Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме!
Реги Омую дуруштиҳои ӯ
Зери поям парниён ояд ҳаме!

–Абуабдуллоҳ Рудаки

1. Пеш аз ислом

1500 сол пеш, муддате монда ба пайдоиши ислом ва сипас густариши он ба Ховари Миёна, Эрон ва Мовароуннаҳр, мардуме, ки миёни Омӯдарё ва Сирдарё мезистанд, давлате муташаккил ва воҳид надоштанд.

Аз Хоразм то Бухоро, аз Самарқанд то Чоч (Тошканд) ва Панҷакенту Балх, ҳар шаҳре барои худаш подшоҳе бумӣ ва дарборе кӯчак дошт ва ҳар подшоҳе дар шаҳрҳои кӯчактари давру бар шоҳзодаҳо ва ҳокимони тобеи худро соҳиб буд. Онҳо бо ҳамдигар робитаи наздик доштанд, аммо ҳамзамон рақиб ва гоҳ душмани якдигар низ буданд.

Забони аксари мардум суғдӣ, хоразмии бостон ва дигар забонҳо ва лаҳҷаҳои эронии шарқӣ буд, ки дар тарафи Балху Помир ва Афғонистони кунунӣ роиҷ буд. Бархе низ туркзабон буданд.

Реги Омӯ , Бахши 1

Тавзеҳ ин ки манзур аз “забонҳои эронии шарқӣ” форсии Эрони кунунӣ нест. Имрӯза форсӣ танҳо яке аз даҳҳо забон ва лаҳҷаи хонаводаи забонҳои эронӣ, аммо бузургтарини онон ва танҳо забони эронӣ аст, ки аз даврони бостон то кунун дар таҳаввуле таърихӣ давом пайдо кардааст. Забонҳои эронӣ ба чандин гурӯҳ ва зергурӯҳ тақсим мешаванд. Забонҳои таърихӣ ва кунунии “эронии шарқӣ” иборатанд аз портӣ, суғдӣ, хоразмӣ, помирӣ, пашту ва ишкошимӣ (Виндфур, 14).

Аксари мардуми Мовароуннаҳр на мусалмон, балки пайрави ойини Зардушт буданд. Бахше аз онон буддоӣ буд. Баъзеҳо ҳам масеҳии настурӣ, яҳудӣ ва ё пайрави ойинҳои Маздак ва Монӣ буданд.

Туркҳои Мовароуннаҳр аксар монанди ҳамқавмони худ дар даштҳои Авруосиё (Аврупо-Осиё) пайрави ойини шаман ва ё шаманбоварӣ (тенгрӣ) буданд. Бахши кӯчактаре аз онҳо пайрави боварҳои дигаре монанди ойини Буддо ва ғайра шуда буд.

Қарнҳо буд, ки дар муносиботи қабилаҳои саҳрогард бо эрониён ва чиниҳо тиҷорат, рафтуомад, издивоҷ, мубодилоти фарҳангӣ ва забонӣ, кӯчу муҳоҷират ва дастандозиҳо ва таҳоҷуми марзӣ чизи ҳудудан одӣ буд.

Ҳанӯз аз арабҳо ва ислом хабаре набуд. Ҳанӯз кӯч ва сукунати аслии қабилаҳои турк ба Мовароуннаҳр, Хуросон, Озарбойҷон ва мобақии Эрон ва Анатолия шурӯъ нашуда буд.

Замина

Ончи ки дар ин навишта дар бораи таърихи Мовароуннаҳр гуфта хоҳад шуд, асосан марбут ба 300 соли нахусти ислом ва аҳволи ин сарзамин ва мардуми он аст.

Аз ислом то кунун таҳаввулоти ҳатто бештаре дар ин сарзаминҳо, мардуми он, зиндагии иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва фарҳангии онон рух дода, то ҷое ки аз диди имрӯз, авзои ҳатто ҳамон давраи оғозини ислом низ барои аксарияти мо монанди афсона ва ё хобу хаёл аст.

Бешак лозим нест ҳама муаррих ва таърихнавис ва ё забоншинос бошанд. Аммо табиист, ки наметавон бидуни донише пояӣ ва ҳадди ақал аз гузашта, вазъи имрӯзро ба дурустӣ дарк кард.

Сарзамин

“Мовароуннаҳр” номест арабӣ, ба маънои “он сӯи рӯдхона”. Номи форсии Мовароуннаҳр “Фарорӯд” аст. Ба забонҳои аврупоӣ ва таҳти таъсири лотин ва юнонӣ ба ин сарзамин “Трансуксияна” ва ё “Трансоксания” мегӯянд, яъне он сӯи рӯди “Оксус” (Oxus – Вахш), ки номи аврупоии Омӯдарёст. Номи Омӯдарё ба арабӣ “Ҷайҳун” аст. Номи рӯдхонаи шимолитару шарқитари ин минтақа Сирдарё ба арабӣ “Сайҳун” аст.

Вақте “он сӯи рӯдхона” мегӯем, ҳатман аз ҷониби ғарби Омӯдарё, яъне аз зовияи Эрон ба ин сарзамин нигоҳ мекунем. Табиатан юнониён, румиён ва дертар арабҳо ҳам, ки аз ғарб ва аз тариқи Эрон ба Мовароуннаҳр омаданд ва бо он ошно шуданд, аз зовияи ғарб, аз нигоҳи Эрон, ба ин сарзамин нигариста, онро Мовароуннаҳр номидаанд.

Имрӯза дар миёни ду рӯди Омӯдарё ва Сирдарё кишварҳои Узбекистон, Тоҷикистон ва бахши кӯчаке аз Қирғизистон ва Туркманистон қарор доранд. Аммо дар амал вақте “Мовароуннаҳр” гуфта мешавад, ончи ки дар Эрон ва дунёи ғарбӣ ва исломӣ мефаҳманд, маҳдуд ба ин кишварҳо нест, балки ба ҷуз Узбекистон ва Тоҷикистон сарзаминҳои он сӯи Сирдарё монанди Қазоқистон, Қирғизистон, минтақаи Кошғари Чин ва ҷануби Русия низ дар назар гирифта мешавад. Дар амал ҳамаи ин сарзаминҳо шомили таъбири Мовароуннаҳр мешаванд.

Бартолд
Василий В. Бартольд

Дар тӯли ин суҳбат хонанда, шунаванда ва ё тамошогари видеои мо беҳтар аст ду чизро ҳамеша дар назар бигирад: якум, нақшаи ҷуғрофиёии ин минтақа ва дувум, силсиламаротиб ва ё солшумори таърихиро, то ин ки дар дарки таҳаввулот шахсҳо, маҳалҳо ва ё замонҳоро дар зеҳни худ пасу пеш накунем ва мавзӯъро роҳаттар бифаҳмем.

Мовароуннаҳрро метавон ба чаҳор ноҳия тақсим кард: Балх дар ҷануб, сарзамини Суғд шомили ду шаҳри бузурги Самарқанд ва Бухоро дар марказ, Хоразм дар шимол-ғарб ва Тошканд (Чоч ва ё Шоши қадим) дар шимол-шарқи Узбекистони кунунӣ ва дар марзи даштҳои Авруосиё, ҳамонҷо ки пас аз он сарзаминҳои қабоили турк шурӯъ мешудааст.

Балхи қадим каму беш бо сарзаминҳои бостонии Бохтар (Бактрияи давраи Искандар ва Селевкиён) ва ҳамчунин сарзамини Кушониён ва Ҳаптолиён ҳампӯшӣ дорад. Равобити ин минтақа дар ҷануби кӯҳҳои Ҳиндукуш бештар бо Ҳинду Эрон ва дар шимоли кӯҳҳои Ҳиндукуш бо Суғд ва даштҳои он сӯи Сирдарё будааст. Балх (аз ҷумла Балхи қадим, Ҳирот ва Бомиёни Афғонистон) дар гузашта маркази пайравони ойини Будоӣ ва ҷойгоҳи ёдгориҳои таърихии онҳо низ будааст. Ба назари Фрай, миёни фарҳанг ва забони балхӣ ва ё Боктриёии бостон ва Суғд шабоҳати бисёре будааст (Фрай, 2015, 47).

Шояд муҳимтарин ва ё муассиртарин ноҳияи Мовароуннаҳр Суғд буда (Фрай, ҳамонҷо, 279), ки шаҳрҳои аслии он Самарқанду Бухоро, марказҳои тиҷорат ва фарҳанги ин минтақа ба шумор мерафтааст.

Сарчашмаи аслии осоишу пешрафти мардуми Суғд аз тиҷорат дар “Роҳи абрешим”, бахусус тиҷорат бо Чин ва Эрон ва хариду фурӯш бо дигар сарзаминҳои ҷаҳон будааст.

Дар Хоразм то авоили ислом як тамаддуни бостонии Эрони шарқӣ ҳоким буд. Дар онҷо Хоразмшоҳони Офриғӣ ҳукм меронданд. Забони мардум, яъне хоразмии бостон, яке аз шохаҳои эронии шарқӣ буд. Ин мавзӯъро аз “Осор-ал-боқия”, асари муаррихи хоразмӣ Абурайҳони Берунӣ дарк мекунем, ки як ҳазор сол пеш навишта шудааст. Равобити тиҷории мардуми Хоразм асосан бо мардуми ҷануби Русияи кунунӣ ва ҳавзаи рӯди Волга ва умуман қабоили турк дар даштҳои авруосиёӣ буд.

Таърихи дуртар

Агар катибаи Бесутуни Дориюш, подшоҳи Ҳахоманиширо, асос бигирем, Суғд, Хоразм, Балх, Порт, Искудро (сарзамини сакоҳо) ва Қандҳоро пеш аз милод ва дар давраи Ҳахоманишиён ҷузви сарзаминҳои императории Ҳахоманишӣ буд. Албатта, дараҷа ва ҷузъиёти ин вобастагӣ ба давлати Ҳахоманиширо намедонем.

Ричард Фрай
Ричард Фрай

Ҳатто 600-700 сол баъд Шопури Якуми Сосонӣ дар сангнавиштаи “Каъбаи Зардушт” бахшҳои ҷудогонаи Мовароуннаҳр, монанди Кӯшоншаҳр, Суғд ва “Чочистон” (Тошканди кунунӣ?) ва «Тӯрон»-ро ҷузви сарзаминҳои Эроншаҳр мешуморад. Фрай мегӯяд «ин сарзаминҳо таҳти назорати Сосониён набуданд, балки аз сӯи подшоҳони маҳаллӣ идора мешуданд ва бархе аз онон, ки дар Афғонистони кунунӣ ҷо гирифтаанд, шояд хароҷпардози подшоҳони Сосонӣ будаанд» (Фрай, ҳамонҷо, 279). Ба назари Бартолд, «пас аз фурӯпошии императории Кӯшонҳо (чаҳорсад сол пеш аз ислом, – М.) ҳеч ҳоким ва ноибуссалтанаи подшоҳии бегона бар Мовароуннаҳр ҳукмронӣ накарда ва бо вуҷуди бархе иттилоот, эҳтимол надорад, ки ҳокими дастнишондаи Сосониён усулан бар ин минтақа ҳукм ронда бошад (Бартолд, 183).

Албатта, набояд фаромӯш кард, ки марзҳо ва ҳокимияти сиёсӣ дар манотиқи марзии давлатҳои гузашта ағлаб мавзӯе пурфарозу нишеб ва тағйирёбанда будааст.

Ба ҳар ҳол, дуруст аст, ки пас аз Ҳахоманишиён ва ба таври мушаххас аз замони Сосониён ба баъд эҳтимолан ба хотири вижагиҳои ҷуғрофиёӣ ва фарҳангии худ ва ҳамчунин ривоҷи тиҷорати роҳи абрешим ба Чин, Мовароуннаҳр бо вуҷуди риштаҳои муштараки фарҳангӣ ва забонӣ бо худи Эрон ҳеч гоҳ таҳти ҳокимияти давлатҳои марказии Эрон набуда, балки минтақае бо «давлатшаҳр»-ҳои нимамустақил ва осуда, монанди Бухорову Самарқанд, буда, ки ҳар кадом шоҳ ва ҳукмрони худро дошт. Ҳокимони ин давлатшаҳрҳо, бино ба ривоёти чинӣ, дар асл бо ҳамдигар хешу табор буданд. Онҳо “иттиҳодияи” нопойдореро ташкил медоданд, аммо тобеъ, хароҷпардоз ва ё “гумоштаи” як ҳоким ва подшоҳи бузург набуданд.

Аз шикасти Ҳахоманишиён то зуҳури лашкариёни араб дар Мовароуннаҳр чаҳор таҳаввули мушаххас сарнавишти баъдии ин сарзамин (ва Афғонистон ва ҳатто Покистони кунунӣ)-ро рақам задааст. Якум, таъсис ва ҳукумати гурӯҳе аз лашкариёни Искандари Мақдунӣ дар Балх, мавсум ба «Боктриё» (ҳамон Бохтари форсии муъосир ва ё Тахористон) аст. Дар ин давра (то яксад сол пас аз мелод) забони мардум асосан лаҳҷаҳои эронии шарқӣ, аммо фарҳангу забони мактуб юнонӣ буд. Таҳаввули дувум ба дунболи заволи подшоҳии юнонии Боктриё дар қарни дувуми пас аз милод буд, ки ҷои онро подшоҳони Кӯшон (100-250 милодӣ) бо марказияти Балх гирифтанд. Дар ин давра шоҳиди рушди тиҷорат ва бавижа тиҷорати абрешим бо Чини ҳамсоя ва густариши ойини Буддо дар минтақа ҳастем. Марҳилаи севум шомили ҳокимияти қабоили Ҳаптолиён (440-670 мелодӣ) аст, ки худ омезае аз қабоили кӯчидан аз даштҳои шимол ва мардуми маҳаллӣ буданд. Дар ҳар ду давраи Кӯшониён ва Ҳаптолиён ин давлатҳо сарзамини васеъе аз Осиёи Миёна то Ҳиндустонро таҳти ҳокимияти худ доштанд.Қабилаҳои турк пас аз фурӯпошии давлати Сосониён ва зуҳури ислом ҳарчи бештар ба Мовароуннаҳр, Хуросон, бақияи Эрон ва Ховари Миёна кӯч карданд. Бахши дигаре аз онҳо ҳам аз Осиёи Миёна ба сӯи ғарб, яъне Аврупои шарқӣ, муҳоҷират кард.

Таҳаввули чаҳорум тасаллути арабҳо ва ислом ва ба таври тақрибан ҳамзамон нуфуз, кӯч ва сукунати қабилаҳои турк аз даштҳои шимоли Авруосиё ба Мовароуннаҳр ва сипас Эрон ва Ховари Миёна ва ҳатто ҳокимияти онон дар сартосари ин минтақа аст.

Ақвом, адён ва забонҳои пеш аз ислом

Имрӯза метавонем авзои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Мовароуннаҳрро муддати кӯтоҳе пеш аз ҳамлаи арабҳо чунин пеши чашми худ таҷассум намоем: аз Гургон, Нишобур, Марв ва Балх (дар наздикии Мазори Шарифи кунунӣ дар Афғонистон) ҳар чи рӯ ба сӯи шимолу шарқ мерафтем, назорати давлати Сосонӣ заъифтар ва таркиби қавмӣ ва забонии мардум омехтатар мешуд.

Аксари мардуми ин минтақа ба лаҳҷае аз се зершохаи забонҳои эронии шарқӣ сухан мегуфтанд: Якум: хоразмии бостон дар шимолу ғарби Мовароуннаҳр миёни марзи Туркманистон ва Узбакистони кунунӣ, дувум: суғдӣ (дар Самарқанд, Бухоро, Чоч ва ё Тошканди кунунӣ ва чандин ноҳияи дигар) ва севум: забони бохтарӣ ва дигар забонҳои эронии Тахористон (Гулден, 1992 а, 189). Аммо ба хотири равобити наздик бо эрониён ва давлати Сосонӣ форсии миёна ва ё «паҳлавӣ» низ дар Мовароуннаҳр ҷо афтода буд.

Забони ба истилоҳ «расмӣ» ва ё давлатӣ, яъне забони мукотибот миёни подшоҳиҳои маҳаллии минтақа, давлатҳои марказӣ ва иёлатҳо ва вилоятҳо ибтидо портӣ ва дертар форсии миёна, дар Балх ҳам то муддатҳо юнонӣ буд, чаро ки бархе аз нерӯҳои Искандар пас аз шикасти Ҳахоманишиён барои ҳифзи марзҳо аз дастандозии қабоили шимолӣ дар ин минтақа ҷойгир шуда буданд (Фрай, 2018).

Пеш аз ислом, теъдоди камтар, аммо афзояндае аз мардуми Мовароуннаҳр ҳам туркизабон буданд. Аксари туркҳо на дар миёни ду рӯд, балки дар он сӯи Сирдарё ба сурати қабилаҳои кӯчнишин дар даштҳои паҳновар миёни марзҳои шимоли ғарбии Чин то шимоли дарёи Хазар, миёни ду императории васеъи Чин ва Эрони Сосонӣ мезистанд. Бахши кӯчаке аз ин қабоил дар навоҳии марзии Эрон, монанди Хоразм ва Суғд (Бухорову Самарқанд) ва ё минтақаи Кошғари Чин якҷонишин шуда буданд.

Қабоили турк пас аз фурӯпошии давлати Сосониён ва зуҳури ислом ҳарчи бештар ба Мовароуннаҳр, Хуросон, бақияи Эрон ва Ховари Миёна кӯч карданд. Бахши дигаре аз онҳо ҳам аз Осиёи Миёна ба сӯи ғарб, яъне Аврупои шарқӣ, муҳоҷират кард.

