ки порсии бостон ҳатто пас аз заволи дудмони Ҳахоманишиён ҳам, эҳтимолан то авоили ҳазораи якуми мелодӣ байни мардум роиҷ буда ва батадриҷ бо тағйироте дар вожагон ва дастури забон ҷои худро ба порсӣ ва портии миёна ё паҳлавӣ супурдааст. Ба ҳамин тартиб, паҳлавӣ низ ҳатто пас аз тасаллути аъроб бар Эрон ҳадди ақал барои ду-се қарн дар миёни мардум равнақ дошта ва батадриҷ камранг шудааст. Дар айни ҳол, дастикам ду-се қарн тӯл кашида, то мардум дар чаҳор гӯшаи сарзаминҳои эронизабон ба хондану навиштани форсии муосир одат кунанд.

Гоҳе фаромӯш мешавад, ки дар ин маврид на танҳо вожагон ва дастури забон, балки хатту алифбои он ҳам тағйир ёфта ва аз паҳлавии оромӣ ба форсии арабӣ табдил шудааст. Табъан мавҷуд набудани саводи оммаи мардум ва коҳиши нисбии осори боқимонда аз гузашта, кори тағйиру табдили забонро осонтар кардааст.

Мавзӯъи дигаре, ки он ҳам ағлаб фаромӯш мешавад, фарқият миёни забони гуфторӣ ва навишторӣ дар раванди таҳаввули забон аст. Дар намунаи гузор аз паҳлавӣ ба форсии нав низ, дар қарнҳои нуҳум то дувоздаҳум ва баъд аз он, нахустин китобҳои форсии нав бо хатту алифбои ҷадид ва ислоҳшудаи арабӣ падид омаданд, монанди тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» ва осори шуъаро ва нависандагони маъруфу бузурге, монанди Рӯдакӣ, Байҳақӣ, бавижа Фирдавсӣ, ва дигар бузургони адаби Эрон. Ин раванд бегумон таъсири бисёре бар шаклгирӣ, муназзам шудан, ғанӣ шудан ва шевоии забони форсии нав гузошт, аммо ин таъсир асосан дар ҳадди забони катбӣ боқӣ монда буд ва ба забонҳо ва лаҳҷаҳои шифоҳӣ (даҳонӣ), ки мардум байни худ суҳбат мекарданд, асаре бамаротиб камтар доштааст.

Ба назар мерасад, ки ин таъсир эҳтимолан бар рӯи муҳассилин ва талабаҳои мадрасаҳо ва мактабхонаҳои суннатӣ бештар аз оммаи мардум буд, ки аз таҳаввулоти забони расмии сарзамини худ ба сахтӣ ва ба таври ғайри мустақим огоҳ мешуданд. Бино бар ин, метавон тасаввур намуд, ки имрӯз дар ҳолати ҳамагонӣ ва саросарӣ будани таҳсил, агар тасмиме бар тағйир ё ислоҳоте дар вожагон ё имлои забон гирифта шавад, таъсири он эҳтимолан дар яке ду насл, яъне панҷоҳ-шаст сол баъд эҳсос мешавад ва ривоҷ меёбад. Дар шароити 1200 сол пеш ва мавҷуд набудани таҳсили бонизом ва саросарӣ, эҳтимолан ин фароянд садҳо бор заъифтар ва оҳистатар будааст.