Забони туркии онҳо агарчи вижагиҳои маҳаллӣ ва қабилаии худро дошт, аммо ҳанӯз монанди имрӯз сурати воҳид ва миллӣ надошт, ки номҳое монанди узбакӣ ва туркманӣ ва ё қазоқу қирғиз ва уйғур ба худ бигирад, бахусус ки ҳанӯз туркҳо дар ҳоли кӯч буданд ва забонашон вобаста ба кӯчҳо ва омезиш бо қавмҳои дигар дар ватанҳои навёфта тағйир меёфт. Хоразм, Самарқанд ва Бухоро ҳанӯз туркзабон нашуда буд. Ҳатто Туркияи кунунӣ ҳанӯз аксаран масеҳимазҳаб ва юнонизабон буд (Гулден, ҳамонҷо, 210-212).

Ба гуфтаи Бартолд, аксари мардуми бумии Мовароуннаҳр ва бавижа табақаи ҳоким ва ашроф, монанди бақияи Эрон, зардуштӣ буд. Дар инҷо низ монанди худи Эрон табақоти ҳоким ва ашрофи заминдор «деҳқон» номида мешуданд, аммо бар хилофи худи Эрон, дар Мовароуннаҳр гурӯҳбандии табақотии чандоне набуд (Бартолд, 180). Табақаи «деҳқон» қишри густардатаре аз мардум ва аз ҷумла заминдорони маҳаллиро дар бар мегирифт ва ҳокимият, монанди мобақии Эрон, намоди иттиҳоди подшоҳе муқтадир ва рӯҳонияти бонуфуз маҳсуб намешуд.

Ба назари Фрай, тиҷорат бо сарзаминҳои дигар, мардуми зардуштии Суғдро нисбат ба ҳамаи динҳо таҳаммулпазир карда буд. Ойинҳои Зардушт, Будо, Маздак, Монӣ ва Масеҳият барои суғдиён чизе ошно буд. Бартолд менависад, ки дар Мовароуннаҳр таомули мазҳабии бамаротиб бештаре аз худи Эрон мавҷуд буд. Ашхосе, ки дар Эрони зардуштӣ мавриди пайгарди мазҳабӣ қарор мегирифтанд, дар Мовароуннаҳр паноҳ меёфтанд ва ин таомули мазҳабӣ зоҳиран дар мавриди будоиён ва масеҳиёни настурӣ низ мавҷуд буд (Бартолд, ҳамонҷо, 180).

Таърихнигорони араб, эронӣ ва ҳамчунин муаррихини ғарбӣ ҳангоми шарҳи авзои Мовароуннаҳр дар давраи кӯтоҳи пеш аз ислом ва авоили ислом аз чаҳор нерӯи иҷтимоӣ ва сиёсӣ сухан мегӯянд: якум, эронизабонони бумӣ, яъне хоразмиён, суғдиён ва балхиён, ки аксарияти мардуми Мовароуннаҳрро ташкил медоданд; дувум, эрониён, яъне эрониёни худи Эрони Сосонӣ, ки бо мардуми бумии Мовароуннаҳр муштаракоти бисёри забонӣ ва фарҳангӣ доштанд ва сипас ҳамчун навмусалмонон ҳамроҳ бо арабҳо ба Мовароуннаҳр омаданд; севум, туркҳо, ки бахше аз онон дигар дар Мовароуннаҳр маскун шуда, аммо бахши бузургтарашон дар даштҳои шимол зиндагӣ мекарданд ва аз онҷо ба Мовароуннаҳр ҳуҷум менамуданд; ва чаҳорум, арабҳо ва лашкари исломии онон, ки аз Хуросон ба Мовароуннаҳр ҳамла мекарданд.

Бахши 2-ум

2. Арабҳо дар Мовароуннаҳр

Арабҳо ибтидо Эронро тасарруф карданд ва дертар аз роҳи Хуросон ба он сӯи Омударё, яъне Узбекистон ва Тоҷикистони кунунӣ ва ҳамчунин Хоразм ҳамлавар шуданд.

Онҳо даҳ сол пас аз набарди Наҳованд (642-и мелодӣ) ва пирӯзӣ бар Эрон, ба Омударё расида буданд. Маркази Хуросон, Марв, дар соли 651 суқут карда буд, аммо то тасхири он сӯи Омударё, яъне Мовароуннаҳр, дастикам панҷоҳ сол ва то тасхири бахше аз даштҳои АвруОсиё, яъне Қазоқистон ва Қирғизистони кунунӣ, дар соли 751 ҳудудан сад соли дигар монда буд. Имрӯз ин сарзаминҳо ҳошияи ислом дар АвруОсиё маҳсуб мешаванд.

Тасхири императории паҳновару қудратманди Сосонӣ барои арабҳо беш аз даҳ сол тӯл накашид. Аммо тақрибан панҷоҳ сол тӯл кашид, то арабҳо назорати нисбатан комили худро бар Мовароуннаҳр барқарор кунанд.

Аз ду ҷониби ҷануб ва шимол, Омударё ва Сирдарё ва дар миёни он ду рӯдхона, рӯди Зарафшон ва дигар рӯдҳои кӯчактар, Мовароуннаҳрро барои кишоварзӣ пурбаракат намуда ва тиҷорат, бавижа тиҷорати абрешим миёни Чин ва Эрон, мардуми онро тоҷир, осуда ва ҳушёр бор оварда буд.

Мовароуннаҳр агарчи бамаротиб кӯчактар аз Эрон буд, аз бисёр ҷиҳат аз Эрони Сосонӣ фарқ мекард. Ҷангҷӯён ва фармондеҳони араб муддатҳо дар Марв ҷойгир буданд ва танҳо барои ғорат, ғанимати ҷангӣ ва гирифтани боҷ аз Омударё гузашта, ба Мовароуннаҳр ҳамла мекарданд ва сипас ба Хуросон бозмегаштанд.

Дар ибтидо “ин нахустин футуҳот чизе бештар аз ҳуҷумҳои ғоратгарона дар сатҳе густарда набудааст…” (Гиб, 15). Ин “ибтидо”, ки асосан бо ғорати Мовароуннаҳр ва гирифтани боҷу ғанимат ва асир аз мардуми ин сарзамин гузашт, наздик ба чиҳил-панҷоҳ сол тӯл кашид. Дар ин муддат ҳузури низомии арабҳо дар Хуросон асосан маҳдуд ба подгоне дар Марви Хуросон буд, аммо ҳокимон, яъне фармондорони халифа, ҳар сол лашкариёне барои ҳуҷум ва ғорати навоҳии шарқии Эрон ба ин минтақа мефиристоданд (Кенедӣ, 236-237).

Шояд як далели муҳим дар таърихи фатҳи Мовароуннаҳр дар он буд, ки ҳатто пеш аз омадани арабҳо Мовароуннаҳр на худ соҳиби давлати воҳиду қудратманде буд ва на тобеи Эрон ва ё давлати бузургу муҳими дигаре буд. Мардуми бумӣ аксаран эронизабон ва эронитабор буданд, аммо тобеи давлати Эрон набуданд. Ашроф ва фармондорони шаҳрҳои гуногуни ин сарзамин, ки тибқи бархе ривоятҳо ҳатто хешу табори ҳамдигар буданд, ағлаб мустақилона ва ҳатто дар рақобат бо ҳамдигар амал мекарданд. Мовароуннаҳр давлате марказӣ ва қудратманд надошт ва табиатан артише ҳам дар миён набуд, ки аз кулли Мовароуннаҳр ҳамчун давлате якпорча дифоъ кунад.

Аммо бавижа ҳузури ҷангҷӯёни тирандоз, бебок ва бераҳми турк, ки аксари онҳо аз сарзаминҳои шимол ба Мовароуннаҳр ҳамла мекарданд ва ҳамчун дастаҳои мухталиф ва ҷудогона дар ноҳияҳои гуногун амал менамуданд, аз фарқҳои муҳим миёни Эрон ва Мовароуннаҳр буд. Ашроф ва шахсиятҳои бонуфузи бумӣ ва эронитабор низ ағлаб ҳангоме ки дар тангнои ҳамлаҳои арабҳо қарор мегирифтанд, ҷангҷӯёни туркро ба дифоъ аз шаҳрҳо ва мавзеъҳои худ даъват менамуданд. Табиист, ки ин иқдомоти нигаҳбонӣ ва ҷангҷӯии туркҳо низ беподош набуд. Туркҳо батадриҷ аз фурсат истифода карда, нуфуз ва қудрати худро дар минтақа мустаҳкам мекарданд.

Босвурс менависад, ки бо дар назар гирифтани “парокандагии сиёсии ҳокимият дар Мовароуннаҳр ва вуҷуди давлатшаҳрҳо ва шоҳзоданишинҳои кӯчак дар ин минтақа ва дар давраи пеш аз силсилаи Сомониён, бароҳатӣ метавон тасаввур намуд, ки бисёре аз ин ҷангҷӯёни ҳирфаии турк ағлаб сарбозони муздуре буданд, ки аз даштҳо омада, дар хидмати фармондорон ва ашрофи маҳаллии Суғд қарор гирифта буданд.” (Босвурс 2, 215).

Табиатан чанд омиле дар миёни худи арабҳои ҳамлавар ҳам мавҷуд буд, ки пешрафти онҳоро ба он сӯи Омударё кундтар мекард. Дурии Мовароуннаҳр аз сарзамини аслии онҳо, ба истилоҳ “сер шудан” ва хастагии қабоили араб, ки барои ҳамла ба чаҳор сӯи императории навпои исломӣ фиристода мешуданд ва ё довталаби ин кор мегаштанд, кашокаш ва ҳатто гоҳ ҷанг миёни ин қабоили муҳоҷим, ва ҳам

чунин коҳиши шонси ғаниматҳои ҷангӣ низ эҳтимолан нақши қобили таваҷҷуҳе дар таҳаввулоти Хуросон ва Мовароуннаҳр доштаанд. Бартолд менависад: “…Шакке нест, ки ангезаи аслии фотеҳин (-и араб) орзуи ба даст овардани ғанимат ва шуҳрат буда ва дин барои онон ҳамон қадр камаҳамият буда, ки барои мудофеини (бумии) ин сарзаминҳо” (Бартолд, 183). Дар тавзеҳе дигар, Бартолд оҳистагии фатҳи Мовароуннаҳрро ба ду омил марбут мешуморад: «…Аввалан, худро арабҳо барои муддате тӯлонӣ бо ғаниматҳои ҷангӣ ва гирифтани боҷу хироҷ (аз куффор, -м) розӣ буданд ва ба ҳамин ҷиҳат барномаи фатҳи комили ин сарзаминро ҳам надоштанд ва сониян, мавонеи табиии ин сарзамин монеъ аз суръати фатҳи он мешуд» (Бартолд, 182). Аксари таърихнигорон назари мушобеҳе доранд.

Барои нахустин бор, сардори араб Рабеъ ибни Зиёд ал-Ҳорисӣ, ки ҳам дар давраи хулафои рошидин ва ҳам Уммавиён дар футуҳоти арабҳо ширкат карда буд, пас фатҳи пуркуштори Систон дар замони хилофати Умар ҳокими Хуросон гардид ва ба ҳамлаҳои зоҳиран барномарезишудатаре барои таҳкими қудрати арабӣ-исломӣ дар Хуросон ва густариши он ба Мовароуннаҳр шурӯъ намуд. Ӯ аз ҷумла чанд нуқтаи муҳими ин сӯи Омударё ва ба ривояте ҳатто Хоразмро тасхир кард ва бо ин тартиб дастикам муваққатан қодир ба таҳкими нисбии ҳокимияти арабҳо бар минтақа гардид.

Рабеи Ҳорисӣ ба таври ҳамзамон сиёсати муназзамтаре барои афзоиши теъдоди арабҳо дар Хуросонро дар пеш гирифт ва аз ҷумла ба манзури назорати беҳтари Хуросон, «панҷоҳ ҳазор ҷангҷӯи арабро ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон аз Басра ва Куфа оварда, дар Хуросон ҷобаҷо намуд. Ин кӯч мутобиқ бо равиши маъмули вақт миёни арабҳо анҷом гирифт ва ин идда дар панҷ шаҳре, ки подгонҳои низомии арабҳо дар онҷо мустақар шуда буд, искон ёфтанд. Ин иқдом ҳадафе дугона дошт: тазмини футуҳоти бадастомада ва таъмини нерӯи инсонӣ барои густариши бештари футуҳот» (Гиб, 17).

Ба назари Кенедӣ, «баъид нест, ки теъдоди арабҳое, ки ба Марв ва дигар шаҳрҳои кӯчаки Хуросони он давра кӯч карданд, бештар аз теъдоди арабҳое буда бошад, ки ба кулли Эрон омада буданд. Онҳо ташнаи сарват ва оканда аз ҳирсу ҳавас буданд. Ҳастаи аслии лашкариёни исломро ҳам, ки қарор буд ба Мовароуннаҳр ҳамлавар шаванд, ҳамин арабҳо ташкил медоданд» (Кенедӣ, 237)

Муқовимати подшоҳони маҳаллии кӯчак ва бузург, фармондорон ва шахсиятҳои эронитабори Мовароуннаҳр ва ҳамалоти қабоили турк чандин сол арабҳоро аз тасаллути комил бар ин минтақа маҳрум намуд, то ин ки сиёсатҳои халифаҳои араб, бавижа баъдҳо бо рӯи кор омадани Аббосиён ба ҷои Уммавиён нармтару фарогиртар шуд ва аз ҷумла пас аз кашокашҳои бисёр навмусалмонон батадриҷ аз пардохти «ҷизя» ва хироҷи изофӣ ва хатари асир гирифта шудан, ки пайваста ғайри мусалмонон ва ҳатто навмусалмононро таҳдид менамуд, озод шуданд.

Ҷангҳои дохилӣ миёни қабоили араб, шӯришҳои зидди хилофати Уммавиён ва худсариҳои бархе ҳокимини араб дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дар авоили солҳои 700-и милодӣ дар сартосари императории араб мушоҳида мешуд. Ин ҳам ба яке аз далелҳои аслии пешрафти кунди лашкариёни уммавӣ дар Мовароуннаҳр табдил шуда буд. Дар ин шароити муносиб барои сарпечӣ аз ҳокимони араб, маликони маҳаллии Мовароуннаҳр, монанди Тархуни Самарқанд ва ҳокимони бумии шаҳрҳои дигар, монанди Бухоро ва Хоразм, мутақилтару бепарвотар аз гузашта гаштанд ва ҳатто ба умеди кумак ва мудохилаи Чин дар муқобили дастандозии уммавиён, сафироне ба Пекин фиристоданд. Аммо агарчи Чин зоҳиран барои худ ҳаққи ҳокимияте бар Осиёи Миёна қоил буд, ин кӯшишҳои подшоҳони маҳаллии Мовароуннаҳр натиҷае надоданд.

Бахши 3-ум

Қутайба, “қоидалислом

Бо эъзоми Қутайба ибни Муслим ал-Боҳонӣ ба унвони ҳоким ва ё вилоятдори нави «Хуросон ва Машриқ», он ҳолати рукуд дар густариши ҳокимияти исломӣ-арабӣ муваққатан дигаргун гашт. Қутайба даҳ сол, миёни солҳои 705 то 715-и милодӣ бар ин манотиқи шарқии хилофат ҳукм ронд. Дар ин муддат ҳокимияти арабӣ дар бахши бузурге аз Мовароуннаҳр мустақар шуд. Аммо ин густариши ҳокимият бо таблиғоти динӣ ба даст наёмад, балки бо хунрезӣ ва бераҳмии бемонанде ҳосил шуд, ки мардуми ин сарзамин аз ҳеч ҳокими араби дигаре ба худ надида буд.ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Қутайба Пайканд, шаҳри тоҷирони Суғд, дар наздикии Бухоро (Узбекистони кунунӣ) ва худи Бухороро дар солҳои 706-709-и милодӣ тасарруф намуда, онро ғорат кард ва мардумашро асир гирифт. Ӯ дар ҷараёни тасхири Пайканд тамоми муҳофизон ва мудофеони шаҳрро ба қатл расонид ва наздик ба ҳамаи зану кӯдаконро асир гирифт. Ӯ Самарқандро чаҳор сол дар муҳосира нигаҳ дошт ва вақте вориди шаҳр шуд, сию нуҳ ҳазор нафарро асир гирифт (Старр, 110). Яке аз фармондеҳони Қутайба ҳамаи сарбозони як маҳаллаи мағлубро ба салиб кашид ва фармондеҳи дигараш ҳамаи ҷангҷӯёни тарафи мағлубро лухту урён карда, ба марг раҳо намуд (Фрай, 95). Яке аз вилоятдорони араб дар Хуросон вазъи куллии он солҳо ва рафтори лашкариёни арабро чунин хулоса намуд, ки «танҳо бо шамшеру шаллоқ» метавон бар ин сарзамин ҳукумат кард (Бартолд ба нақл аз Табарӣ, 188).

Таърихнигорони араб фатҳи Пайкандро на ҳамчун як фоҷеи инсонӣ, балки ба унвони манбаи ғорат ва касби сарват ба сабт расонидаанд. Як асири пайкандӣ кӯшиш кард бо пардохти панҷ ҳазор порчаи абрешими чинӣ ба қимати як миллион дирҳам озодии худро бозхарид кунад. Арабҳо дар як ибодатгоҳи буддоӣ муҷассамае нуқраӣ ба вазни чаҳор ҳазор дирҳам ва ғаниматҳои дигаре аз қабили ду марворид ёфтанд, ки ҳар кадом «ба андозаи тухми кабӯтар» буд. Қутайба марворидҳоро ба унвони туҳфа ба раиси худ Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф, волии Ҳиҷоз ва Ироқ, фиристод. Бахши бузурге аз ғанимати нуқра низ об карда шуда, ба сурати сикка даромад, то ҳамчун подош миёни ҷангҷӯёни араб тақсим шавад (Кенедӣ ба нақл аз Табарӣ, 159). Баъд аз ин таҳоҷум Пайканд дигар ҳаргиз ба худ наёмад.

Қутайба дар роҳи густариши хилофати уммавӣ, ҳам аз бераҳмӣ кор гирифт ва ҳам аз душманӣ ва кашокаш миёни подшоҳони маҳаллӣ зиракона ба суди худ истифода кард, то ҷое ки масалан дар соли 705-и милодӣ фармонраво ва ё «чағонхудойи» як ноҳияи Чағониён (Сурхондарё ва Тирмиз дар Узбекистон ва Тоҷикистону Афғонистони кунунӣ) аз чағонхудойи дигаре ба Қутайба шикоят мебурд ва Қутайба ихтилофи ду фармонравои маҳаллиро дар ниҳоят ба нафъи худ ҳал менамуд. Дар намунае дигар, Қутайба дар соли 712-и милодӣ барои ҳимоят аз Хоразмшоҳ дар муқобили бародараш «Хуразод» ва «деҳқонҳо», яъне ашрофи рустоӣ ва эронитабори маҳал ба Хоразм ҳамла кард ва онро вайрон намуд. Дар ҳамон сол Қутайба ба Самарқанд ҳуҷум бурд ва дар ин ҳамла бухороиён ва хоразмиён ба вай кумак намуданд, то ҷое ки «ихшед» (подшоҳ)-и Суғд ба номи Ғӯрак ба Қутайба эътироз карда, гуфт, ки ин фармондеҳи араб «танҳо бо кумаки бародарон ва ҳамқавмони мовароуннаҳрии ӯ ба душман аст, ки дар ҳоли касби пирӯзӣ аст» (Бартолд, 185).

Дар охирҳои соли 712-и мелодӣ, ки Қутайба ҳокими Хуросон ва Мовароуннаҳр буд, гурӯҳе аз қабоили турки «тургеш» бо даъвати мардуми бумӣ ва суғдии Самарқанд ин шаҳрро ишғол карданд, то монеи вуруди арабҳо ба ин муҳимтарин шаҳри Мовароуннаҳр шаванд (худи мардуми бумии Самарқанд нерӯи низомӣ надоштанд). Аммо дар соли 713-и мелодӣ Қутайба туркҳоро маҷбур ба тарки Самарқанд намуд. Туркҳо ҳатто натавонистанд аз пешравии арабҳо ба Чоч (Шош ва ё Тошканди кунунӣ) ва Фарғона (миёни Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистони кунунӣ) пешгирӣ кунанд.

Бо вуҷуди пирӯзиҳои бузурги Қутайба, ки ҳамчун «қоидулислом» ва «фотеҳи Мовароуннаҳр» маъруф шуда буд ва бо вуҷуди ғаниматҳои фаровоне, ки ӯ аз фатҳу ғорати ин сарзамини сарватманд насиби арабҳо намуд ва ба Димишқ фиристод, худи Қутайба натавонист баҳраи чандоне аз ин кушоишҳо ва ғаниматҳо бибарад.

Дар соли 715-и мелодӣ Қутайба кӯшиш намуд, то шӯрише бар зидди халифаи уммавӣ, Сулаймон, барпо кунад, аммо ҳамаи атрофиёнаш шӯрида, ӯро ба қатл расониданд. Қабри Қутайба имрӯза дар наздикии шаҳри Андиҷон дар вилояти Фарғонаи Узбекистон қарор дорад.

Беш аз панҷоҳ сол аз тасарруфи Хуросон ба дасти арабҳо мегузашт, аммо онҳо ҳанӯз натавониста буданд Мовароуннаҳрро тасхир кунанд. Урдугоҳҳои низомии онҳо пайваста зери хатари ҳамлаи туркони тирандоз қарор дошт. Ҳар гоҳ арабҳо аз қароргоҳи худ ба сӯи Хуросон ақибнишинӣ мекарданд, мардум ва шоҳони бумию маҳаллии Мовароуннаҳр аз итоати онҳо ва пардохти боҷу хироҷ сарпечӣ менамуданд. Аксари онҳо ҳанӯз пайрави дину мазҳаби худ, яъне ойинҳои Зардушт ё Будо буданд. Туркҳо ҳанӯз шомонбовар буданд ва бо вуҷуди ҳамлаҳои пайдарпайи арабҳо танҳо теъдоди каме аз мардум ҳозир шуда буд дини нави исломро бипазирад ва бо ақабнишинии арабҳо ба дини аслии худ барнагардад.

Дар ин шароит оё мардуми бумии Мовароуннаҳр метавонистанд чашминтизори ёрии туркҳои мусаллаҳ шаванд?

3. Тасхири ниҳоии Мовароуннахр

Гуфтем, ки мардуми бумии Мовароуннаҳр, ки эронитабор буданд, артиш ва давлати воҳиде надоштанд, балки ҳар ноҳия ва шаҳр подшоҳ ва «худот»-и худро соҳиб буд. Аз ин ҷиҳат онҳо ночор буданд, ки барои дифоъ аз худ ба суроғи қабилаҳои турки даштҳои шимоли Авруосиё ва ё ҳатто давлати Чин бираванд.

Муддати кӯтоҳе пеш аз ба сари кор омадани ҳоким ва сардори араб, Қутайба ибни Муслим, гурӯҳе аз туркони ғарбии даштҳои Авруосиё туркони шарқиро низ тобеи худ карда, давлати туркии бузурге ба номи «Тургеш» таъсис намуда буданд. «Тургеш» дар оғоз номи қабилае туркизабон дар Муғулистон буд, ки баъд ба сӯи ғарб кӯч карданд ва то марзҳои Мовароуннаҳр ва Узбекистони кунунӣ расиданд. Дар натиҷаи ин ҷобаҷоии қавмӣ, туркҳои оғуз низ, ки пештар дар ғарби кӯҳҳои Олтой мезистанд, ба сӯи дарёи Хазар кӯч карда, дар миёни Арал ва Хазар, дар минтақаи Хоразм, ҷое миёни Узбекистон ва Туркманистони кунунӣ, маскан ихтиёр карданд.

Дар ин давраи ошӯб ва нооромӣ Му-чуҳ, хоқони давлати «Тургеш», дар соли 716-и мелодӣ даргузашт ва туркҳои ғарбӣ боз аз туркҳои шарқӣ, ки зери нуфузи чиниҳо буданд, ҷудо шуданд. Бародари Му-чуҳ ба номи «Сулу» хоқони ҷадиди давлати Тургеш шуд, ки «Балосоқун» (дар Қирғизистони кунунӣ)-ро пойтахти худ намуд.

Хоқоноти Тургеш то солҳои 737-738-и мелодӣ побарҷо буд. Сулу, ки дар раъси ин давлат тақрибан бар тамоми бахши ғарбии Авруосиё ҳукмронӣ мекард, дуруст монанди арабҳо, ки Мовароуннаҳрро «Ҳадиқат-ал-Амир-ал-Муъминин» (боғи халифаи ислом) меномиданд, (Бартолд ба нақл аз Табарӣ, 187) наметавонист аз сарват ва неъматҳои ин минтақа бидуни ҷанг ва муқовимат чашмпӯшӣ намояд.

Мовароуннаҳр ҳам барои арабҳо ва ҳам барои туркҳо аҳамият дошт. Аммо пас аз марги Қутайба ҳокимияти арабӣ дар Мовароуннаҳр дубора ба ҳоли заъф, пасрафт ва беназмӣ афтод. Дар амал танҳо Самарқанд монда буд, ки хироҷпардози ҳокимони араб буд.

Дар боқимондаи давлати Уммавиён низ ошӯбҳо, задухӯрд миёни қабилаҳои мухталифи араб, шӯриш ва сарпечӣ аз ҳукуматдорон ва ҳамчунин ташаннуҷ миёни арабу аҷам ва ё ғайриарабҳо, ки асосан эрониён буданд, идома дошт. Ин ташаннуҷи арабу аҷам ҳам асосан ба он ҷиҳат буд, ки ҳукуматдорони араб ғайриарабро, ҳатто агар ба ислом гаравида бошанд, баробар бо худ намешумурданд. Масалан, намехостанд бароҳатӣ бипазиранд, ки аз мусалмонон, ҳатто агар навдин ҳам бошанд, набояд ҷизя ва ё молиёти изофӣ гирифт, ки аз «кофирон» ва ғайримусалмон гирифта мешуд.

Дар ин давра шоҳон ва шоҳзодагони бумӣ, аз ҷумла «Туғшода», шоҳи Бухоро ва Ғурак, подшоҳи Самарқанд ва Афшин, шоҳи Устурушана (Истаравшан дар Тоҷикистони кунунӣ) ва чандин шоҳзодаи бумии дигар боз ба сурати бенатиҷае кӯшиш карданд, ки бо фиристодани сафирон ба Пекин чиниҳоро ба мудохила бар зидди арабҳо ташвиқ намоянд.

Амалиёти бузурги зиддиарабӣ

Дар ин миён хоқони давлати Тургеш, Сулу, дар муқобили арабҳо пайваста аз подшоҳони маҳаллӣ ва бумии Мовароуннаҳр ва деҳқонон, яъне ашрофи заминдор ва шӯришгари эронитабор дифоъ намуд ва дар айни ҳол мавзеъҳои худро таҳким кард, то ҷое ки мардуми бумии Мовароуннаҳр ба хотири латмаҳое, ки Сулу ба арабҳо ворид оварда буд, ба ӯ лақаби «Абумузоҳим» дода буданд (Бартолд, ҳамон ҷо).

«Туркҳо ва арабҳо душмани ҳам буданд ва бо якдигар сари оштӣ надоштанд, чаро ки ҳарду мехостанд ҳокими ин сарзамини сарватманд шаванд, дар ҳоле ки подшоҳони маҳаллӣ, ки маъруфтаринашон Ғураки Самарқанд буд, миёни ин ду нерӯ дармонда буданд ва мехостанд дар ин миён истиқлол ва фарҳанги худро ҳифз кунанд» (Кенедӣ, 177).

Асноди беназире, ки дар соли 1933, яъне ҳудуди сад сол пеш аз кӯҳи «Муғ» дар наздикии Панҷакенти Тоҷикистони кунунӣ аз сӯи як чӯпон ёфт ва тавассути донишмандони Шӯравии он замон рамзкушоӣ шуд, иттилооти моро дар бораи ин давраи Мовароуннаҳр дақиқтар мекунад.

Кӯҳи Муғ қалъа ва паноҳгоҳи охирин шоҳи мустақили Суғд дар Панҷакент ба номи «Деваштич» буд. Ин навиштаҳо, ки ба забони суғдӣ ва хатти оромии суғдӣ таҳрир шудаанд, иборат аз мукотибаҳои сиёсӣ ва санадҳои идорӣ ва ҳуқуқӣ, монанди асноди қарз ва моликият, ҳастанд.

Яке аз номаҳои ёфтшуда аз кӯҳи Муғ
Яке аз номаҳои ёфтшуда аз кӯҳи Муғ

Зоҳиран ин аснод, замоне ки Панҷакент дар соли 722-и мелодӣ аз сӯи арабҳо фатҳ шуд, дар кӯҳи Муғ пинҳон карда шуда буданд. Ба ривояти Табарӣ, Деваштич, ки худро «подшоҳи Суғд» меномид, ҳангоми ҳамлаи арабҳо ба қалъаи кӯҳи Муғ паноҳ бурда, дар онҷо ба асорати арабҳо даромадааст (Грeнeт ва Васиeр, 155).

Ба назар мерасад, ки Деваштич дар рақобат бо Ғурак, шоҳи Самарқанд, иддаои раҳбарии шоҳони маҳаллии Суғдро дошт ва кӯшиш менамуд онҳоро дар эътилофе бар зидди арабҳо муттаҳид кунад. Аз сӯи дигар Кул-чур, яке аз фармондеҳони қабилаҳои турки Тургеш, дархости Деваштичро барои дифоъ аз суғдиён дар баробари арабҳо бепосух гузошт. Бо ин тартиб, Панҷакент дар соли 722-и мелодӣ ба тасарруфи арабҳо даромад.

Бо вуҷуди тасарруфи Панҷакент аз сӯи арабҳо, вазъи куллии ҳукумати арабӣ-исломӣ дар Мовароуннаҳр то 15 сол баъд, яъне то соли 735-и мелодӣ, ҳамчунон заиф ва шикананда боқӣ монд, то ҷое ки то он сол танҳо Самарқанд ва ду ноҳияи кӯчак дар водии Зарафшон ба номи «Камарҷа» ва «Дабусия» дар дасти арабҳо буд. Боқимонда қалъаҳои Мовароуннаҳр, аз ҷумла Бухоро, таҳти назорати подшоҳон ва ашрофи бумӣ ва ё қабилаҳои турк ва ё таҳти ҳокимияти муштараки онон қарор дошт.

Инҷоро дар Панҷакенти имрӯз Куҳи Муғ меноманд.
Инҷоро дар Панҷакенти имрӯз Куҳи Муғ меноманд.

Дар ин давра ривоятҳои дақиқи таърихнависони араб ва эронӣ аз муҳосираи ноҳияи «Камарҷа» тавассути туркҳо бисёр ҷолиб аст, ки мо дар инҷо чакидаи ривояти Табариро нақл мекунем (Табарӣ 4058-4093):

«Арабҳо дар Камарҷа таҳти муҳосираи туркҳо буданд. Шабҳангом, ки туркҳо муваққатан ҳамларо мутаваққиф карда буданд, ду фиристода ба таври ҷудогона пеши арабҳо омаданд, то ба онҳо пешниҳоди таслим ба туркҳоро кунанд. Фарди нахуст касе набуд ҷуз Яздигурди севуми Сосонӣ, ки бо умеди бозёфтани подшоҳии ниёконаш ба туркон пайваста буд. Хусрав писари Яздигурд бо сӣ кас пеши онҳо омаду гуфт: Эй гурӯҳи арабон, чаро худатонро ба куштан медиҳед? Ман будам, ки хоқон (турк, – м)-ро овардам, ки мамлакатамро ба ман боздиҳад ва барои шумо амон мегирам… Аммо арабҳо ба ӯ носазо гуфтанд ва ӯ бирафт» (Табарӣ, 4101-4103).

Пешниҳоди дувуми туркҳоро, ки қобили тааммултар буд, фарде аз суғдиёни бумӣ ба номи «Бозғарӣ» овард, ки ҳамчун миёнҷии мавриди эътимоди хоқони турк омада буд ва ду туркро ҳам ба ҳамроҳи худ дошт.

Ӯ чандин арабро низ, ки дар ҷангҳои пешин ба асорат афтода буданд, бо худ оварда, паёме аз хоқон ба онҳо дод, ки мегуфт ба лашкари хоқон бипайванданд ва дар муқоиса бо маблағе, ки аз фармондеҳони араби худ мегиранд, маоши бештар аз хоқони турк бигиранд.

Аммо амири арабҳо дар он ноҳия бо радди ин пешниҳод гуфт: «Ин кор сар намегирад. Чӣ гуна арабон, ки гургонанд, бо туркон тавонанд буд, ки гӯсфандонанд? Миёни мо ва шумо сулҳ нахоҳад буд» (Табарӣ, ҳамон ҷо).

Бо ин ҳама, туркҳои Тургеш дар ҳамроҳӣ бо нерӯҳои бумии Мовароуннаҳр чандин бор бо арабҳо рӯбарӯ шуданд ва масалан дар Бухорову Самарқанд зарбаҳои сангине бар мусалмонон ворид оварданд. Аммо Сулу ва муттафиқони бумии ӯ дар ҷанги бузурги ноҳияи «Хористон» вилояти Ҷузҷон (дар Афғонистони кунунӣ), ки дар соли 737-и мелодӣ рух дод, шикасти сахте аз ҳокими ҷадиди уммавӣ Асад ибни Абдуллоҳ хӯрд ва дар пайи он, аз сӯи яке аз хешовандонаш ба номи Кул-чур (ба арабӣ Кул-сул) ба қатл расид.

Пас аз қатли Сулу, миёни қабилаҳои турк ихтилоф ва ҷанги дохилӣ дарафтод, бахше аз онон, ки таҳти раҳбарии Кул-чур қарор доштанд, аз сӯи чиниҳо ҷалб шуд, вале аксари қабоили дигар ба сурати пароканда ва мустақил даромаданд ва ё тобеи хоқонҳои навтаъсиси уйғур дар Кошғари Чин ва ё иттиҳодияи наве ба номи қарлуқҳо (дар Осиёи Миёна) шуданд.

Соли 737-и мелодӣ аз нигоҳи густариш ва таҳкими ҳокимияти арабҳо нуқтаи чархиши ниҳоӣ буд. Ин чархиш чандин сабаб дошт, ки бархе аз онҳо тасодуфӣ ва ё «табиӣ» ба шумор мерафтанд.

Барои намуна, Ғурак, подшоҳи қудратманд ва коркуштаи Самарқанд, бо марги табиӣ даргузашт ва қаламрави ҳокимияташ миёни ворисони ӯ тақсим гардид. Иттифоқан ҳокими ҷадиди араб Асад ибни Абуллоҳ низ маркази иёлати Хуросонро аз Марв ба Балх кӯчонда буд. Эҳтимолан ҳадафи Асад ибни Абдуллоҳ аз ин кор дур мондан аз кашокаши арабҳо ва ё густариши ҳокимияти Ислом ба он сӯи Омударё буд.