Натиҷагирии куллӣ он ки дар буъди забони катбӣ, ҷойгузинии паҳлавии катбӣ бо форсии муосири катбӣ банисбат осонтар ва сареътар анҷом ёфта, чиро ки осори баҷомонда ба забони навиштории паҳлавӣ дар давраи қабл аз ислом ночиз буд. Баъд аз ислом теъдод ва ҳаҷми осори навишторӣ ба форсии муосир ва бо хатту алифбои ислоҳшудаи арабӣ афзоиши бештаре ёфт, аммо навиштан ба форсии муосир, он ҳам бо анбӯҳе аз вожагон ва таъбирҳои арабӣ ва ба хатту алифбои арабӣ, ки муносибтарин маҳалли пайдоиш ва ривоҷи он Хуросону Мовароуннаҳр буд, муддате наздик ба ду-се қарн лозим дошт, то ба вилоёти марказӣ, ғарбӣ ва шимоли ғарбии Эрон бирасад. Аз назари забони шифоҳӣ ва маҳаллӣ, ин таҳаввул бисёр оҳистатар ва печидатар аз таҳаввули забони катбӣ буд. Ба хотири ноогоҳии омма аз хондану навиштан, бахусус дар вилоёти дуруфтода, рустоӣ ва кӯҳистонӣ, даҳҳо ва садҳо лаҳҷа ва гӯиши маҳаллӣ ба муддати тӯлонитаре, ҳатто то ҳазор сол баъд, яъне то қарни бистум ва барқарории як низоми таҳсилӣ ва омӯзишии марказӣ ва иҷборӣ, ҳамчунон ба сурати қадимӣ роиҷ буд. Намунаи боризи давоми забон ва лаҳҷаҳои шифоҳии қадимро метавон ба таври мушаххас дар маҷмӯъае бо унвони «Тотӣ ва ҳарзанӣ, ду лаҳҷа аз забони бостонии Озарбойҷон», асари марҳум Абдулъалии Коранг дид, ки дар даҳаи солҳои 1340-и хуршедӣ мунташир шуд. Дар ин китоб, вожагон ва талаффузи лаҳҷаҳои шифоҳии озарӣ ё фаҳлавӣ/паҳлавии қадими мардуми Ҳарзан ва Карингон дар Озарбойҷони Шарқӣ қабл аз он ки охирин осори ин гӯишҳои маҳаллӣ комилан аз байн биравад, сабт шудаанд.[14]

Аммо дар мавриди таҳаввули забони катбӣ аз паҳлавӣ ба форсии муосир як мисоли мушаххас ва ҷолибро метавон дар «Сафарнома»-и Носири Хусрави Қубодиёнӣ, шоир ва мутафаккири барҷастаи хуросонии қарни ёздаҳуми мелодӣ, хонд. Носири Хусрав менависад: «…Ва дар Табрез Қатрон ном шоиреро дидам. Шеър некӯ мегуфт, аммо забони форсӣ некӯ намедонист. Пеши ман омада, девони Мунҷик (Мунҷики Марвазӣ, шоири ҳазлсарои Хуросон ва ҳамдавраи Носири Хусрав, – м.) ва девони Дақиқӣ (аз шоирони давраи Сомониён, -м.) биёвард ва пеши ман бихонд ва ҳар маънӣ, ки ӯро мушкил буд, аз ман бипурсид. Бо ӯ бигуфтам ва шарҳи он бинавишт ва ашъори худ бар ман бихонд».[15]

Ин қитъа аз «Сафарнома»-и Носири Хусрав тасвири ҷолибе аз вазъи забон ва лаҳҷаҳои минтақаӣ ва маҳаллии мардуми он давраро нишон медиҳад. Баъзеҳо саъй кардаанд ин ривояти Носири Хусравро чунин таъбир кунанд, ки бино бар ин, шояд забони нахуст ва ё модарии Қатрони Табрезӣ форсӣ набудааст. Бидуни тардид, ин тафсир ва таъбир иштибоҳ ва нишондиҳандаи огоҳии ноқис аз авзоъи иҷтимоии 1200 сол пеши сарзаминҳои эронӣ аст, чаро ки аввалан худи Қатрон мегӯяд, ки асли ӯ «деҳқон» буда, ки сирфан ба табақаи ашрофи заминдор ва эронӣ дар давраи Соcониён тааллуқ дошт:

Яке деҳқон будам, шоҳо, шудам шоир зи нодонӣ,
Маро аз шоирӣ кардан ту гардондӣ ба деҳқонӣ.

Ва мегӯяд, ки ӯ «дурри шеъри дарӣ»-ро барои аввалин бор ба рӯи шоирон (эҳтимолан шоирони Табрез) гушӯдааст, иддиъое, ки эҳтимолан дуруст ҳам ҳаст:

Гар маро дар шеъргӯёни ҷаҳон рашк омадӣ,
Ман дари шеъри дарӣ бар шоирон нагшодамӣ.