Барои ин омилҳо, шахсияти Асад низ бешак нақши муҳиме дар беҳбуди вазъи арабҳо бозӣ кард. Ӯ монанди пешкисваташ Қутайба дар ҷанг сарсахт ва дар равобити шахсӣ ва дипломатия нармишпазир буд. Асад бо аксари подшоҳон ва шоҳзодагони бумии Мовароуннаҳр равобити наздик дошт ва бисёре аз шахсиятҳои машҳури Мовароуннаҳр бо даъвату ташвиқи ӯ ба ислом гаравида буданд.

Ҳатто ривоят аст, ки Бармак, бунёдгузори дудмони маъруфи вазирони эронии дарбори Аббосиён, ва ҳамчунин Сомонхудо, ниёи дудмони Сомониён, ки дар садаи даҳуми мелодӣ бар аксари Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳукм рондаанд, бо даъвати Асад ибни Абдуллоҳ ба ислом гаравидаанд. (Гуфта мешавад табори Бармак ба гардонандагони маъбади будоии «Навбаҳор» дар Балх мерасад ва Сомонхудо пеш аз гаравидан ба ислом зардуштӣ будааст.)

Аз сӯи дигар, дуруст дар ҳамин давра ситораи бахти туркҳо низ рӯ ба ғуруб гузошт.ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар зимистони соли 737-и мелодӣ хоқони турк, Сулу, ба ғорати деҳоти Балх шуруъ намуд. Ӯ ҳамчунин ҳамаи лашкарашро барои ғорат ва яғмои шаҳрҳо ва қасабаҳои Балх пароканда кард (Кенедӣ, 290).

Дар ин шароит, подшоҳон ва ашрофи бумии Суғд ва Балх роҳи дигаре ҷуз ҳимоят аз Асад ва мусалмонон надоштанд.

Асад ибни Абдуллоҳ дар ҳамон сол дар ноҳияе ба номи «Хористон» дар наздикии Ҷузҷон (имрӯза дар Афғонистон) бо сӣ ҳазор ҷанганда, ки ҷамъ карда буд, ба хоқони турк, Сулу, ҳамла кард, дар ҳоле ки хоқон ҳайратзада аз ин ҳамлаи ғайримунтазира, барои дифоъ аз худ танҳо чаҳор ҳазор ҷанганда дошт.

Нуқтаи поёни таърихӣ ба императории Тургеш

Ҷанги Хористон набарди бузурге набуд, аммо ин набард ба қудрати Хоқон ва императории Тургеш нуқтаи поёни таърихӣ гузошт. Сулу дар ҳоле ки шикаст хӯрда ва обрӯи худро аз даст дода буд, ба дуртарин урдугоҳи худ дар шарқ, яъне водии Элӣ (дар Қазоқистони кунунӣ) ақибнишинӣ кард ва пас аз муддати кӯтоҳе аз сӯи яке аз фармондеҳони хешованди худ ба номи Кул-чур ба қатл расид. Кул-чур хоқони нави туркон шуд, аммо ӯ натавонист дар баробари фишор ва нуфузи бузурги Чин дар минтақа қабилаҳои туркро муттаҳид карда, зери раҳбарии худ нигаҳ дорад. Императории Тургеш дар соли 739-и мелодӣ фурӯ пошид.

Бо ин тартиб, нерӯи туркҳо ҳамчун рақиби аслии арабҳо дар Мовароуннаҳр аз миён рафт.

Муддати кӯтоҳе баъд туркҳоро дар ҳайати лашкариён фармондеҳон ва нигаҳбонони хусусии салотини аббосӣ ва давлатҳои маҳаллӣ, монанди Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён ва ҳатто шахси халифа, хоҳем дид.

Пас аз набарди «Хористон» ва шикасти туркҳои Тургеш, туркҳои қарлуқ, ки онҳо низ дар даштҳои Авруосиё мезистанд, боқимонда қудрати тургешҳоро дар паҳнои Осиёи Миёна дарҳам шикастанд ва ҷои онҳоро гирифтанд.ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар воқеъ, қарлуқҳо ҳам монанди тургешҳо аслан аз минтақаи Олтойи Осиёи Миёна буданд. Аммо замоне ки тургешҳо дигар ба сӯи ғарбу ҷануб, яъне наздикии баҳри Арал ва Мовароуннаҳр кӯч карда буданд, қарлуқҳо низ дар наздикии кӯли «Болқош» дар Қазоқистони кунунӣ ҷамъ омаданд.

Туркҳои тургеш ва қарлуқҳо танҳо ду қабила аз даҳҳову садҳо қабилаҳо ва ё ба туркӣ «эл»-ҳо, «элот»-и туркизабони даштҳои Осиёи Миёна буданд. Далели ёдоварии ин ду қабила дар ин навишта он аст, ки ибтидо тургешҳо ва сипас қарлуқҳо дар сарнавишти Мовароуннаҳр, Хуросон ва Эрони он давра ва бахусус дудмонҳои Сомониён ва сипас Ғазнавиён нақши муҳиме бозӣ кардаанд.

Ва аммо ба мавзӯи густариши ҳокимияти арабҳо ва ислом дар Мовароуннаҳр баргардем.

Охирин ҳокими силсилаи Уммавиён дар Мовароуннаҳр касе ба номиНаср ибни Сайёр буд, ки ба як тоифаи кӯчаки араб мансуб буд ва тарафи ҳеч кадом аз ҷангҳои қабилаи арабҳо набуд. Аз сӯи дигар, Наср бар хилофи пешкисватонаш, ки мустақим аз Сурия ва Ироқ ба Хуросон меомаданд, сӣ сол таҷрубаи кор бо вилоятдорони араб дар Хуросон дошт.

Ӯ медонист, ки сиёсати бартар шумурдани араб бар аҷам, ки аз сӯи Уммавиён иҷро мешуд, монеи густариш ва таҳкими ҳокимияти арабҳо ва ислом дар минтақаҳои ғайри арабӣ мешавад. Як намунаи барҷастаи ин рафтори гуногун дар он буд, ки ғайримусалмонон ҳатто пас аз гаравидан ба ислом низ бо баҳонаҳои гуногун, монанди хатна накардан ва ё адами ошноӣ бо усули ислом ё забони арабӣ, ночор ба пардохтани ҷизя мешуданд.

Ба ин ҷиҳат Наср ибни Сайёр дар яке аз нахустин хутбаҳои худ дар масҷиди Марв эълон кард, ки ӯ барои нигаҳбонӣ ва беҳбуди вазъ ва дороии мусалмонон омадааст. Ӯ зоҳиран ба таври дониста рӯи «мусалмонон», сарфи назар аз табору нажод ва қавму қабила, таъкид мекард ва на «арабҳо». Наср ҳамчунин бо вуҷуди эътирозҳои халифа ҳукми қатл барои навмусалмононеро, ки ба дини собиқи худ бармегаштанд, амалан соқит намуд ва дар амал таомули бештаре нисбат ба пайравони динҳои дигар ва аз ҷумла балхиёни будоӣ ва ё туркҳои шаманбовар нишон дод.Бо ин охирин ғалабаҳои исломӣ дар Осиёи Миёна, ҳокимияти арабҳо ва густариши Ислом дар Қазоқистон, Қирғизистон, бахше аз Чин ва Русияи кунунӣ низ ҳосил гардид.

Дар ҳамин давра буд, ки Самарқанд, Бухоро ва Балх, ки ба хотири ҷангҳои дохилӣ ва ҷанги арабҳо бо бумиён солҳо ҷуз харобиву вайронӣ чизе ба худ надида буданд, ободтар ва сарватмандтар гаштанд. Дар зимн, дар ҳамин солҳои «оштии арабҳои ҳоким бо бумиёни тобеъ» буд, ки дудмони маъруфи Бармакиёни Балх, ки то пайдоиши ислом масъули нигоҳбонӣ ва мудирияти маъбадҳои бузурги будоӣ дар ин шаҳр буданд, батадриҷ ба мақоми мудирият ва вазорати бузургтарин императории дунё, яъне хилофати Аббосиён дар Бағдод, расиданд.

Ин мавқеи Наср ҳам маҳбубияти ӯро баландтар кард ва ҳам ба густариши зуди ислом дар миёни ғайримусалмонҳо, аз он ҷумла зардуштиён ва будоиёни бумӣ ва ё туркҳои шаманбовар суръат бахшид.

Аммо ҳукумати Наср ҳамзамон бо авҷи шӯриши мухолифини Аббосӣ алайҳи хулафои Уммавӣ буд, ки билахира ба суқути онон ва оғози хилофати Аббосиён анҷомид. Аз ин ҷиҳат Наср дар Хуросон натавонист пуштибонии охирин халифаи уммавӣ дар Димишқро бигирад. Дар муқобил, шахсияти дигаре, ки аз сӯи Аббосиён барои таблиғи шӯриш бар зидди Уммавиён ба Хуросон фиристода шуд, вилоятдори низоми нави аббосӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр шуд.

Номи ӯ Абӯмуслими Хуросонӣ буд. Ӯ сарфи назар аз дин ва қавмияти мардуми минтақа миёни онон маҳбубияти бузурге ёфта ва тавониста буд бисёре аз ононро бар зидди хилофати Уммавиён ва ба тарафдорӣ аз Аббосиён сафарбар кунад.

Охирин талоши Чин

Дар соли 750-и мелодӣ, дар ҷараёни буҳбуҳаи сиёсии тағйири хилофат аз Уммавиён ба Аббосиён ҳокимияти арабҳо дар он сӯи Омударё каму беш такмил шуда буд. Аммо чиниҳо дар ин солҳо охирин талоши худро барои касби қудрат ва нуфуз дар Мовароуннаҳр анҷом доданд.

Миёни солҳои 747-749-и мелодӣ шоҳи Тахористон (ҳавзаи Балх) барои дафъи роҳзанон дар ноҳияи Гилгит (имрӯза дар Покистон), ки осебрасони тоҷирони суғдӣ мешуданд, хостори кумак аз чиниҳо шуд. Яке аз фармондеҳони Чин дар маҳал бо нерӯҳои худ гурӯҳи роҳзанонро саркӯб кард. Он гоҳ подшоҳи Фарғона аз ҳамон ҳоким дархост кард, ки дар ихтилофи худ бо шоҳи Чоч (Тошканд)-и ҳамсоя ба ӯ кумак кунад. Дар ниҳоят, чиниҳо Чочро ишғол карданд. Шоҳи Чоч ба Абӯмуслим паноҳ бурда, хоҳони кумаки мусалмонон шуд.Бо вуҷуди тасарруфи Панҷакент аз сӯи арабҳо, вазъи куллии ҳукумати арабӣ-исломӣ дар Мовароуннаҳр то 15 сол баъд, яъне то соли 735-и мелодӣ, ҳамчунон заиф ва шикананда боқӣ монд. Он сол танҳо Самарқанд ва ду ноҳияи кӯчак дар водии Зарафшон ба номи “Камарҷа” ва “Дабусия” дар дасти арабҳо буд.

Дар соли 751 дар он сӯи Сирдарё, яъне Қирғизистон ва даштҳои Қазоқистон, дар соҳилҳои рӯди Толос («Тароз»-и пешин) набарди сарнавиштсозе миёни арабҳо ва чиниҳои дудмони «Тонг» сурат гирифт. Дарвоқеъ, дар тарафи мусалмонон теъдоди арабҳо чашмгир набуд ва онҳо асосан фақат фармондеҳии ҷангро бар уҳда доштанд. Теъдоди бештаре аз ҷабҳаи мусалмонон иборат аз мардуми навмусалмон ва шояд ҳам ғайримусалмони бумии Мовароуннаҳр, тибетиҳои муттаҳид бо мусалмонон ва қабилаҳои турк буд, ки ҳамчун зархарид омодаи ҷанг бо чиниён шуда буданд. Дар тарафи Чин ҳам ба ҷуз фармондеҳони чинӣ ва куреӣ бисёре аз сарбозон зархаридҳои минтақа ва бавижа туркҳои қарлуқ буданд. Онҳо ҳамон туркҳои қарлуқ буданд, ки давлати туркҳои тургешро шикаст додаанд.

Дар идомаи ин набард, қабилаҳои турки «қарлуқ», ки то он мавқеъ дар ҷониби Чин меҷангиданд, мавзеи худро иваз карда, аз мусалмонон пуштибонӣ намуданд. Ба назари бисёре аз таърихнависон, тағйири мавзеи қарлуқҳо, ки беш аз нисфи лашкариёни Чинро ташкил медоданд, омили ниҳоии пирӯзии мусалмонон дар набарде шуд, ки нуқтаи бозгашт дар густариши ислом дар ин минтақаи ҳошияи олами ислом ба шумор меравад. Бо ин охирин ғалабаҳои исломӣ дар Осиёи Миёна, ҳокимияти арабҳо ва густариши Ислом дар Қазоқистон, Қирғизистон, бахше аз Чин ва Русияи кунунӣ низ ҳосил гардид.

Дар набарди Толос зоҳиран дин ва қавмият нақши чандоне бозӣ намекард ва иттиҳодҳо, тавре ки дар намунаҳои гузашта ҳам дидем, бароҳатӣ тағйирпазир буданд.

Набарди Толос дар айни ҳол поёни мудохилаҳои Чин дар Осиёи Миёна ва Мовароуннаҳр буд.

Бахши 4-ум

4. Сомониён ва шукуфоӣ

Шеваи гузор аз давлати уммавӣ ба аббосӣ дар ҳар минтақа ва вилоят фарқ мекард. Масалан бахши бузурге аз Эрони Сосонӣ сад сол буд, ки ба тасхири арабҳо даромада ва ашрофу маъмурони маҳаллии собиқан сосонӣ ба ислом гаравида буданд. Онҳо ба ҳамон сурат аз дудмони нави аббосӣ истиқбол намуданд.

Аммо Мовароуннаҳр дар ин давраи садсола тақрибан ба сурате пайваста ноором буд. Чи мардум ва чи подшоҳон ва ҳукмронони маҳаллӣ ва эронизабони минтақа ҳар гоҳ фурсат меёфтанд, ё худ ба зидди арабҳо муқовимат менамуданд ва ё дастаҳои мусаллаҳи қабилаҳои туркро барои дифоъ аз худ даъват менамуданд.

Бо сарнагунии Уммавиён боз умеди истиқлол миёни ашроф, деҳқонон ва ҳукмронони бумии Мовароуннаҳр тақвият ёфт ва ҳамзамон ҳамаи ҷараёнҳои сиёсӣ, динӣ ва қавмии норозӣ низ фаъолтар шуданд.

​Бархе ҷараёнҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ шӯриш намуданд. Муҳимтарини онҳо эҳтимолан иборат аз ҷараёни “Сапедҷомагон” таҳти раҳбарии касе ба номи Ҳошим ибни Ҳаким мулаққаб ба “Ибни Муқаннаъ” (яъне ниқобпӯш) аз аҳолии Балх буд, ки дар ниҳоят саркӯб гардид. Ҳаводорони ин ҷунбиш асосан аз Мовароуннаҳр ва махсусан Суғд буданд.

Аммо дигар авзоъ тағйир ёфта буд. Нерӯи туркҳо ба унвони гурӯҳи созмонёфтаи мусаллаҳ аз байн рафта буд. Чиниҳо ҳам, ки дар ҷанги Талос шикаст хӯрда буданд, дигар манбаи умеде барои деҳқонон ва ҳокимони маҳаллии минтақа набуданд. Аз сӯи дигар, ҳар гуна шӯриш ва саркашӣ аз сӯи ҳукумати арабиву исломӣ бо саркӯби шадид ва андозу хироҷи бештар бар мардум ва маҳрумият аз имтиёзҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ мешуд. “Рафта-рафта, эрониён бештару бештар дарк карданд, ки танҳо роҳи пешрафт ҳамкорӣ бо фотеҳони араб аст ва ин ҳам бешак раванди пазириши исломро бахусус миёни деҳқонон (ашрофи заминдор) ташвиқ намуд, агарчи ин пазириши ислом аксаран далоили сиёсӣ дошт” (Фрай 1988, 276).

Танҳо роҳе, ки боқӣ монда буд, “мусолеҳа бо дудмони ҷадиди аббосӣ ва табдил шудан ба уммоли онон буд” (Булшокуф 39).

Ин, барои Хуросон ва Мовароуннаҳр, ки дигар ба бахше аз императории исломӣ табдил шуда буданд, оғози даврони оромишу пешрафти тиҷориву иқтисодӣ ба шумор мерафт.

Ҳамзамон, Аббосиён дар муқоиса бо пешкисватони уммавии худ, нисбат ба касоне, ки араб набуданд ва бахусус нисбат ба эрониён таомулу тасомуҳи бештаре доштанд. Ин сиёсати куллии халифаҳои аббосӣ, бавижа бо хилофати Маъмун мустаҳкамтар шуд. Маъмун дар замони хилофати бародараш Амин муддате тӯлонӣ дар Хуросон зиндагӣ ва вилоятдорӣ карда буд. Падари Маъмун халифаи маъруфи аббосӣ Ҳорунаррашид ва модараш як канизи эронӣ буд.

Аммо дар муқоисаи ду режими уммавӣ ва аббосӣ фарқҳои бисёр муҳимтар ва чашмгиртаре мавҷуд буд. Ба назари Бартолд, фарқи аслии Аббосиён бо Уммавиён дар ҳадафҳои сиёсии онон буд. “Уммавиён дар дараҷаи нахуст ва беш аз ҳар чизи дигар намояндагони миллати араб буданд, (дар ҳоле ки, – м) Аббосиён мехостанд давлате эҷод кунанд, ки ҳар ду иёлаташ, ки аҳолии яке иборат аз арабҳо ва дигаре иборат аз эрониён буд, ҳуқуқи баробар дошта бошанд” (Бартолд 197).