Сониян, бояд давра ва муҳити Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар Марви Хуросон ва ду ҳазор километр дуртар, Қатрон дар Табрези Озарбойҷонро аз лиҳози пайдоиш ва роиҷ шудани забони форсии нав дар Хуросон дар назар гирифт. Ҳарду шоир дар қарни ёздаҳуми мелодӣ зистаанд. Ҳарду шоир порсигӯ ҳастанд, аммо маълум аст, ки Носири Хусрав дар сурудани шеър ва тасаллут бар усул, адабиёт ва забони он, яъне форсии муосир ботаҷрубатар аст ва ин табиъист, зеро форсии муосир аз Хуросон оҳиста-оҳиста ба дигар сарзаминҳои эронӣ пар гушӯдааст. Носири Хусрав дар поёни дудмони Сомониён дар Қубодиён дар наздикии Балх ба дунё омад ва таҳсилоти ҳамаҷонибае дар улуми динӣ ва дунявии замони худ касб намуд. Ӯ аз хонаводае осудаҳол ва деҳқон буд ва муддате ба кори девонӣ машғул буд, то ин ки ба гуфтаи худаш, дар асари хобе рӯҳонӣ, таҳаввуле дар дунёи афкори ӯ ба вуҷуд омад ва ҳамзамон бо сафаре тӯлонӣ ба Миср ва Макка, ки таълифи «Сафарнома»-и маъруфи ӯро дар пай дошт, таҳти таъсири Фотимиёни Миср ба мазҳаби Исмоъилия гаравид ва мубаллиғи онон гардид.

Давраи зиндагии ҳарду шоир, Носири Хусрав ва Қатрон, бо қудрат ёфтани Салҷуқиён дар Хуросон ва пирӯзии онон бар Ғазнавиён ва ҳамчунин оғози ҳуҷумҳо ва кӯчҳои қабоили турки уғуз ва хонадони салҷуқии онон аз Хуросон ба ғарби Эрон ва сипас Онотулӣ (Туркияи кунунӣ) ҳамзамон буд. Носири Хусрав муддате дар Марв дар девони Туғрулбек, бунёнгузори силсилаи Салҷуқиён ё бародари ӯ Чоғрибек, ки баъд аз фатҳи Хуросон ба ҳукумати ин сарзамин расида буд, кор кард. Муддати кӯтоҳе баъд, бо шикасти ниҳоии Ғазнавиён, ҳамалоти Салҷуқиён ба саросари Эрон ва бахусус Озарбойҷон ва Онотулӣ ва кӯчҳои бузурги қабоили турки уғуз ба сӯи Рум ва маскун шудани онон дар ин сарзаминҳо шурӯъ гардид. Дар девони Қатрон низ ба «тозиши ғузон» (ҷамъи «уғуз» ) ишора мешавад.

Дар давраи зиндагии Қатрон, дудмоне ба номи «Равводиён» ба муддате наздик ба ҳафтод сол бар Озарбойҷон ва Аррон, яъне шимоли рӯди Арас, ҳоким буд, ки дар шароити заволи хилофати Аббосӣ ташкил гардида буд. Равводиён, ки асолатан аз наводагони (насли) ҳокимону муҳоҷирини араб буданд, бахусус дар шимоли Арас батадриҷ курдзабон шуда буданд. Ин дудмон дар асари ҳуҷуми Салҷуқиён дар соли 1071м. сарнагун гардида ва Салҷуқиён ҷои онҳоро гирифтанд. Қатрон ашъори бисёре дар васфи Веҳсудон ибни Мамлон, ҳокими равводии Табрез сурудааст. Ашъори Қатрон ҳама ба форсии дарии ҷадид аст. Бадеъуззамони Фурӯзонфар дар муқаддимаи «Девони Қатрон» навиштааст, ки ӯ «нахустин сухансарои озарбойҷонӣ аст, ки ба равиши шуъарои Хуросон қасоиде некӯ ва баланд суруда ва агарчи ба гуфтаи Носири Хусрав форсӣ некӯ намедониста ва ночор аз роҳи омӯзиш равиши гӯяндагони Хуросонро ба даст оварда (…) ва ҳарчанд дар асоси интизоми маъонӣ ва абёт пайрави шуъарои машриқи Эрон аст, дар тарзи қасоид навгониҳое карда ва худро дар зумраи навпардозони олами назм овардааст».[16]