Аз нигоҳи дастгоҳи давлатӣ ва молӣ, халифаҳои аббосӣ низоми идории Сосониёнро модели дилхоҳ ва идеяи олӣ мешумурданд. Муаррихи араб Ҷоҳиз ал-Басрӣ дар он давра дар рисолаи худ мавсум ба “Маноқиб-ал-атрок” навишта буд, ки “эрониёни сосонӣ дар давлатдорӣ беҳтар аз дигар миллатҳо ҳастанд, ҳамчунон ки чиниҳо дар саноат, юнониён дар илм ва туркҳо дар ҳунари ҷанг бартар аз дигаронанд” (Бартолд 197).

Намунаҳои идораи давлатии сосониро, масалан, метавон дар робита бо тақсимоти идории императории Аббосиён мушоҳида кард. Шояд бо ҳамин ангеза ҳам буд, ки аз ҳамон ибтидо, аз давраи халифаи дувум, Мансур, мақому мансаби вазорат дар дастгоҳи Аббосиён ҷорӣ гардид ва ин мақом ба дудмони эронии Бармакиёни балхӣ супурда шуд, ки худро аз наводагони давлатмардони нимаафсонаии “Бузургмеҳр” аз давраи Сосониён мешумурданд. Муҳимтарин шохаи давлат, яъне “Девон-ал-хароҷ”, ки масъули умури молиёт ва хароҷ (молиёт бар амлок) буд, таҳти мудирияти Бармакиён қарор дошт.

Аз нигоҳи фалсафӣ ва сиёсӣ низ Аббосиён то давраи Маъмун ва ҳатто Муътасим аз улуми юнонӣ ва мактаби исломии “муътазила” пуштибонӣ мекарданд, ки ақлу хирадро барои пайравӣ аз ислом кофӣ мешумурд. Аз ин ҷиҳат Аббосиён тарҷумаи осори лотин, юнонӣ ва порсии миёна ба арабиро ташвиқ менамуданд.

Аббосиён аз 750 то 1250-и мелодӣ, яъне тақрибан панҷсад сол ҳукумат карданд. Таърихнигорон сад то дусад соли нахусти ин давраро “даврони шукуфоии тамаддуни исломӣ” номидаанд. Аз ёд набарем: сад соли аввали Аббосиён давраи ислоҳоти сиёсиву идорӣ, ҳатто нармиш дар нигариши фалсафию динӣ ва дар айни ҳол шукуфоии илму фарҳанг буд. Баъд аз он заволи сиёсӣ шурӯъ шуд, тангназарӣ ва мухолифат бо дигарандешии фалсафӣ, динӣ ва сиёсӣ ташдид ёфт, аммо шукуфоии илму фарҳанг муддати нисбатан тӯлонитаре, ҳатто шояд битавон гуфт то даврони Ғазнавиён ва то ҳадде Салҷуқиён идома дошт.

Дар давраи дусадсолаи шукуфоии тамаддун, дар канори Бағдод, ки пойтахти императорӣ буд, бахусус Хуросон ва Мовароуннаҳр мақоми вижае доштанд. Ин вилоятҳо дар ин давра табдил ба маркази муҳими илм, санъат, шеъру адабиёт, риёзиёт, нуҷум ва фалсафа шуда буданд. Ин ҳамон давраи Муҳаммади Хоразмӣ, Абунаср Муҳаммади Форобӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯали ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва даҳҳо донишманд, шоир, файласуф, фақеҳ ва ҳакими дигар аст.

Истиқлоли тадриҷӣ аз арабҳо

Давраи Аббосиён марҳилаи коҳиш дар идораи марказӣ ва давлатии вилоятҳои императорӣ буд. Шароити айнӣ низ халифаҳои Бағдодро ночор мекард, ки марказияти идорӣ ва сиёсиро ба нафъи вилоятҳо ва қавмҳои ғайриараб нармтар кунанд. Чораи дигаре ҳам набуд.

Намунаи мушаххаси ин раванд он буд, ки таъйини ҳокимони араб ба вилоятҳо аз сӯи халифа дар бархе вилоятҳо, масалан Хуросон ва ё Миср, лағв гардид. Халифаҳо пазируфтанд, ки ба ҷои интисоби муваққатии сардорони араб барои чанд сол ва сипас тағйири онҳо, шахсони бонуфузу қудратманди бумӣ ва маҳаллӣ фармондор ва ё ҳокими вилоятҳо шаванд ва ҳатто ин афрод ҳукумати худро ба сурати меросӣ мустаҳкам кунанд, яъне иморат ва ҳукумат, монанди худи хилофати давлати марказӣ, аз падар ба писар бигзарад ва ҳатто ин ҳокимони маҳаллӣ хостанд, фарзандону наздикони худро ба ҳукуматҳои маҳаллии сарзамини худ таъйин кунанд.

Аммо дар зоҳир подшоҳони маҳаллӣ ҳамчунон намояндаи халифа дар вилояти худ буданд. Аз ин ҷиҳат онон хутба ба номи “Амиралмуъминин”, яъне халифа, мехонданд ва ҳар сол бахше аз молиёт ва хироҷи ҷамъоваришудаи худро ҳамроҳ бо ҳадяҳои дигар ба халифа мефиристоданд.ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ба ин тартиб, бор ва масъулияти халифа ва давлати марказӣ дар Бағдод камтар мешуд ва идораи вилоятҳо барои Бағдод осонтар мегашт. Албатта, дар айни ҳол аз сӯе даромади Бағдод аз молиёт ва хироҷи вилоятҳо коҳиш меёфт ва аз сӯи дигар “риск”-и саркашӣ ва истиқлолталабии амирону подшоҳони маҳаллӣ дар баробари давлати марказӣ ва худи халифа афзоиш меёфт. Ҳамчунин, ба хотири ирсӣ будани ҳукуматҳои маҳаллӣ, дар сурати белаёқатӣ ва ё фасоди фарзандон ва дигар наздикони амирон ва подшоҳони маҳаллӣ, тағйири давлати маҳаллӣ танҳо бо ҷанги дохилӣ муяссар мешуд. Дар айни замон, чун дар ин шароит пуштибонии низомии давлати марказӣ заиф мешуд, эҳтимоли нуфуз, дастандозӣ ва ҳамла аз сарзаминҳои ҳамсоя ва дар натиҷа тағйироти зудраси ин давлатҳо афзоиш меёфт.

Тоҳириён дар Хуросон ва Сомониён дар Мовароуннаҳр ду намунаи ин гуна ҳукуматҳои маҳаллӣ буданд, ки дар қарни нуҳум дар оғози раванди заволи хилофати Аббосиён, аммо зери чатри онон бар сари кор омаданд ва батадриҷ дар амал истиқлоли бештаре ёфтанд. Тоҳириён камтар, аммо Сомониён беш аз як қарн бар Мовароуннаҳр ҳукумат карданд. Дар сарзаминҳои дигари Эрони кунунӣ (масалан Саффориён ва Оли Бӯя), Ховари Миёна ва Миср низ аз ин ҳукуматҳои маҳаллӣ эҷод шуд. Аз миёни онҳо махсусан дудмони Бувейҳиён ва ё Оли Бӯя, ки бар вилоятҳои марказӣ ва ғарбии Эрон ҳукм меронд, бисёр қавӣ шуд ва ҳатто дертар халифаи аббосиро аз корҳои сиёсӣ барканор намуд. Муддате баъд, туркони салҷуқӣ Оли Бӯяро аз қудрат дур карданд ва бо ҳамла ба Бағдод қудрати аслии сиёсӣ ва низомии хилофатро ба дасти худ гирифтанд. Яъне, дарвоқеъ, дар яке дусад соли поёнии Аббосиён хилофат дигар муассисае динӣ ва ё ҳатто намодин ва зоҳирӣ шуда буд.

Аммо боз ба давраи Сомониён, яъне қарнҳои нуҳум ва даҳум дар дудмони Аббосиён баргардем.

Қиёмҳои зидди аббосии Бобаки Хуррамдин дар Озарбойҷон ва Мозёр дар Табаристон ва ҳамчунин шӯришҳои нави хориҷиҳо дар Сиистон дар ҳамин давра, дақиқтараш дар қарни нуҳуми милодӣ, яъне ҳудудан дусад сол пас аз ислом, саркӯб гардид.

Ба гуфтаи Бартолд, бунёдгузори дудмони Сомониён “Сомонхудот” ҳокими рустои Сомон дар наздикии Балх буд, ки аз табори Баҳроми Чӯбин, аз сардорони шӯришгари сосонӣ шумурда мешуд ва дар соли 591-и милодӣ ба қабилаҳои турк паноҳ бурда буд (Бартолд 209).

Сомонхудот мавриди ҳимояти ҳокими араби Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ буд. Ӯ таҳти таъсири Асад ба ислом гаравид ва ба эҳтироми ҳокими араб номи фарзандашро “Асад” гузошт. Чаҳор фарзанди Асад дар замони Маъмун дар саркӯби душманони ӯ ширкат карданд ва бо хости Маъмун ҳар чаҳор фарзанди Асади Сомонӣ ба ҳукумати яке аз шаҳрҳои Мовароуннаҳр (Самарқанд, Фарғона, Чоч яъне Тошканд ва Ҳирот) расиданд.

Дар давраи Сомониён ҳокимияти комили исломӣ бар Мовароуннаҳр ҳосил шуд ва аксари мардум ба ислом гаравиданд. Дар айни ҳол, дар ҳамин давра ҳам буд, ки Афшини Ушрӯсана (Истаравшани кунунӣ дар Тоҷикистон), аз сардорони халифа Муътасим, пас аз саркӯби қиёми Бобак дар Озарбойҷон худ ба иттиҳоми пайравии пинҳонӣ аз ойини падарии худ, яъне зардуштӣ, хатна набудан ва таҳрики дигар сардорони эронӣ бар зидди халифа ба қатл расид (Ибни Асир 4046-48).

Номи аслии Афшин Ҳорун буд. Дар он давра ҳанӯз шоҳзодагони маҳаллии Ушрусана “Афшин” номида мешуданд. Дар давраи Сомониён унвонҳои суғдии шоҳзодагон ва ҳокимини шаҳрҳои Мовароуннаҳр, монанди худот, ихшид ва афшин, барчида шуд. Ин кӯшише барои таҳкими як давлати марказӣ ва муттаҳид дар Мовароуннаҳр буд. Аммо Мовароуннаҳр чунин суннати давлатдории марказӣ надошт ва дар амал Сомониён давлате мутамаркиз бар Бухорову Самарқанд буд ва ҳукмаш басахтӣ дар Хоразм ва ё Чоч (Тошканди кунунӣ) ва ё Балх мегузашт. (Босвурс 1382, 16). Ҳатто дар худи дарбори Сомонӣ сарбозҳо тақрибан ҳама турк ва таҳти фармондеҳии туркон буданд (Уртойлӣ 125). Бо ин ҳама, тавре ки дидем, дар замони Сомониён илму дин ва тиҷорат пешрафт кард ва осори меъмории бемонанде сохта шуд. Аммо табиатан инҳо батанҳоӣ барои ҳифзи як давлат кофӣ набуд.

Аз миёни ҳукмронони ин дудмон Амир Исмоили Сомонӣ маъруфтар аз дигарон аст. Ӯ дар соли 849-и мелодӣ дар Фарғона ба дунё омад. Дар давраи ӯ Мовароуннаҳру Хуросон ба авҷи субот ва пешрафти худ расид. Амир Исмоил расман зимомдори халифаи аббосӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр ва амалан монанди султон ва подшоҳи сарзамини худ буд. Аммо ӯ ҳаргиз худро болотар аз “амир” нашинохт. Амир Исмоил, ки “пайваста халифаро тоат намудӣ” (Наршахӣ 109), тибқи равиши роиҷ миёни амирони сомонӣ ҳадяҳое ба халифа мефиристод, аммо ба назар мерасад, ки ӯ аз пардохти муназзами молиёт ва хироҷ ба Бағдод худдорӣ кардааст (Гардизӣ 323-325).

Бисёре аз таърихнависон аз Исмоили Сомонӣ ба унвони амире хушрафтор бо мардум ва бурдбор бо рақибони хеш ном мебаранд. Шукуфоии илм ва таҳкими забон ва адабиёти форсии муосир дар давраи Сомониён ва бахусус шоҳ Исмоил оғоз ёфт.

Амир Исмоили Сомонӣ дар марҳилаҳои гуногун сарзаминҳои давлаташро зимни ҷанг бо ҷангсолорони Хуросон, Сиистон ва Табаристон вусъат бахшид.

Ӯ марзҳои даштҳои шимолро то ҳадди зиёде муҳкам кард, то нуфузи афзоянда ва беҳисоби қабилаҳои кӯчнишини турк бештар нашавад. Аммо ӯ ва фармондеҳонаш дар айни ҳол ба он сӯи Сирдарё ва ё Хоразм ҳамла карда, қабилаҳои кӯчнишини туркро асир гирифта, ба фурӯш мерасониданд.

Масалан, дар соли 893-и милодӣ дар лашкаркашии амир Исмоил ба Талос (дар Қирғизистони кунунӣ), ки маркази туркҳои қарлуқ буд, “даҳ ҳазор нафар кушта, понздаҳ ҳазор нафар асир гирифта шуд” (Бартолд 224).

Бахши қобили таваҷҷуҳе аз сарвати Сомониён низ аз ҳамин ҳуҷумҳо ва фурӯши бардагони турк ҳосил мегардид. Вақте гурӯҳҳои ҷудогонаи туркҳоро дар даштҳои шимол асир гирифта, барои фурӯш ба Мовароуннаҳр меоварданд, барои вуруд ба марзҳои давлати Сомонӣ аз бобати ҳар ғулом боҷе баробар бо ҳафтод то сад дирҳам ва ҳамчунин “ҳаққи ҷавоз” гирифта мешуд (Босворс, алиф, 197).

Мақдисӣ навиштааст, ки “Сомониён боҷгирӣ аз бобати фурӯши асиронро ба дасти худ гирифта буданд ва Хуросон солона аз бобати убури 12000 барда аз Омударё даромад ба даст меовард” (Босворс ба нақл аз Мақдисӣ, ҳамон ҷо).

Ҷолиб аст, ки дар давраи худи Амир Исмоил ва ҳатто ба дараҷаи бештаре пас аз ӯ, бахши муҳиме аз сарбозон ва фармондеҳони давлати Сомониён иборат аз туркҳо буданд, зеро чи давлатҳои маҳаллӣ, монанди Сомониён, ва чи давлати марказии Аббосиён дар Бағдод, барои ҳифзи қудрати низомӣ ва дифоъии худ ҳарчи бештар ғуломони низомии туркро истихдом менамуд.

Асир гирифтани туркони кӯчнишини даштҳои он сӯи Сирдарё ва Хоразм таҳти унвони “ҷиҳод” ва ба ислом овардани қабоили шаманбовар, ки “кофар” шумурда мешуданд, анҷом мегирифт. Аз ин ҷиҳат таърихнависони араб, монанди Яъқубӣ ва Мақдисӣ, Хуросон ва Мовароуннаҳрро “хатти аввали ҷиҳод дар машриқ ва сипар дар муқобили туркон” (Коплунӣ 323) меномиданд.

Аз ҳамон оғоз ҳукумати Аббосиён ҳокимон ва амирони Хуросону Мовароуннаҳр ба таври муназзам гурӯҳҳое аз ғуломону канизони туркро ҳамчун бахше аз хироҷ ва ё ҳадяҳои худ ба Бағдод мефиристоданд.

Халифа Ҳорунаррашид се ҳазор ғуломи низомӣ ва ҷангандаи туркро “горди вижа”-и дарбори худ намуда буд, то зери фишори кашокашҳои дохили арабҳо ва ё мудирону дабирони эронӣ қарор нагирад. Муътасим, яке аз фарзандони Ҳорунаррашид, ки пас аз Маъмун ба хилофат расид ва модараш як канизи турк буд, лашкари вижае иборат аз ғуломони ҷангии турк эҷод кард, то дастгоҳи хилофатро дар баробари ихтилофҳои дохилӣ ҳифз кунад (Усмон 15-16). Аммо муддате баъд ғуломони турк табдил ба сарбозони моҳир ва фармондеҳони қудратманди дарбори аббосӣ ва дигар амирони императорӣ ва аз ҷумла Сомониён гаштанд. Онҳо бо қудрати тиру шамшер метавонистанд мувозинаи қудратро иваз кунанд. Ва чунин ҳам карданд.

5. Қабул ва густариши ислом

Имрӯза дини аксарияти мардуми Мовароуннаҳр ислом аст. Аксари мусалмонон суннӣ ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд, агарчи шиъаи имомия ва исмоъилия низ дар бархе нуқоти минтақа пайравони каме надорад.

Аммо мардуми Мовароуннаҳр чи гуна мусалмон шуданд?

Дидем, ки бар хилофи Эрон, ки тасхираш аз сӯи аъроб танҳо даҳ сол тӯл кашид, Мовароуннаҳр ҳудудан яксад сол дар баробари аъроб муқовимат кард.

Бешак, густариши ислом дар оғоз ба сурати таблиғи фардӣ ва аз сӯи маблиғини динӣ набуда, балки ба истилоҳ «дин аз пушти сари шамшер омада,» яъне ибтидо ин сарзамин бо ҷанг тасхир ва тобеъи хилофати исломӣ шуда, аъроб бар Хуросону Мовароуннаҳр ҳоким гашта ва ба кори ҳукумат, ҷамъоварии молиёту хироҷ ва ё таъйини афроди маҳаллӣ ба мудирияти корҳои идорӣ шурӯъ кардаанд ва баъд мардум батадриҷ ба ислом гаравидаанд. Яъне метавон гуфт, ки бидуни ҳамла ва тасхири сарзаминҳои ғайри мусалмон, ки дар ислом «ҷиҳод» хонда мешавад, густариши ислом дастрас намешуд.

Бо ин ҳама, қабули ислом аз сӯи мардуми Эрон ва ё Мовароуннаҳр усулан на зери таҳдиди мустақими шамшери араб, балки аз роҳҳои ғайримустақим будааст.

Яке аз ин роҳҳои ғайримустақим марбут ба молиёт («андоз») ва хироҷи изофӣ мешавад, ки аъроб дар сарзаминҳои фатҳшуда аз ғайри муслимин мегирифтанд. Ин молиёти изофӣ дар ислом «ҷизя» номида мешуд. Масалан, зартуштиён, масеҳиён, яҳудиён ва ё будоиён бештар аз мусалмонон молиёт мепардохтанд ва тавзеҳи динии он ҳам ин буд, ки кишвар дигар таҳти ҳокимияти ислом даромада ва касоне, ки мусалмон нестанд, бояд барои зиндагӣ дар як кишвари исломӣ пули бештаре аз мусалмонон пардохт кунанд. Миқдори хироҷ, яъне молиёт бар амлоки ғайри манқул, монанди хона ва боғу русто ва корвонсаро, ҳам барои онон дар муқоиса бо мусалмонон бештар буд. Табиъатан ин ҳам яке аз далоили ҷиддии мусалмон шудани бисёре аз мардум мешуд, ки намехостанд молиёт ва хироҷи бештаре ба ҳокимон бипардозанд ва бо ин тартиб ҳатто зоҳиран ҳам, ки шуда, исломро мепазируфтанд, то ба андозаи мусалмонон молиёт бипардозанд.

Аммо то авохири Уммавиён ҳатто аз касоне, ки батозагӣ мусалмон шуда буданд, низ ҷизя гирифта мешуд, зеро дар ғайри ин сурат даромади ҳокимин коҳиш меёфт.

Ривояте аз Торихи Табарӣ марбут ба соли 728-и мелодӣ (110-и ҳиҷрӣ) ва давраи вилоятдории Ашрас ибни Абдуллоҳ дар Хуросон, робитаи ҷазя ва ислом овардани Мовароуннаҳрро бахубӣ тавзеҳ медиҳад.

Табарӣ менависад (кӯтоҳшуда аз сӯи муаллиф.):

«Гӯяд: Ашрас ҳангоми вилоятдории Хуросон гуфт: Якеро биҷӯед, ки муттақӣ бошад ва фозил, ки ӯро сӯи мардуми Мовароуннаҳр фиристам, ки онҳоро ба ислом бихонад. Абуссайдо Солеҳ ибни Тариф вобастаи Банӣ Заббаро бад-ӯ нишон доданд, аммо Абуссайдо гуфт: Ман дар забони форсӣ маҳорат надорам. Пас Рабиъ Умрони Тамимиро бад-ӯ пайвастанд.

(…) Абуссайдо гуфт: Меравам, ба шарти он ки ҳар ки ислом биёрад, ҷизя аз ӯ гирифта нашавад (…)

Ашрас гуфт: Чунин бошад (…)

Пас Абуссайдо сӯи Самарқанд рафт, ки Ҳасан ибни Абулъумари Тоҳо Киндӣ омили онҷо буд бар ҷанг ва хироҷ.

Гӯянд: Пас Абуссайдо мардуми Самарқанд ва атрофи онро ба ислом хонд, ба шарти он ки ҷизя аз онҳо бардошта шавад ва касон бо шитоб ба мусалмонӣ рӯй оварданд. Ғӯзак (Ғӯрак, шоҳи Самарқанд, – м.) ба Ашрас навишт, ки хироҷ костӣ гирифта. Ашрас ба Абулъумари Тоҳо навишт, ки хироҷ мояи қуввати мусалмонон аст, шунидаам, ки мардуми Суғд ва амсоли онҳо аз рӯи дилбастагӣ ислом наёвардаанд, балки барои фирор аз ҷизя ба мусалмонӣ рӯ овардаанд. Бинигар, ки ҳар ки хатна карда ва фароизро ба по дошта ва исломаш накӯ шуда ва сурае аз Қуръонро омӯхта, хироҷ аз ӯ бардор.

Гӯянд: Пас аз он, Ашрас Абулъумар Тоҳоро аз хироҷ бардошт ва онро ба Ҳонӣ ибни Ҳонӣ дод (…)

Гӯянд: Абуссайдо онҳоро аз гирифтани ҷизя аз мусалмонон манъ кард. Ҳонӣ бад-ӯ навишт, ки касон мусалмон шудаанд ва масҷидҳо сохтаанд. Пас аз онон деҳқонони Бухоро пеши Ашрас омаданду гуфтанд: Хироҷ аз кӣ мегирӣ, ки ҳама касон араб шудаанд? Ашрас ба Ҳонӣ ва омилон навишт, ки аз ҳар кас, ки собиқан хироҷ мегирифтаед, бигиред.

Гӯянд: Ҳонӣ ва омилон ҷизяро бар мусалмон шудагон пас оварданд, ки онҳо муқовимат карданд ва ҳафт ҳазор кас аз мардуми Суғд канора гирифтанд ва дар ҳафтфарсахии Самарқанд ҷой гирифтанд…» (Табарӣ, 4093-94).

Ин ривоят марбут ба авохири Уммавиён аст. Аз он давра ба баъд, усулан дигар гирифтани ҷизя ва хироҷи изофӣ аз навмусалмонон қатъ шуд.

Дар шароити ҳокимияти аъроб ва дини ислом, барои табақаи боло ва миёнҳоли шаҳрӣ, монанди ашрофи маҳаллӣ, деҳқонон, заминдорон, тоҷирон, соҳибони дукон ва корвонсароҳо ва ё «омилон», яъне масъулони ҷамъоварии молиёт, дабирони девон ва ғайра, ки ағлаб ба кору фаъолияти худ идома медоданд, гаравидан ба ислом дар амал яке аз шароити ҳифзи дороӣ, кору мавқеъиятшон буд. Аз ин ҷиҳат ҳам бояд бошад, ки дар Мовароуннаҳр низ тағйири дин дар дараҷаи нахуст ибтидо дар шаҳрҳо иттифоқ уфтода, дар ҳоле ки мардуми рустоҳо ва сарзаминҳои дурдаст ва ё кӯҳистонӣ одобу русуми худро барои муддати тӯлонитаре ҳифз кардаанд.

Фатҳи як сарзамин табиъатан аз тағйири дин ва ё забону фарҳанги мардуми он сарзамин осонтар аст. Ба гуфтаи Бортулд, дивист сол пас аз нахустин ҳамлаҳои аъроб ба Мовароуннаҳр метавон «мардуми Мовароуннаҳрро мусалмонони хубе ба шумор овард, ки худ барои «ҷиҳод» вориди ҷанг бо ҳамсоягони турки худ мешуданд» (Бортулд, 218). Масалан, дар лашкаркашӣ ба Талос (Қирғизистони кунунӣ) барои ҷанг бо чиниён ва туркҳои қорлуқ, фармондеҳи мустақими лашкари арабӣ як араб, аммо фармондеҳи аслии ин амалиёт Абумуслим, яъне як эронии навмусалмон буд ва аксари сарбозон на араб, балки эрониён ва туркони навмусалмон буданд. Аммо ба назар мерасад, ки ҳанӯз наметавон бо итминон аз ислом овардани аксарияти мардум сухан гуфт. Ҳатто дивист сол пас аз нахустин ҳамлаҳои аъроб, эҳтимолан ҳанӯз беш аз 10 дарсади мардуми Мовароуннаҳр мусалмон нашуда буданд (Истор, 112).

Туркҳо ва ислом

Ва аммо он дастаи бузурги туркҳои даштҳои Осиёи Миёна, ки ҳанӯз кӯчнишин буданд, ҳудудан дивист сол бештар лозим доштанд, то ба андозаи қобили таваҷҷуҳе мусалмон шаванд. Дар инҷо ҳам мусалмон шудани туркҳои якҷонишини Самарқанд, Бухоро ва ё Балху Хоразму Кошғар сареътар аз туркони кӯчнишини даштҳо анҷом гирифт. Аз сӯи дигар, мусалмон шудани туркҳои даштнишин, баръакси сарзаминҳои Хоразм, Суғд, Чоч ва ё Балх, асосан на аз роҳи ҷанг, балки тиҷорат, омезиш ва таблиғоти динӣ будааст.

Дидем, ки тоифаҳои даштнишини турк, қорлуқ ва хазар дар даштҳои Авруосиё манбаъи муҳимме барои асир гирифтан ва фурӯши онҳо ба унвони барда («ғулом» ва ё «мамлук» ҷиҳати истифода ҳамчун нируи ҷанганда, сарбоз ва хидматкор ва ё «каниз» барои хадамоти хонагӣ) буд.

Табиъатан асир гирифтани кӯчнишинони «кофар» бо баҳонаи «ҷиҳод» ҳам мумкин ва ҳатто мақбул ва ҳам пурфоида буд, дар ҳоле ки касеро, ки дигар мусалмон шуда буд, намешуд асир гирифту фурӯхт.

Дивист сол пас аз нахустин юришҳои арабҳо ба Мовароуннаҳр, худи аъроб дар ҳамла ба даштҳои он сӯи Сирдарё (маскани аслии туркҳои қорлуқ ва қипчоқ, яъне Қирғизистон, Қазоқистон ва Кошғари кунунӣ) ва ё Хоразм (маҳалли таҷаммуъи аслии туркҳои уғуз) ва асир гирифтану фурӯши бардагони онон чандон саҳим набуданд. Ин корро асосан эронизабонони маҳаллии давраи Сомониён ва ё ҳатто худи туркони якҷонишине мекарданд, ки дигар мусалмон шуда буданд. Ба ташхиси Гулден «ҷиҳод дар Осиёи Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Офриқо бештар аз он ки кори аҷнабиёни мусалмон (яъне аъроб, -м.) бошад, аз сӯи мардуми бумии маҳал анҷом мешуд, ки мусалмон шуда буданд» (Гулден, 212). Истахрӣ менависад туркҳо «аз таборҳои гуногунанд. Онҳо алайҳи мусалмонон меҷанганд. Он туркон, ки ислом овардаанд, бо онҳо (туркони кофар, -м.) меҷанганд ва ононро ба асорат мегиранд» (Гулден ба нақл аз Истахрӣ, 211).

Ду нуктаи қобили таваҷҷуҳи дигарро ҳам бояд дар назар дошт. Якум ин ки туркҳои кӯчнишин, ки ба сурати қабилаҳои пароканда дар чодарҳо мезистанд, аксаран на ба сурати фардӣ, балки якҷо ва ба дунболи тасмими раиси қабила «мусалмон мешуданд», бе он ки иттилоъи чандоне аз ин дини нав дошта бошанд. Масалан, Ибни Асир навиштааст, ки дар сол 435-и ҳиҷрӣ (1043м) аҳолии «даҳ ҳазор чодари туркони кофар, ки шабона ба шаҳрҳои мусалмони Балосоғун ва Кошғар ҳуҷум мекарданд, ислом оварданд» (Гулден, ба нақл аз Ибни Асир, 213). Эҳтимолан, дар ингуна ҳолатҳо мулоҳизаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, монанди рақобат миёни қабилаҳо, дафъи хатари ҳамла аз сӯи тоифаҳои рақиб ва ё беҳбуди равобити тиҷорӣ низ нақше бисёр муҳим бозӣ кардааст.

Нуктаи муҳимми дувум ин аст, ки исломе, ки ба даштҳои шимол нуфуз карда, аз роҳҳои гуногун билахира мавриди қабули туркҳои кӯчнишин қарор гирифт, исломе эронӣ ва бавижа исломи эронии Мовароуннаҳр буд, ки худро бо шароити махсуси туркҳо ҳамхон карда буд.

Равиши ислом овардани туркони саҳронишин аз он чи ки миёни эрониён ва туркони якҷонишини Мовароуннаҳр дидем, фарқ мекунад. Қабули ислом аз сӯи туркони чодарнишин на аз роҳи ҳамла ва ғорат ва ҷизя, балки ба сурати гурӯҳӣ ва ё бо таблиғу ташвиқи тоҷирон ва дигар мусалмонони якҷонишин (махсусан аз Мовароуннаҳру Эрон) буда ва дар ин раҳгузар, ангезаи тиҷорат, шароит ва ҳуқуқи баробар барои ҳамаи мусалмонон ва рӯҳияи «бародарии исломӣ», ки дар ниҳоят ба якҷонишин шудани бештар туркҳо анҷомида, нақши муҳимме бозӣ кардааст.

Бо ин тартиб, туркҳо чи дар худи Мовароуннаҳр ва чи дар даштҳои Авруосиё бештар аз аъроб, таҳти таъсири туҷҷор ва сӯфиёни навмусалмони эронӣ ва ё дигар туркони навмусалмон ва якҷонишин қарор гирифта, аз он тариқ исломро омӯхтаанд. Яке аз нишонаҳои равшани ин таъсир луғоти динии исломӣ аст, ки туркҳо аз форсӣ (ва на арабӣ) гирифта ва ҳанӯз ҳам дар забонҳои узбакӣ, туркманӣ ва ё қазоқӣ ва қирғизӣ ва ҳамчунин туркии Туркия ба кор мебаранд. Аз он ҷумлаанд луғоте монанди «пайғамбар» (ба ҷои «аррасул» ва ё «аннабӣ»-и арабӣ), «намоз» (ба ҷои «ассалот»), «обдаст» (ба ҷои «алвузӯ») ва ё «урӯҷ» (шакли тағйирёфтаи «рӯза» ба ҷои «алсавм») ва ғайра.

Аз миёнаҳои садаи даҳуми мелодӣ ба баъд, тафсири ислом, ки ранги фарҳанги тасаввуфи эронӣ дошт, дар қабули ислом аз сӯи ҷамъиятҳои туркизабон нақши муҳимме бозӣ кард. Мутасаввифини турк, ки дар ҳалқаҳои тасаввуфи эронӣ тарбият ёфта буданд, низ дар ин раҳгузар таъсири муҳимме гузоштанд. Сӯфии маъруфи Осиёи Миёна Аҳмади Ясавӣ (аз Қазоқистони кунунӣ) яке аз маъруфтарин чеҳраҳои ин гурӯҳ аз мутасаввифини турк буд.

Аммо Мовароуннаҳр ба сӯи таҳаввулоти бузургу ҷадиди сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ дар ҳаракат буд: суқути Сомониён, густариши ҳукумати Қарохониён дар Қирғизистон ва Кошғари кунунӣ ба Мовароуннаҳр ва таъсиси давлати Ғазнавиён дар Хуросон.

Дар суқути Сомониён омили дигаре ҳам нақши муҳимме бозӣ кард: мазҳаб.

Дар қарни даҳуми мелодӣ дигар бахши бузургтари сарбозони Сомониён ва дастикам ниме аз фармондеҳони онон низ иборат аз ҳамон ғуломони собиқи турк буданд, ки то мақоми «ҳоҷибсолор», яъне сипаҳсолор, пеш рафта буданд. «Сарбозони дарбори Бухоро ва Самарқанд ҳам турк буданд» (Уртойлӣ, 125). Аксари онҳо, ҳам маҳорати ҷангӣ ва фармондеҳӣ доштанд ва ҳам маҷмӯъан ба Сомониён вафодор буданд. Аммо вақте ихтилофоти дохилии хонаводаи Сомониён, аз он ҷумла ихтилофоти мазҳабии суннӣ ва исмоъилӣ ва ҳамчунин фишорҳои хориҷӣ беш аз пеш фузунӣ ёфт, давлатдории Сомонӣ нопойдор шуд ва яке аз сипаҳсолорони Сомонӣ дар Хуросон ба номи Сабуктекин, ки амири Ғазна (дар Афғонистони кунунӣ) буд, қабзаи қудрати Сомониёнро ба дасти худ гирифт.

Ин бунёнгузори дудмони Ғазнавиён ва падари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки аслан аз минтақаи Исиқкул дар Қирғизистони кунунӣ ва зоҳиран аз туркони қорлуқ буд, ба ривояте аз сӯи тоифаи дигаре аз туркҳо ба номи «тухсӣ» асир гирифта шуда ва дар бозори бардагон ба Сомониён фурӯхта шуда буд.