«Равиши гӯяндагони Хуросон», яъне форсии дарӣ ва муосир, тайи дусаду панҷоҳ сол баъд дар Табрез ва Ҳамадон, Шероз ва Рай роиҷу фарогир шуд ва батадриҷ ва бо заҳмати аҳли қаламу китоб ба забони муштарак ва саросарии Эрон табдил гардид. Баъд аз Қатрон, форсии нав дар Озарбойҷон бо шоираи форсисарои Озарбойҷон, Маҳсатии Ганҷавӣ ва сипас Низомию Хоқонӣ ба авҷи худ расид. Ин дуруст дар гармогармии ҳамалот ва кӯчҳои Салҷуқиён ва ақвоми уғуз буд.

Таҳаввули забон дар Мовароуннаҳр

Каме бояд ба ақаб баргардем, то таҳаввули забонҳои Мовароуннаҳрро аз пеш то баъд аз ислом ба таври мухтасар ба ёд биёварем.

Тавре ки гузашт, яке ду қарн монда ба давраи Соcониён, забони шимоли Эрон, яъне Мод (Паҳла ё Фаҳла) ва Хуросон, забони портӣ, бо вижагиҳои эронии миёна ва лаҳҷаҳои мухталифи он буд, дар ҳоле ки дар «Порс» ё Форс ва эҳтимолан Систон, Хузистон ва Луристон, порсии миёна ва лаҳҷаҳои гуногуни шифоҳии он роиҷ буд. Аз лиҳози забони катбӣ, портӣ ва порсӣ ҳарду бо хатту алифбои оромӣ ва бархе аломатҳои вижаи портӣ ва порсӣ навишта мешуд. Дар айни ҳол, раванди омезиши портӣ ва порсӣ аз ҳамон авохири давраи ҳукумати Ашкониён оғоз шуда буд. Дар давраи Ашкониён ва расмияти забони портӣ, вожагони бисёре аз портӣ вориди порсии миёнаи Форс гардид. Дар давраи Соcониён ин омезиш афзоиш ёфт ва ба сурати забони паҳлавӣ ё порсӣ (ба истилоҳ «порсии соcонӣ») ба муддати беш аз чаҳор қарн аз Хуросон ва Мод то Форс ва Хузистону Систон забони расмии императорӣ гардид, агарчи лаҳҷаҳои маҳаллӣ ҳанӯз боқӣ буданд. Дар навиштор аз хатту алифбои оромӣ ҳамроҳ бо бархе ҳуруфи махсус барои инъикоси овоҳои махсуси паҳлавӣ (портӣ ё порсӣ) ва ҳамчунин вожаҳои «ҳузвориш»[17] истифода мешуд, ки зоҳири паҳлавӣ доштанд ва бо алифбои оромӣ навишта, аммо таври дигаре хонда мешуданд.

Дар Балх ё Боктриёи бостон, юнонӣ ба унвони забони боқимонда аз давраи Искандар ва Селевкиён, камокон забони катбӣ ба шумор мерафт, аммо дар муоширати мардум лаҳҷаҳои мухталифи эронӣ ривоҷ ёфта буд.

Дар Осиёи Марказӣ забонҳои маҳаллӣ ҳамчунон роиҷ буд, дар ҳоле ки паҳлавӣ ё «форсии соcонӣ» батадриҷ тавассути бозаргонон ва дабирон, нуфузи рӯзафзуне дар ин минтақа пайдо карда буд. Ба дунболи фатҳи Балх тавассути Соcониён дар соли 558 м., форсӣ забони расмии сарзаминҳои миёни Балх, ҷануби кӯҳҳои Ҳисор ва Омударё гардида буд. Дар сарзаминҳои шимоли кӯҳҳои Ҳисор ва Хоразм, тиҷорати бозаргонон бо туркон дар даштҳои шимол ва Чин боиси нуфузи забони суғдӣ ва форсӣ ва алифбову хатти ин ду забон дар манотиқи мазкур шуда буд.

Ричорд Фрой бар он аст, ки ба ҷои ном бурдан аз танҳо як забон ба унвони забони «расмии» як давлат ё минтақа дар як давраи муайян, беҳтар аст забонҳои мухталифи мавриди истифода дар шаклҳои гуногун ва дар манотиқи мухталифро баррасӣ намуда ва баршумурд. Ӯ сутӯҳи мухталифи корбурди забонро чунин шуморабандӣ карда буд: 1) забони расмии катбӣ, 2) забони расмии шифоҳӣ, 3) забони мазҳабӣ, 4) лаҳҷаҳо, ва 5) забони тиҷорат.

Тибқи баррасии Фрой, пеш аз футӯҳоти араб, вазъи забон дар сутӯҳи мухталиф дар Осиёи Марказӣ чунин буд:[18]


Бухоро ва Самарқанд: 1. суғдӣ, 2. суғдӣ, 3. авестоӣ дар назди зартуштиён ва сурёнӣ дар назди масеҳиён ва портӣ дар назди монавиён.
Балх: 1. форсӣ, 2. форсӣ, 3. авестоӣ дар назди зартуштиён ва санскрит ё прокрит дар назди буддоиён, 4. лаҳҷаҳои балхӣ, ва 5. форсӣ.
Хоразм: 1. хоразмӣ, 2. хоразмӣ, 3. авестоӣ дар назди зартуштиён ва сурёнӣ дар назди масеҳиён, 4. лаҳҷаҳои хоразмӣ, ва 5. хоразмӣ ва суғдӣ.

Шаҳри Тайсафун дар наздикии Бағдоди кунунӣ, ки пойтахти Ашкониён буд, дар давраи Соcониён низ ба унвони пойтахти Соcонӣ боқӣ монд ва бо ин тартиб шимоли Эрон, яъне Моду Хуросон ва забони он, дар муқоиса бо Форс дорои аҳаммияти бештаре дар дарбор ва девони Соcониён гашт. Ҳамин форсии махлут бо аносири портӣ буд, ки забони расмии Соcониён шуд ва ба он унвони «форсии дарӣ» яъне форсии даргоҳ ё дарбор дода шуд, то байни ин забон ва «форсии» миёнаи вилояти Форс фарқе бошад.

Дар авоили ҳокимияти аъроб дар Эрон, дабирони девон ва мӯбадони зартуштӣ барои муддати беш аз ним қарн асноди расмӣ ва мутуни худро монанди гузашта ба хатти паҳлавӣ менавиштанд, аммо дар давраи хилофати Абдулмалики Уммавӣ забони арабӣ ҷойгузини паҳлавӣ ба унвони забони расмии катбӣ гардид, агарчи дабирони Хуросон муддати дигаре низ дар танзими аснод ба корбурди паҳлавӣ идома медоданд.

Тадриҷан  арабӣ дар Эрон ҳамчун забони адабӣ ва расмии катбӣ роиҷ шуд ва истифода аз забони паҳлавӣ ба зартуштиён маҳдуд шуд, аммо забони шифоҳии аслии эрониён лаҳҷаи форсии дарии соcонӣ буд. Ин ҳамон забоне буд, ки арабҳо ба воситаи он бо эрониёне, ки арабӣ намедонистанд, сухан мегуфтанд.

Ҳангоме ки арабҳо аз Омударё гузашта, вориди Осиёи Марказӣ шуданд, забони аксари лашкариёни ислом форсии дарӣ буд, на арабӣ, зеро бисёре аз сарбозон на араб, балки маволӣ, яъне ғуломони ғайри араби («аҷам») аъроб буданд, ки ба ислом гаравида буданд.[19] Аммо забони расмии катбӣ арабӣ буд. То тақрибан ду қарн баъд аз он, асаре ба форсӣ ва табъан лаҳҷаҳо ва забонҳои маҳаллии эронӣ навишта нашуд. Истифода аз забонҳои балхӣ, суғдӣ ва хоразмӣ басуръат коҳиш ёфт. Барои муддате тӯлонӣ дониши забони арабӣ маҳдуд ба аъроби Эрон ва маволии онон буд.