Аз нигоҳи мазҳабӣ, аксари мардум ба ислом гаравида буданд. Аммо ин бор зиддиятҳо ба даруни худи мусалмонон рахна карда буд: дар як тараф сунниҳо, дар тарафи дигар шиъаҳо (исмоъилиҳо, дувоздаҳимомиҳо ва алавиҳо) ва дар тарафи севум «хавориҷ» ва ё «хориҷиҳо», ки на аз сунниҳо пайравӣ мекарданд ва на аз шиъиён…

Ғалабаи суннатгароӣ бар хирадгароӣ

Дар се қарни нахусти ислом садҳо фақеҳ, муфассири Қуръон ва ҷамъоварикунанда ва муфассири ҳадисҳои паёмбари ислом аз Марв, Балх, Бухоро ва Самарқанд бархоста буданд. Бахши муҳимме аз онон аз арабҳои муҳоҷир буданд, аммо садҳо тан аз эронитаборони бумӣ низ дар миёни ин фақеҳон вуҷуд дошт. Маъруфтарини онон бешак фақеҳ ва мутакаллими бузург Абӯҳанифа, маъруф ба «Имоми Аъзам» (мутаваллиди ҳаштод сол пас аз ҳиҷрат), аст, ки гуфта мешавад асолатан аз Кобул буда ва ҳамчун ғулом ва «маволӣ» ба аъроби Куфа дар Ироқ фурӯхта шуда буд. Абӯҳанифа бунёнгузори мазҳаби ҳанафии тасаннун аст. Ӯ ба «раъй», яъне қазовати шахсии фарди мусалмон, аҳаммияти зиёде медод ва ба ҳамин ҷиҳат «мантиқгаро» ва «муътадил» шумурда мешуд. Бо ин ҳама, «мантиқгароии» Абӯҳанифа дар чаҳорчӯби Қуръон ва ҳадисҳои паёмбари ислом буд. Аз Абӯҳанифа ривоят аст, ки гуфтааст: «Барои истинботи аҳком, нахуст ба китоби Худои таъоло муроҷиъа мекунам, агар натавонистам аз китоби Худо ва суннати пайғамбар (с) ҳукме истинбот кунам, аз гуфтаҳои саҳоба баҳра гирифта ва бақияро раҳо менамоям ва ба қавли дигаре амал намекунам» (Сипеҳрӣ, 63). Яксад сол баъд аз Абӯҳанифа, Имом Муҳаммади Бухорӣ ва ба дунболи ӯ Абӯмнсури Мотуридии Самарқандӣ, ду тани дигар аз маъруфтарин донишмандон ва фақеҳони исломии Мовароуннаҳр ба шумор мерафтанд, ки дар дунёи ислом таъсире амиқ ба ҷо гузоштанд. Бухорӣ ва Мотуридӣ аз хонаводаҳои қадимӣ ва зартуштии Бухоро ва Самарқанд буданд. Бухорӣ ҳамчун «муҳаддис», яъне «ҳадисшинос», дар ҷамъоварии ҳадисҳои паёмбари ислом ва Мотуридӣ ҳамчун фақеҳ дар пофишорӣ бар «суннати набӣ» ва мухолифат бо мактабҳои «хирадгаро», монанди муътазила ва ё донишмандони дунявӣ шуҳрату маҳбубият ба даст оварданд. Онҳо ҳамчун фақеҳ ва мутакаллим, зимни мухолифати шадид бо ҷараёнҳои хориҷ аз суннат, монанди муътазила ва ё исмоъилия, бар он буданд, ки бояд ба ҷои илм ва фалсафаи дунявӣ танҳо ва «бидуни шакку суол» ба матни Қуръон ва ҳадисҳои паёмбари ислом такя кард (Моделунг, Доиратулмаъорифи исломӣ).

Дар адабиёти исломӣ сухане, ки аз паёмбари ислом ва ё дигар бузургони дин нақл шавад, «ҳадис» номида мешавад. Бархе аз мусалмонон худро муваззаф ба риъояти ин суханон ва ё тарзи рафтор мешуморанд. Аммо аз онҷое, ки ин «ҳадисҳо» чандин қарн пас аз зуҳури ислом ҷамъоварӣ шудаанд, дар дурустӣ ва ё лузуми пайравӣ аз онон дар зиндагии кунунӣ ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Имом Абӯҳанифа дар канори матни сареҳи Қуръон, танҳо ба дурустии шумори муъайяне аз аҳодиси набавӣ бовар дошт, дар ҳоле ки пайрави ӯ, Имом Бухорӣ, дар муддати сафарҳои худ ба Ҳиҷоз, Шом ва Ироқ ба ривояте садҳо ҳазор ҳадисро, ки дар ин муддати 200-300 сол сина ба сина нақл шуда ва дурустияш норӯшан буд, ҷамъоварӣ карда, наздик ба 7400 ҳадисро ҳамчун «саҳеҳ» мунташир намуда буд (Робсун, 1296-97). Ин мавзӯъ мавриди баҳси дигар «муҳаддисон» қарор гирифт. Аммо чи ҳафдаҳ ҳадис, чи ҳафт ҳазор ва чи даҳҳо ҳазор, натиҷаи ҳоким миёни аксари рӯҳониён ва фақеҳон ин буд, ки на халифаҳо, на имомҳо, на донишмандону файласуфони машкук ва на бединон ва муртаддон, балки танҳо ва танҳо китоби осмонӣ ва ҳадисҳои набавӣ метавонанд рафтори шахсӣ ва иҷтимоъии инсонҳоро танзим ва муъайян кунанд (Истор, 247-252). Дар давраҳои поёнии Сомониён, яъне ҳудуди якҳазору анде сол пеш, ин тарзи фикр дар пойтахти Сомонӣ, яъне Бухоро, ҳоким шуда буд.

Зиддият миёни хирадгароён ва суннатгароён рафта-рафта шадидтар гашта, дар ниҳоят ба саҳнаи сиёсат ва дарбори Сомонӣ ҳам кашида шуд.

Аз нигоҳи суннатгароёни муҳофизакор, кор бад-онҷо кашида буд, ки Берунӣ ниёз ба қибларо дар ҳангоми адои намоз мавриди шак қарор медод (Берунӣ, 329) ва Ибни Сино дар китоби худ «Қонун дар тибб» бидуни радду такфири нӯшидани шароб, ҷанбаҳои хубу бади онро тавзеҳ медод ва ё ҳатто нӯшиданшро тавсия мекард (Ибни Сино, 814). Аз нигоҳи суннатгароён, ин дигар «бединӣ» ва «иртидод» шумурда мешуд.

Шояд ҳам муҳоҷират ва дарбадар шудани Ибни Сино аз Бухоро ва Берунӣ аз Хоразм дар буҳбуҳаи заволи Сомониён, оғози «фирори мағзҳо» аз Мовароуннаҳр, нишонаи ошкори шикасти хирадгароӣ ва пирӯзии суннатгароёни мазҳабӣ буд, ки дар ниҳоят ба саркӯб ва ҳазфи ҷараёнҳои фикрӣ, фалсафӣ ва динии ғайри суннатгаро дар Мовароуннаҳр анҷомид.

Се қарн пас аз хилофати Ҳорунаррашид (786м) ва оғози «давраи тилоии» Мовароуннаҳр ва олами ислом, ин давра бо ғалабаи суннатгароён ва рӯҳониюни бонуфуз бар аҳли хирад ва дониши ғайридинӣ поён ёфт. Яке аз фаъолтарину бонуфузтарини рӯҳониюни суннатгаро, ки парчами мубориза бо фалсафа ва дониши муъосирро барафрошт, фақеҳ ва мутафаккири бузург Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ аз Тӯси Хуросон буд. Ғаззолӣ дар замони Салҷуқиён дар мадрасаи “Низомияи” Бағдод, ки аз сӯи вазири маъруф ва эронии Салҷуқиён, Низомулмулк, таъсис ёфта буд, машҳуртарин ва бонуфузтарин шахсияти мазҳабӣ ба шумор мерафт, ки ҳар сол даҳҳо рӯҳониро тарбият карда, ба вилоятҳои мухталиф мефиристод. Ӯ бо ҳаргуна тафаккури ғайридинӣ ва аз он ҷумла кору осори донишмандоне чун Форобӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Ибни Сино ва файласуфони шарқӣ ва мусалмон, ки таҳти таъсири илм ва фалсафаи юнонӣ буданд, мухолифате ошкору оташин карда, онҳоро такфир менамуд ва аз ҷумла дар асари худ «Ал-мунқиз мин-аз-залол», яъне «Раҳоиёфта аз гумроҳӣ», менавишт: «Боистӣ мутолеъаи китобҳои онҳо таҳрим шавад. Ҳамонгуна, ки шиногарони ноширо бояд аз гирдобҳо ва ғарқобҳои рӯдҳо ва дарёҳо муроқибат ва муҳофизат кард, боистӣ мардумро аз мутолеъаи китобҳои онон ва хатароти он ҳиросат намуд ва ҳамонгуна, ки кӯдаконро бояд аз бозӣ бо мор боздошт, гӯшҳоро бояд аз шунидани он суханони мухталит ва даромехта дур нигаҳ дошт» (Ғаззолӣ, 60).

Ҳузур ва таблиғоти гурӯҳҳои дигари мазҳабӣ ва бахусус шиъиёни исмоъилӣ ва дувоздаҳимомӣ ва ҳамчунин «хориҷиҳо» дар Мовароуннаҳр чизи ҷадиде набуд. Аммо дар авохири Сомониён фаъолияти онҳо бештару шадидтар гашт, то ҷое ки ҳокимини бархе шаҳрҳо, монанди Нишобур, ва дастандаркорони дарбори Бухоро, монанди дабири девон, фармондеҳи турк Ойтош, ва ҳатто эҳтимолан худи Амир Насри Дувум ба сӯи афкори шиъаи исмоъилия тамоюл ёфта буданд (Истор, 244, Неъматов, 101).

Ҳамин вазъ, дар шароити кашокашҳои хонаводагӣ миёни худи Сомониён ва нотавониҳои шахсии амироне Сомонӣ, аз сӯе, ва афзоиши рӯзафзуни сипоҳиёни турк, аз сӯи дигар, боъиси шӯриши аксари рӯҳониюни бонуфузи суннӣ ва ҳимояти сарбозону нигаҳбонони турки ҳукумат ва дарбор аз онон шуд. Натиҷаи ин кашокаш ва шӯриш, аз нигоҳи сиёсӣ, суқути ниҳоии Сомониён ва дар заминаи динӣ ва фалсафӣ бозгашти бунёдгароии суннӣ ба унвони мазҳаби ҳоким ва давлатӣ буд, ки мактабҳо ва андешаҳои дигарро на танҳо рад, балки такфиру тард менамуд.

Давлати Сомонӣ дар ҳоли фурӯпошӣ қарор дошт. На мардуми эронизабони бумӣ ва на туркҳои минтақа аз он пуштибонӣ мекарданд ва на ҳатто фармондеҳони турки дарбори Бухоро.

6. Сомониёни эронӣ мераванд, туркҳои қарохонӣ ва ғазнавӣ меоянд

Аз нигоҳи расмӣ, амирони сомонӣ намояндаҳои халифаи Бағдод дар Хуросон ва Мувароуннаҳр буданд, аммо мустақил аз халифа амал мекарданд. Ба ҳамин тартиб ҳокимини шаҳрҳо ва вилоятҳои Мовароуннаҳр низ аз нигоҳи расмӣ баргузидагон ва намояндагони Сомониён буданд. Аммо дар амал онҳо низ мустақил аз амирони сомонӣ ҳукм меронданд ва бахусус ҳар бор, ки давлати марказӣ заъиф мешуд, ҳокимон ва шоҳони маҳаллӣ ва бавижа фармондорони вилоятҳои марзӣ (мулуки атроф), ки маъмулан аз дудмонҳои қадимии марзбонҳои сосонӣ буданд, рӯ ба шӯриш мениҳоданд.

Дар Хуросону Мовароуннаҳр низ ҳамонанди боқимонда сарзаминҳои хилофати Аббосӣ, рафта-рафта теъдоди ғуломони турк, ки нақши муҳимме ҳамчун фармондеҳ ва ҳатто ҳокиму сипаҳсолорро бозӣ мекарданд, афзоиш меёфт. Пас аз муддате онҳо ба тасмимҳои амирони сомонӣ мудохила мекарданд ва ё ҳатто ба ҷои онҳо тасмим мегирифтанд, то ҷое ки ба гуфтаи Фрой аз давраи амир Абдулмалик (954м) ба баъд амирони сомонӣ ҳама мутеъ ва бозичаи фармондеҳони турк буданд (Фрой 1993, 204). Аз миёни ин фармондеҳони наврасида, бахусус Олптагин, фармондеҳи қудратманд ва бонуфузе буд, ки бо овардани фишор бар амири сомонӣ ҳукумати Хуросонро аз они худ кард.

Пас аз амир Абдулмалик фармондеҳони турк дар мавриди таъйини ҷонишини амир миёни худ ба кашокаш пардохтанд. Олптагин, ки мехост барои кунтрули комили давлати Сомонӣ ба ҷои валиъаҳд Мансури Сомонӣ, бародари кӯчаки Мансур, яъне Наср, ҷои ӯро бигирад, ин рақобатро бохт ва аз маркази Хуросон, яъне Нишобур ба Ғазна дар Афғонистони кунунӣ рафт ва дар онҷо эълони истиқлол намуд. Ин ибтидои поёни Сомониён ва оғози баромадани дудмони Ғазнавиён дар Хуросон ба шумор меравад.

Пас аз марги Олптагин як фармондеҳи дигари турки дарбори Сомонӣ ба номи Буритагин ва ба дунболи ӯ яке аз ғуломони худи Олптагин ба номи Сабуктагин ва фарзанди пуртаҳарруку бераҳмаш Маҳмуди Ғазнавӣ дар садри давлати Ғазнавиён бар Хуросон ва бахшҳои дигаре аз Эрон ва ҳатто шимоли Ҳиндустон ҳукм меронд. Аммо Мовароуннаҳр, махсусан Суғд, Тошканд ва Фарғона зоҳиран мавриди таваҷҷуҳи чандони Ғазнавиён набуд. Туркҳои қарохонӣ, ки дар он сӯи Сирдарё, дар Балосоғун ва Кошғар давлати худро таъсис карда буданд, низ мехостанд аз Сирдарё гузашта, халои қудрат дар Мовароуннаҳрро, ки бо заволи Сомониён эҷод шуда буд, пур кунанд. Онҳо пас аз ҷанг ва сипас музокира бо Ғазнавиён Мовароуннаҳрро ба сарзамини бузурги худ илова намуданд ва Омударё марзи миёни давлати Ғазнавии Хуросон ва давлати Қарохонии Мовароуннаҳр шуд.

Қарохониён дар Бухоро

Тоифаҳое, ки давлати қабилаии Қарохониёнро ташкил доданд, турктабор ва туркизабон буданд. “Қарохонӣ» номи эл ва тоифаи бахусусе набудааст ва Маҳмуди Кошғарӣ, аз донишмандони давраи Қарохониён низ, ки ба гуфтаи худаш, аксари қабоилу ақвоми турки он давраро мешинохта ва дар «Девони луғот-ит-турк» муъаррифӣ карда, танҳо мегӯяд, ки “ҳокимони қарохонӣ «қоро» (қаро) номида мешаванд, монанди «Буғроқоро (қаро)-хон» (Гулден 1990, 357-358). Бо ин тартиб қоро/қаро ба ғайр аз маънии кунунии «сиёҳ» маънии раис ва раҳбар ҳам медодааст, ки бо ин тартиб «Қарохон» баъдҳо бояд ба маънии «хони хонҳо» ва ё «элакхон/хоқон» роиҷ шуда бошад. Муаррихини исломӣ ба ин силсила номҳои Хоқония, Қарохониён, Элакхониён, Элигхониён ва ё ҳатто Оли Афросиёб додаанд. Мавзӯъи Оли Афросиёб номидани Қарохониён ва умуман туркон ва «Турон» номидани сарзамини ононро, ки ба назари аксари донишмандони муъосир иштибоҳе торихӣ аст, ки ба хотири шабоҳати номҳои Тур/ Турон/Турк в Эр/Эрон пеш омада ва бахусус бо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ роиҷ шуда, дар навиштаи дигаре ба номи «Эрон ва Турон» (Ҷаводӣ 1394, 16-12) рӯшан кардаем.

Бо ин тартиб, зоҳиран «қарохонӣ» на номи бахусуси як қавми турк, балки номи давлате будааст, ки раҳбаронашон «Қарохон» номида мешуданд. Қавмияти раҳбарони ин давлат аз ақвоми мухталифи турки он давра ва ба назари Гулден (ҳамон ҷо) эҳтимолан қабилаҳои турки қорлуқ, яғмо, чигил ва тухсӣ аз даштҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Муғулистони кунунӣ будааст, ки дертар ба ҷанубу ғарб ҳуҷум карда, Фарғона, Тошканд, Самарқанд ва Бухороро низ барои муддате ба давлати худ афзудаанд.

Ончиро ки дар бахшҳои пешин дар бораи ташкил ва сипас фурӯпошии давлати туркҳои «Гуктурк» дар соли 581-и мелодӣ ва ба дунболи он фурӯпошии “давлати туркҳои ғарбӣ” ба дасти уйғурҳо дар соли 744-и мелодӣ гуфтем, ба ёд биёварем. Дар онҷо гуфта будем, ки бо шикасти ниҳоии “туркҳои ғарбӣ” ва боқимондаи он, яъне давлати “Тургеш”, мавҷи муҳоҷирати қабилаҳои рангоранги турк ба сӯи Ғарб (Урупо) ва ҷануб ва аз он ҷумла Мовароуннаҳру Эрон оғоз шуд. Ин тақрибан шаст-ҳафтод сол пеш аз таъсиси давлати Сомониён дар Мовароуннаҳр буд.

Қаймиқҳо дар ғарби Сибрӣ, қипчоқҳо ва ҳамчунин печенкҳо ва хазарҳо дар шимоли дарёи Хазар, булғорҳои Вулго дар ғарби Осиё, қирғизҳо дар шимолу шарқи Мовароуннаҳр ва қорлуқҳо ва ҳамчунин уғузҳо, ки эҳтимолан бахше аз боқимондаи туркҳои ғарбӣ буданд, дар имтидоди Сирдарё то дарёчаи Орол ва дарёи Хазар дар ҳоли кӯч ва набард бо ҳамдигар ва дастандозӣ ба ҳамсояшон буданд. Зоҳиран дар ҳамин марҳила (ҳудудан соли 745м) аст, ки қорлуқҳо ба ҷанубу шарқи Қазоқистон кӯч мекунанд ва уғузҳоро, ки қаблан аз кӯҳистонҳои ғарбии Олтой ба ин сарзамин омада буданд, ба сарзаминҳои ғарбитар, яъне ҳавзаи Сирдарё, ҷануб-шарқи дарёи Хазар ва шимоли Хоразм меронанд.

Қорлуқҳо ва уғузҳо ба марзҳои шарқии Мовароуннаҳр, яъне шимол-шарқии дунёи Ислом, расида буданд.