Мардуми одӣ дар Эрон ва Мовароуннаҳр арабӣ намедонистанд. Ин дуруст шабеҳи вазъи забон дар Аврупои авоили қуруни вусто буд, ки сокинони шимоли кӯҳҳои Алп, забони калисои Аврупои ҷанубӣ, яъне лотинро намедонистанд ва наметавонистанд ба ин забон бихонанду бинависанд. Баъд аз қарни севуми ҳиҷрӣ, яъне ҳудудан аз солҳои 800-и мелодӣ ба баъд буд, ки давлатдории исломӣ аз ҳолати маҳдуд будан ба аъроб ва забони арабӣ берун омада, дучори таҳаввул шуд. Ба назари нигоранда, ин таҳаввул се далели аслӣ дошт: (якум) таблиғоти васеъи доъиёни мазоҳиб ва тариқатҳои мухталифи исломӣ дар миёни мардуми одӣ, (дувум) нақши эрониён дар шаклгирӣ ва давлатдории хулафои Аббосӣ то қарни ёздаҳум, ва (севум) нақши «аҷамҳо», яъне дар дараҷаи аввал эрониён, ба унвони табақаи пурнуфузе аз донишмандон ва нухбагони илмӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ.[20]

Бо ин тартиб, ҳамзамон бо густариши ислом дар байни мардум ва афзоиши эътибори эрониён ва форсизабонон забони форсии муосир дар Мовароуннаҳр низ густариш ёфт. Дар чунин шароите тамоюли аксари нухбагони эронӣ ба қабули алифбо ва хатти арабӣ ва омезиши форсӣ бо забони арабӣ чизи шигифтоваре набуд. Ин раванд дар шарқи Эрон, яъне дар Хуросон ва Мовароуннаҳр, рух дод ва на дар ҷануб ва вилояти Форс, ки ҳанӯз боварҳои зартуштӣ ва забону хатти паҳлавӣ дар он нуфузи қобили таваҷҷуҳе дошт. Ин дар ҳоле буд, ки дар шарқ ва махсусан дар Мовароуннаҳр, ислом то ҳадде дертар, аммо бо суръати бештаре густариш ёфт ва нухбагони эронӣ басуръат хондану навиштан ба арабиро дар сатҳи болое омӯхтанд ва ҳатто ба таълифи осори арзишманду муҳимми илмӣ ва мазҳабӣ оғоз намуданд. Фарҳанги исломӣ илова бар ин ки ибтидо дар Хуросону Мовароуннаҳр уствор шуд, форсии муосири дарӣ низ, ки ду вижагии муҳимми он иборат аз хатти арабӣ ва омезиш бо вожагони арабӣ буд, ба ҷои ғарб, дар шарқ шакл гирифта ва сипас роиҷ шуд ва ба дигар манотиқи Эрон густариш ёфт.

Ҳатто дар ҷараёни заволи хилофати Аббосӣ низ арабӣ забони расмӣ ва катбии Сомониён ва дигар ҳукуматҳои тобеъи хилофат буд. Бо ин ҳама, шоирон ва нависандагон ва мутарҷимин шурӯъ ба навиштани осори форсӣ намуданд. То авохири дудмони Сомониён забони шифоҳии форсӣ дар шаҳрҳои муҳимми Мовароуннаҳр ҷойгузини забонҳо ва лаҳҷаҳои маҳаллӣ шуда буд. Дар ин давра аст, ки шоҳиди шукуфоии адабиёти форсии муосир ва дарӣ бо чеҳраҳое назири Рӯдакӣ, Дақиқӣ ва албатта Фирдавсӣ мешавем.

Баъд аз Сомониён, дар даври ҳукумати туркони Қарохонӣ дар Мовороунаҳр, форсӣ ба унвони забони расмӣ ва катбии давлат боқӣ монд ва форсии шифоҳӣ ба ривоҷи худ дар шаҳрҳои бузург идома дод. Аммо дар рустоҳо туркӣ батадриҷ ҷойи забонҳои эрониро мегирифт, зеро қабоили туркзабон дар даштҳои Мовороунаҳр сокин ва якҷонишин мешуданд. Дар ин давр туркии қарохонӣ ё қорлуқӣ, ки баъдҳо ба шаклгирии забонҳои чағатоӣ ва узбакӣ таъсир гузошт, ба хусус дар Қошғар ва Болосағун равнақ ёфт ва бархе осори туркӣ, монанди Қутодгубилик -“Роҳнамои саодат”  ба туркӣ ва бо алифбои арабӣ таълиф шуд. Аммо дар тамоми ин давр, то замони Темуриён, нуфузи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ дар Мовороунаҳр фарогир буд.

 Адабиёти мактуби туркӣ ба маънои воқеъии он батадриҷ дар қарнҳои XIII-XIV -и мелодӣ оғоз шуд. Ба назари Голден, “Густариши туркзабон шудани мардуми бумии суғдизабон ё форсии дарӣ- тоҷикизабон, эҳтимолан дар даври Қарохониён ва Салҷуқиён шурӯъ шудааст. Ин таҳаввул бештар дар шаҳрҳо ҷараён доштааст, ки марокизи дастгоҳи ҳукуматӣ ва низомии туркҳо буданд.

Ҳамзамон дар рустоҳо бо афзоиши кӯчҳои қабоили турк ва якҷонишин шудани онон, раванди туркзабон шудани мардум батадриҷ шиддат ёфтааст. Дар Хоразм як қарн пеш аз футуҳоти муғул ва ба дараҷаи бештаре дар даври ҳокимияти чингизӣ, нуфузи забони туркӣ ба чашм мехурад. Пас аз даври муғул мароҳили тӯлонии дузабонагӣ дар шуморе аз вилоёт ва ба хусус шаҳрҳо дида мешавад, ки ҳанӯз ҳам идома дорад.”

Дар тӯли чанд қарни баъд аксарияти мардуми туркзабон ва эронизабони Мовороунаҳр, яъне Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистони кунунӣ,  бо якдигар даромехта ва забони бахши муҳиме аз онон дар Узбакистон ва Туркманистони кунунӣ батадриҷ туркӣ шуд, дар ҳоле ки забони мардуми ғолибан кӯҳистонӣ, яъне Тоҷикистони кунунӣ, форсӣ боқӣ монд, ки имрӯз форсии тоҷикӣ низ хонда мешавад.

Таҳаввули забонҳои муосири туркӣ

Пайгирии мароҳили таҳаввули таърихии забонҳои муосири туркӣ бисёр мушкил ва печида аст. Иллати аслии ин печидагӣ кӯчҳои доимӣ буданд, ки қабоили турк дастикам аз қарни шашум ба баъд ба муддати ҳудуди ҳазор сол ба сӯи ғарб ва ҷануби сарзаминҳои аслии зисти худ доштаанд. Аз ин рӯ, то қарни шонздаҳум ҳар лаҳҷаи «забони оми» туркӣ таъсироти мушаххасе аз дигар лаҳҷа ва забонҳои ҳамсоя гирифтааст. Ҷолиб аст, ки бо вуҷуди сипарӣ шудани тақрибан ҳазор сол, бисёре аз вижагиҳои вожашиносӣ ва сарфу наҳви ин лаҳҷаҳои гуногуни туркӣ ҳанӯз шабеҳи якдигар ҳастанд. Ҳатто миёни вижагиҳои сохтории забони туркии бостони шарқӣ, ки 1500 сол пеш дар сангнавиштаҳои Урхун ба кор рафта ва туркии Туркияи кунунӣ шабоҳатҳои шигифтангезе вуҷуд дорад.[21]

Аммо ба хотири зиндагии асосан чодарнишинии аксари туркҳо то тақрибан ҳазор сол пеш ва ҳамчунин кӯчҳои тӯлонии онон, дар таҳаввул ва тадвини забонҳои меъёр ва миллии кунунии туркӣ, монанди ӯзбакӣ, туркманӣ, тоторӣ, туркии Туркия, туркии озарӣ ва ғайра таъхир эҷод шудааст. Эҳтимолан ба ҳамин далел шабоҳат миёни масалан туркии Туркия ва ӯзбакӣ ё туркмании муосир хеле бештар аз шабоҳат миёни форсии муосир ва суғдӣ, пашту ё курдӣ аст. «Қудрат ва низоми тадриҷии забонҳо ё лаҳҷаҳои туркӣ аз қарни сездаҳум, яъне туркзабон шудани густардаи Туркистон ва Тотористон ба баъд оғоз шуд, ки дар натиҷа аз забонҳои қаблии эронии ин сарзаминҳо танҳо тоҷикии муосир боқӣ монд».[22]

Забонҳои аслии туркии (туркик) муосир, ки дар кишварҳои кунунии Узбакистон ва Туркманистон ба кор бурда мешаванд, иборат аз ӯзбакӣ ва туркманӣ аст. Аммо назар ба ин ки таҳаввули ин забонҳо ба давраи баъд аз қарни сездаҳуми мелодӣ марбут мешавад, аз баҳси ин мавзӯъ дар ин китоб парҳез мекунем.