Дар ин давра буд, ки бунёнгузори дудмони Қарохониён (992-1212), Сотуқ Буғрохон, ба ислом мегаравад ва ба гуфтаи торихнависи араб, Ибни Асир, “туркҳои дивист ҳазор чодар ислом меоваранд” (Гулден ба нақл аз Ибни Асир 2011, 70). Табиъатан маълум нест, ки ин рақам чи қадр дуруст аст. Бо ин ҳама, медонем, ки ҳангоме ки хон, яъне раиси як қабилаи турк, ба ислом мегаравид, ҳама туркҳои чодарнишине, ки тобеъи ӯ буданд, низ мусалмон мешуданд. Аммо табиъатан онҳо то муддатҳо баъд бисёре аз одатҳо ва боварҳои пешини худро, ки марбут ба ойини шаманбоварӣ ва ё будоӣ буд, муҳофиза менамуданд.

Суқути парҳезнопазири Сомониён муҳраи кӯчаке буд, ки ин раванди тӯлонӣ ва печидаи торихи минтақаро ба ҳаракат даровард.

Туркҳо дар ду сӯи Омударё

Дар соли 995-и мелодӣ Қарохониён вориди Бухоро шуда, амири Сомониро аз ҳукумат барканор намуданд. Ба гуфтаи торихнависон, гузори қудрат аз Сомониён ба Қарохониён бидуни ҷангу хунрезӣ рух дода ва ҳатто Насри Элик, «қоғон, қоон» (ба арабӣ хоқон)-и қарохонӣ, ки ба Ислом гаравида буд, гуфтааст, ки ҳамчун «дӯст ва ҳамкеши» Сомониён ба Бухоро рафта, қудратро тасарруф кардааст. Воқеъан ҳам, ҳангоме ки Қарохониёни суннӣ ва мусалмон вориди шаҳрҳои Мовароуннаҳр шуданд, бо ҳеч муқовимате рӯбарӯ нагаштанд. Амири Сомонӣ, Абдулмалик, кӯшише нишон дод, то мардумро бар зидди Қарохониён бишӯронад, аммо бо бетафовутии мардум рӯбарӯ шуд. Ҳатто уламои бонуфузи Бухоро ба мардум тавсия карданд, ки «Қарохониён низ мусалмонони муъмин ва суннӣ ҳастанд ва иншоаллоҳ лоиқи ҳукумат мебошанд» (Гулден 1990, 360). Даҳ сол баъд охирин «амири» беқудрати сомонӣ, Исмоъили дувум, кӯшише дигар барои гирифтани ёрӣ аз туркҳо ва бозгашт ба тахту дарбори худ дар Бухоро намуд, аммо маваффақ нашуд ва қудрати давлатӣ расман ба дасти Қарохониёни турк гузашт.

Тибки суннати дерини туркӣ, ҳокимони қарохонӣ сарзамини паҳновареро, ки бар он ҳукм меронданд, моли шахсии «тоифаи ҳокими» худ мешумурданд ва давлатро ба ду «ҷиноҳ» тақсим карда буданд: як ҷиноҳ тобеъи як «хоқони бузург», ки бар ҳамаи хонҳои дигар ҳукмронӣ мекард ва ҷиноҳи дигар таҳти ҳокимияти як хоқони дувум. Онҳо низ хонҳои зердасту кӯчактари худро доштанд, ки давлатро миёни ҳамдигар тақсим карда буданд (Гулден 2011, 70).

Амири ҷиноҳи ғарбии давлати Қарохониён Иброҳими Тамқоч Буғрохон, ҳам ба сахтгирӣ ва ҳам ба инсоф ва таъмини амният маъруф буд. Ривоят аст, ки рӯзе дуздон бар сари дари қасри Иброҳим дар Бухоро навишта буданд: «Мо монанди пиёз ҳастем. Ҳар қадр моро бибуред, бештар мешавем.» Мегӯянд Иброҳим пас аз дидани ин шиъор дар посух ба дуздон зери ҳамон шиъор чунин навишт: «Ман ҳам ҳамонанди як боғбон дар инҷо истодаам. Шумо ҳар қадр ки бештар шавед, ҳамон қадр шуморо решакан хоҳам намуд.» (Бортулд 312).

Дар давраи Қарохониён иқтисод ва кишоварзӣ ҳамонанди даврони Сомониён боқӣ монд. Қарохониён низ монанди пешиниёни сомонии худ, тиҷорат аз Роҳи Абрешимро ташвиқ намуданд.

Тӯдаи аслии табаъаи Қарохониён ва ҳатто ашрофи ҳокими қарохонӣ низ аксаран кӯчнишин ва ё нимакӯч буданд (Гулден 2001, 71). Аммо бар хилофи уғузҳо ва аксари қабоили дигари турк, қишри ҳокими Қарохониён зимни наздикӣ ва ҳамкорӣ бо суғдиён дар тиҷорати Роҳи Абрешим якҷонишин ва «шаҳрӣ» шуда буданд. Оно таҳти таъсири ислом ва фарҳанги эронии Сомониён қарор доштанд, аммо дар айни ҳол фарҳангу забони туркиро низ ташвиқ мекарданд.

Давлатҳои дигар, монанди Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиёни турк, ки пас аз Сомониён дар ин минтақа бар сари кор омаданд, фарҳанги эронӣ-исломиро ривоҷ доданд, дар ҳоле ки Қарохониён нахустин давлати турки мусалмон ва ҳамчунин оғозгари як фарҳанги «туркӣ-исломӣ» буданд.

Нахустин китобҳои туркӣ низ дар ин давра интишор ёфт. Аз он ҷумла аст насиҳатномаи манзуми «Қутодқу билиг» (ба маънои дониши саъодатбахш) аз қарни ёздаҳум, ки нахустин китоби туркии давраи исломӣ шумурда мешавад, ки иборат аз насоеҳ ва дарсҳои ахлоқӣ барои хоқонҳои турк аст. Асари дувум, донишномаи маъруфи «Девони луғот-ит-турк» ба қалами Маҳмуди Кошғарӣ, аз ҳамон давра аст, ки ба арабӣ навишта шуда, аммо тоифаҳои турк, торихи мухтасар ва фарҳангу забони онон ва тиккашеърҳои мардуми ва масалҳои ононро ба тасвир кашидааст. Аз нигоҳи худогоҳии фарҳангӣ ва ҳувийятии туркон, ин ду асар, бахусус дар шароити ҳокимияти мутлақи забону фарҳанги арабӣ ва форсии он даврон аҳаммияти бузурге ёфтаанд (Донкук 73-80). Дар бораи забони туркии осори давраи Хоқониён дертар суҳбат хоҳем кард.

Баръакси Хуросони давраи ҳуҷумҳои Салҷуқиёни уғуз дар панҷоҳ-шаст сол баъд, дар давраи Қарохониён ҳеч нишонае дар Мовароуннаҳр доир бар он нест, ки заминҳои кишоварзӣ табдил ба чарогоҳҳои туркони чодарнишин шуда бошад. Аммо дар натиҷаи ҳукумати Қарохониён, «деҳқонони» эронӣ ва бумӣ, яъне ашрофи заминдор мавқеъият ва вазнаи иқтисодӣ ва иҷтимоъии худро аз даст дода, ба «рустоии» туҳидаст табдил шуданд. Аз он мавқеъ ба баъд дар забони форсии Эрон ва Тоҷикистон «деҳқон» ва ё «деҳгон» номест, ки на ба ашрофи заминдор, балки сирфан ба деҳотӣ ва рустоӣ дода шудааст (Гулден 2011, 71).

Пеш аз ислом занони якҷонишини Мовароуннаҳр дар шаҳрҳо озодии нисбии ҳаракат дар берун аз хона доштанд ва ин дар мавриди занони туркҳои даштнишин ҳам сидқ мекард. Аммо пас аз ислом, занони якҷонишини ҳарду гурӯҳ дар хонаҳои худ монданд ва танҳо бо чодар ва рӯбанд ва дар ҳамроҳии мардон тавонистанд ба берун аз хона бираванд, дар ҳоле ки занони чодарнишин ва ҳатто занони рустоии якҷонишин озодтар аз занони шаҳрҳо буданд.

Аммо ба ҳар ҳол «Қарохониён дар саросари давраи истилояшон бар Мовароуннаҳр ба сурати иттиҳодияи қабилаӣ боқӣ монданд ва ҳаргиз давлате муттаҳиду якпорча ташкил надоданд» (Босвурт 1381, 19).

Бо вуҷуди ин ки ин давлат ба ду бахш бо ду хоқон тақсим шуда буд ва сарзамини ҳар кадом аз ин хоқонҳо ҳам аз сӯи хонҳои кӯчактар идора мешуд, дар даҳаҳои нахусти қарни ёздаҳум ихтилофоти хунин миёни худи давлатдорони қарохонӣ даруфтод. Қарохониён барои таъсиси сохтмонҳои умумӣ, монанди масҷидҳо, корвонсароҳо ва ҳаммомҳо, маболиғи зиёде сарф намуданд. Бо ин ҳама, давлатдории қарохонӣ чунон заъиф шуда буд, ки уламои исломӣ, бахусус дар шаҳру вилояти Бухоро, ба мухолифати ошкор бо онон бархоста буданд ва ҳатто онҳоро муттаҳам ба «бединӣ» ва «куфр» мекарданд, аммо зӯри Қарохониён ба уламои исломӣ намерасид (Гулден, ҳамонҷо).

Дар солҳои поёнии қарни ёздаҳум Қарохониён ба ҳокимияти Салҷуқиён даромаданд ва бо заволи Салҷуқиён, ақвоми туркҳои шарқӣ ба номи «Қорохатой» бар Мовароуннаҳр ҳоким шуданд, то ин ки Хоразмшоҳиёни турк ононро низ ақаб зада, Мовароуннаҳрро ба даст оварданд.

(Ин вазъи бахши шимолу шарқии давлати қаблии Сомониён, яъне Мовароуннаҳр, буд. Мобақии давлати Сомониён, аз ҷумла Хуросон, Афғонистони кунунӣ ва шимоли Ҳиндустонро, Ғазнавиён гирифта буданд. Дар бахши баъдӣ ба фарозу фурӯди Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва билахира ҳамлаҳои муғул ишора хоҳем кард.)

(Идома дорад)

Mанбаъҳо

Abetekov, A. and Yusupov, H.: Ancient Iranian Nomads in Western Central Asia, in: Harmatta, Janos (1994): History of Civilizations of Central Asia, Vol. II, UN Publishing, Paris

Anthony, David W. (2007). The Horse The Wheel And Language. How Bronze-Age Riders From the Eurasian Steppes Shaped The Modern World. Princeton University Press

Asimov, M. S. and Bosworth, C. E. (eds.) (1998): History of Civilizations of Central Asia, Vol. IV, UN Publishing, Paris

Avicenna (ibn-Sina, Abu Ali): A Treatise on the Canon of Medicine (original Arabic: al-Qanun fi-l Tibb,) around 1025-1037, English translation, London 1930, Reprint New York 1973

Barthold, Wassili (1928): Turkestan down to the Mongols, («E. J. W. Gibb Memorial» Series, n.s. v.), chap. II, pp. 182-322, «Central Asia down to the Twelfth Century»

al-Biruni, Aby Reyhan: A Chronology of Ancient Nations (English translation,) London 1886

Boeschoten, Hendrik: The Speakers of Turkic Languages, in: Johanson, Lars and Agnes Csato, Eva (eds.) (1998): The Turkic Languages, New York

Bolshakov, O. G.: Central Asia under the Early Abbasids, in: M. S. Asimov and C. E. Bosworth (eds.): History of Civilisations of Central Asia, Vol. 4, Part 2, UNESCO 1998

Bosworth, C. Edmund (2007a): The Turks in the Islamic Lands up to the Mid 11th Century, in: Bosworth, C. Edmund (ed.): The Turks in the Early Islamic World, Burlington, VT, USA

Bosworth, C. Edmund (2007b): Barbarian Incursions: the Coming of the Turks into the Islamic World, in: Bosworth, C. Edmund (ed.): The Turks in the Early Islamic World, Burlington, VT, USA

Bosworth, C. Edmund: The Appearance of the Arabs in Central Asia under the Umayyads and the Establishment of Islam, in: Asimov, M. S. and Bosworth, C. E. (1998): The History of Central Asian Civilizations, Vol. IV, Part one, UNESCO Publishing

Brice, W. C. (1955): The Turkish Colonization of Anatolia; in: Bulletin of the John Rylands Library, 38:1, pp. 18-44, London, p. 41

Cahen, Claude: Pre-Ottoman Turkey (1968): a general survey of the material and spiritual culture and history, trans. J. Jones-Williams, New York

Frye, Richard N. (1993): The Golden Age of Persia, London

Frye, Richard N. (2015): The Heritage of Persia, London

Frye, Richard N. (2018).: History of Persian Language in the East, PDF from R. Frye’s personal website, viewed January 20, 2018

al-Ghazali, Abu-Hamid Mohammad: The Incoherence of the Philosophers, translated by Michael E. Marmura, Provo, Utah, USA (2000)

Gibb, H. A. R. (1923): The Arab Conquests in Central Asia, London

Golden, Peter B.: Karakhanids and Early Islam, in: Sinor, Denis (ed.) (1990): The Cambridge History of Early Inner Asia, Cambridge University Press, pp. 343-370

Golden, Peter B. (1992a): An Introduction to the History of the Turkic Peoples, Harrassowitz, Wiesbaden

Golden, Peter B. (1992b): The Turkic Peoples: A Historical Sketch, in: Johanson, Lars and Csato, Eva A.: The Turkic Languages, Routledge, London and New York, 1998

Golden, Peter B. (2011): Central Asia World History, Oxford University Press

Grenet, Frantz and De la Vaissiere, Etienne (2002): The Last Days of Panjikent, in: Silk Road Art and Archaeology, vol. 8

Harmatta, Janos (ed.) (1994): History of Civilizations of Central Asia, Vol. II, UN Publishing, Paris

Kennedy, Hugh (2007): The Great Arab Conquests, Da Capo Press, USA

Madelung, W. (1990): “al-Māturīdī”, in: Encyclopaedia of Islam, Second Edition, Edited by: P. Bearman, e.a., 846-47

Morgenstierne, Georg Valentin (2011): “AFGHANISTAN vi. Paṣ̌tō,” in: Encyclopaedia Iranica, Online Edition, 1982, viewed on Sep 6, 2018

Negmatov, Nugman N.: The Samanid State, in: Asimov, M. S. and Bosworth, C. E. (eds.) (1998): History of Civilizations of Central Asia, Vol. IV, UN Publishing

Ocak, Ahmet Yaşar (2011): Ortaçağlar Anadolu’sunda İslam’ın Ayak İzleri, Selçuklu Dönemi, İstanbul

Osman S. A. Ismail, in: Bosworth, C. E. (ed.) (2007): The Turks in the Early Islamic World, Burlington, VT, USA

Patts, D. T.: Nomadism in Iran (2014): From Antiquity to the Modern Era, Oxford University Press

Pritsak, Omeljan: Titles and Tribal Names amongst the Altaic Peoples, in: Bosworth, C. E. (ed.) (2007): The Turks in the Early Islamic World, Burlington, VT, USA

Robson, J.: al-Bukhari, in: Encyclopaedia of Islam, 2. Edition, vol. 1, Brill, Leiden 1960

Roux, Jean-Paul (2000): Histoire des Turcs: Deux milles rin Tarihi: Pasifik’ten Akdeniz’e, İstanbul

Scharlipp, Wolfgang-Ekkehard (1992): Die frühen Türken in Zentralasien: Eine Einführung in ihre Geschichte und Kultur, Darmstadt

Sinor, Denis (ed.) (1990): The Cambridge History of Early Inner Asia, Cambridge University Press

Starr, S. Frederick (2013): Lost Enlightenment. Central Asia’s Golden Age from the Arab Conquest to Tamerlane, Princeton University Press

Sykes, P. E. (1915): A History of Iran, London

Windfuhr, Gernot: 2. Dialectology and Topics, in: Windfuhr, Gernot (2009): The Iranian Languages, Routledge, Oxon, UK and New York, NY

ابن الاثیر، عزالدین علی: الکامل فی التاریخ، جلد نهم، ترجمه حمید رضا آژیر، تهران 1381

اشپولر، برتولد: تاریخ ایران در قرون نخستین اسلام، ج دوم 1372

ابن خرداذبه، عبدالله: المسالک و الممالک، چاپ لیدن، 1889

باسورث، ک ا.: تاریخ سیاسی و دودمانی ایران (490-614 هجری/1000-1217 میلادی)، در: تاریخ ایران (تاریخ کمبریج ایران)، جلد پنجم، از آمدن سلجوقیان تا فروپاشی دولت ایلخانیان، پژوهش دانشگاه کمبریج، ترجمه حسن انوشه، تهران 1381

جوادی، عباس (1394): ایران و آذربایجان در بستر تاریخ و زبان

سپهری، فریدون: پژوهشی در باره امامان اهل سنت، تهران 1380

طبری، محمد بن جریر: تاریخ طبری (اصل عربی کتاب از اواخر سده سوم هجری،) ترجمه فارسی ابوالقاسم پاینده، جلد نهم، تهران 1352

غزالی، حامد بن محمد: اعترافات غزالی، ترجمه کتاب المنقذ من الضلال، ترجمه زین الدین کیایی نژاد، تهران 1338

گردیزی، عبدالحی: زین الاخبار، تهران 1363

نرشخی، ابوبکر محمد: تاریخ بخارا، تهران 1387

ابی یعقوب، احمد: تاریخ یعقوبی، ترجمه محمد ابراهیم آیتی، تهران 1342


(In Tajiki, from RFE/RL Tajik Service website, Feb 12, 2019)