[1] James Darmesteter (1883): Études Iraniennes, Paris

[2] Windfuhr, G.: Dialectology and Topics, in Windfuhr, G.: The Iranian Languages, Routledge (UK) 2009, pp. 5-42

[3] Ҳамон ҷо

[4] Schmitt, Rüdiger (2000): Die iranischen Sprachen, Wiesbaden, S. 1-7

[5] Frye: Golden Age of Persia, pp. 179-180

[6] Н. Абдурҳусейни Зарринкӯб. Ду қарни сукут, Теҳрон 1326; ва Шоҳрухи Мискӯб. Миллият ва забон, Порис 1368, саҳ.15

[7] Frye: Ibid., p. 171

[8] Frye: Ibid, p. 172

[9] Frye, Ibid, p. 69

[10] Берунӣ, Аc-сайдана фит-тиб (Дорушиносӣ дар пизишкӣ), Теҳрон 1383, с 168-169

[11] Ибни Надим, Муҳаммад ибни Исҳоқ: «Феҳрист», тарҷумаи Ризо Таҷаддуд, Теҳрон 1346, с 22

[12] Калимаи роиҷ дар арабӣ дар мутуни клосик ва муосир барои «забон» вожаи «луға» ё «луғат» аст, ки бидуни тамоюзи чандоне барои забон ё лаҳҷа итлоқ мешудааст.

[13] Ишпулер: Таърихи Эрон, ҷ. 1 ,с. 439-440

[14] Абдулمалии Коранг: Тотӣ ва ҳарзанӣ, ду лаҳҷа аз забони бостони Озарбойҷон, Табрез 1333 х.

[15] Сафарномаи Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Теҳрон 1335 х, с 6.

[16] Девони Қатрони Табрезӣ, Теҳрон 1362 х., с. се ва чаҳори Муқаддима

[17] Ҳузвориш ё узвориш таъбире паҳлавӣ аст, ки аз масдари «узворидан» меояд ва ба маънии шарҳ, баён ва тавзеҳ аст. Ҳузвориш иборат аз идеограмма ё аломат ва нишонае буда, ба сурати як калимаи паҳлавӣ бо алифбои оромӣ, ки ҳангоми хондан ба ҷои он як калимаи эронӣ менишонданд. Дар давраи ривоҷи портӣ ва порсии миёна ва баъдҳо дар паҳлавии давраи Соcонӣ ва ҳамчунин забонҳои Осиёи Марказӣ ва Балх низ ҳузворишҳои гуногуне ба кор бурда мешуд.

[18] Нигоранда лозим медонад таваҷҷуҳи хонандагонро ба баррасии махсусе аз сӯи Ричорд Фрой бо унвони «Таърихи забони форсӣ дар Машриқзамин (Осиёи Марказӣ)» ҷалб намояд, ки то ҷое ки медонем, мутаассифона ҳанӯз чоп нашуда ва танҳо дар торнамои шахсии вай дарҷ гаштааст. Манбаъи аслии ин қисмат аз китоби ҳозир баррасии номбурдаи Ричорд Фрой ва ҳамчунин «Таърихи забони форсӣ», асари Парвизи Нотил-Хонларӣ аст.

[19] Frye: Ibid.

[20] Н. Баҳси марбут ба Ибни Халдун дар фасли «Хуросони сарнавиштсоз»-и ин китоб.

[21] Lars Johanson, The History of Turkic, in Johanson and Csato: The Turkic Languages, 1998, pp. 81-82

[22] Ibid

(Az kitobi “Reg-i Omu” ki ba zudi chop meshavad).